Ҳайати Тоҷикистон доираҳои соҳибкории Туркияро ба ҳамкорӣ даъват намуд
ДУШАНБЕ, 26.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. 25 ноябр ҳайати Тоҷикистон, ки дар шаҳри Истанбул ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи 37-уми Кумитаи доимамалкунанда оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷоратии Созмони ҳамкории исломӣ (COMCEC) қарор дорад, бо ширкатҳои туркӣ дар шакли «В2G» (тиҷорат бо ҳукумат) вохӯрӣ анҷом дод. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар ҷамъомад беш аз 35 ширкати туркии дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, телекоммуникатсия, тандурустӣ ва дорусозӣ фаъолияткунанда ширкат варзиданд. Ҷонибҳо барои дарёфти роҳҳои нави густариши ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ табодули афкор намуданд.
Дар вохӯрӣ муовини Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Шараф Шерализода, муовини Вазири молия Юсуф Маҷидӣ, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия Ашрафҷон Гулов, муовини котиби Генералии ДЕИК Дилек Туна ва Раиси Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Туркияи назди DEIK Ҷаҳонгир Саатчиоглу иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки ҳамоиш бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия дар ҳамкорӣ бо Шӯрои ҳамкориҳои иқтисоди хориҷии Туркия (DEIK) ташкил шуда буд.
АКС: ВКХ ҶТ








Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии об дар Ню-Йорк иштирок намуд
Дар Сеул китоби «Анъанаҳои Наврӯз дар масири Шоҳроҳи абрешим» рӯнамоӣ гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд
Дар Донишгоҳи Ҳирошима Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо сохтори СММ оид ба масоили коҳиши офатҳои табиӣ баррасӣ гардид






