Барно Саидвализода, сардори Хадамоти иҷро: Конститутсия дар кори давлатдорӣ муҳимтарин ва умдатарин ҳуҷҷат аст

Ноябрь 5, 2021 13:50

ДУШАНБЕ, 05.11.2021. /АМИТ «Ховар»/. Дар тўли 30 соли соҳибистиқлолӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон собит намуд, ки ифодагари манфиатҳои мардум буда, орзуву ормони сокинони кишварро инъикос менамояд ва барои волоияти қонун, пойдории ҳамешагии сулҳу субот ва ваҳдати комили миллӣ нақши муҳим мебозад,-мегӯяд сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илми ҳуқуқшиносӣ Барно Саидвализода.

Дар зер андешаҳои пурраи мавсуф манзури хонандагон мегарданд.

-Имсол дар таърихи миллати шарафманди тоҷик соли хотирмон буд, зеро дар фазои сулҳу суботу оромиш ҷашни бузурги миллӣ, яъне 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии ҷумҳурии азизамон бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид. Бахшида ба ин санаи фархунда дар пойтахт ва марказҳои маъмурии шаҳру навоҳӣ ва вилоятҳо садҳо иншооти ҷашнии таъйиноти гуногун ба истифода дода шуда, дар баробари ин садҳо ҷойи кории нав таъсис ёфт ва бад-ин васила сатҳи бекорӣ, ки ҳамеша зери назари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, ба таври назаррас коҳиш дода шуд.

Ин дастоварди бузург ба шарофати кӯшишу талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳукмфармо будани сулҳу субот дар ҷомеа муяссар гардид. Тинҷию оромӣ кафолати аввалиндараҷаи рушду густариш барои ҳар давлат маҳсуб меёбад. Миллати тоҷик неъмати басо бузург будани тинҷию оромию сулҳу суботро беш аз дигарон дарк мекунад, зеро бадбахтии ибтидои солҳои 90-уми қарни гузашта рухдода ҳанӯз аз ёдҳо нарафтааст ва онро мардум фоҷиаи миллӣ арзёбӣ намуда, бо истифода аз тамоми имконоти мавҷуда саъй мекунанд, ки ба такрор ёфтани он роҳ надиҳанд.

Ибтидои солҳои 90-уми қарни гузашта бо аз ҳам пошидани давлати шӯравӣ ва ҷумҳуриҳои он Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибистиқлолии худро ба ҷаҳониён эълон намуд. Орзуи ҳазорсолаи халқи тоҷик ҷомаи амал пӯшид. Нишоту сурури мардуми озодихоҳро интиҳо набуд. Аммо ин ҳолати нишотовар дер давом накард. Бадхоҳони миллати мо нагузоштанд, ки аз ин неъмати бузург баҳри ободии кишвар истифода намоем ва бо ҷалби афроди ноогоҳ аз дохил, ки манофеи хешро бар манофеи миллӣ тарҷеҳ медоданд, дар ваҳдати миллати мо рахна ворид сохта, дар ниҳоят онро ба гирдоби ҷанги таҳмилӣ кашиданд. Бо эҷоди ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ барои миллати тоҷик ҳолатеро пеш оварданд, ки дар ибтидои асри ХХ бо он рӯбарӯ омада буд: ҳастии миллат ва якпорчагии ҳудуди кишварро хатари нестӣ ва қисмат шудан ба пораҳо таҳдид мекард. Муқовимати мусаллаҳона оғоз ёфт. Дар муддати кӯтоҳ оташи ҷанг аланга гирифта, саросари кишварро фаро гирифт. Беҳуда нагуфтаанд, ки “оташ аланга зад, тару хушк баробар месӯзанд”.

Вазъи ноороми дохилӣ боиси аз фаъолият бозмондани ниҳодҳои давлатӣ, беҳокимиятӣ, хонавайронӣ, муҳоҷират, ҳалокати одамон, камбудии ғизо, авҷ гирифтани бемориҳо ва ба саргардонию сарсониҳо афтодани мардум гардид. Халқе, ки ба исботи таърих замоне тамаддунсоз ва ҳодии мардум ба сӯйи саодату хушбахтӣ буд, дар вартаи ҷаҳолату  бешафқатӣ афтод ва ниёз ба фарде дошт, ки дасти ёрӣ ба сӯяш дароз намояду ўро аз доми ҳалокат наҷот диҳад. Танҳо фарде метавонист ин масъулиятро бар дӯши худ бигирад, ки ӯ дар баробари доштани ҷасорату шуҷоат ҳамчунин сарсупурдаю ҷонфидои миллат бошад. Дар он шабу рӯз, ки дар ҳалли ҳама масоил силоҳ ҳокими мутлақ буд, на ҳар кас ҷасорати бар дӯш гирифтани зимоми давлатдориро дошт. Ағлаби сиёсатмадорони давр саъй мекарданд худро канор бигиранд. Дар ҳамин давраи барои миллат бисёр ҳассосу сарнавиштсоз ба майдони сиёсат марди далеру ҷасур, ҳақиқатпарвар, дилсӯз ва ҷонфидои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омаданд, ки мардуми азиятдида дар суроғаш буд. Аз нахустрӯзи омаданаш ба паси минбари Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардид, мардуми кишвар дар симои ӯ наҷотбахши худро дид. Дар дили ғамзадаи миллионҳо сокини сарзамини аҷдодӣ шамъи умед ба ояндаи нек фурӯзон гардид. Бо итминон умед бар он бастанд, ки ин марди ҷасур ва ҷонфидои миллат ба тағйири авзои ногувори ҳукмфармо қодир аст ва мусаллам аст, ки хато накарданд.

Ў замоне зимоми давлатдориро бар дӯш гирифт, ки кишвар хонаи оташгирифтаро мемонд ва агар дар дидани тадобири муҳиму зарур андаке таъхир мешуд, барои ҳамеша маҳву нобуд мегардид. Аз коми оташ берун овардани Ватан, ки хонаи умеди кулли тоҷикони ҷаҳон аст, кори саҳлу осон набуд ва дар сурате муяссар мегардид, ки ба ҷанг хотима дода шавад. Хотима додани ҷанг бо ба мувофиқа овардани тарафҳо ва аз даст гузоштани силоҳу бахшидани гуноҳи якдигар муяссар мегардид. Ба болои ин бадхоҳони миллати мо, ки онҳоро қувваи сеюм мехонданд, ба ҳар васила саъй мекарданд, ки ба оташи ҷанги шаҳрвандӣ аланга бирезанду сулҳро ғайримумкин гардонанд. Роҳбари нави тоҷикон, Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ҳамаро хуб дарк мекарданд ва хуб медонистанд, ки пояҳои давлатдорӣ аз ҳам рехтаанд, сохторҳои умдаи давлат фалаҷ гардидаанд, беҳокимиятӣ ҳукмфармост, артиш вуҷуд надорад, мақомоти қудратӣ аз фаъолият бозмондаанд, хазинаи давлат холист, аз дохилу  берун таҳдиду хатар сар хоҳад зад, аммо тақдиру сарнавишти миллатро аз ҳама, ҳатто аз ҳифзи ҷони худ боло гузоштанд ва барои наҷоти миллати дар гирдоби пурталотуми дарёи нестӣ афтодаи хеш камари ҳиммат бастанд.

Аз минбари баланди ҷаласаи таърихии XVI Шӯрои Олӣ ба халқи азизи худ муроҷиат намуда, бо итминон эълон доштанд, ки барояшон  сулҳро ба армуғон меорад ва саъй бар он хоҳад кард, ки то охирин гуреза ба Ватан баргардад.

Сарвари давлат мардонавор ба аҳди додаи хеш вафо намуданд. Барои расидан ба умдатарин ҳадаф дар самти аз миён бурдани даргириҳо ва эъломи оташбас барои мулоқот бо сарварони мухолифин тасмим гирифтанд, ки ба Хустдеҳи Афғонистон раванд. Ҳарчанд буданд афроде, ки ин тадбирро хатар дониста, барои аз сафар боздоштани Роҳбари давлат саъй намуданд, вале ў ин ҳамаро нодида гирифт. Ин тадбир бори дигар ҷасорату шуҷоат ва барои наҷоти миллат ҳатто ба ҷоннисорӣ омода будани Роҳбари давлатро собит намуд.

Дигар аз хислати наҷиб ва ҷавонмардонаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамон рўзҳои душвор дар он таҷассум меёфт, ки пеш ва беш аз ҳама, ба хиради волои халқи азизаш такя намуда, ба фиристодани намояндаҳо ба манотиқи даргири кишвар ҳаргиз иктифо намекарданд, балки  барои анҷоми суҳбати рўбарў бо халқ худашон мерафтанд ва вазъро бозгў намуда, мардумро ба сарҷамъию ваҳдату якдилӣ даъват мекарданд. Маҳз бо ибтикору ташаббуси муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раванди музокироти миёни тарафҳо оғоз ва он тўли чаҳор сол идома ёфт. Билохира, баъди гуфтушниду баҳсҳои тезтунди чаҳорсола 27 июни соли 1997, дар шаҳри Москва Созишномаи истиқрори сулҳ миёни тоҷикон ба имзо расида, ин рўзи мубораку фархунда Рўзи Ваҳдати миллӣ эълон гардид, ки ҳамсола бо шукўҳу шаҳомат дар саросари кишвар ҷашн гирифта мешавад. Акнун мактаби беназири сулҳофарии тоҷикон намунаи корбурд дар ҳалли даргириҳо ва мавриди омўзиши ниҳодҳои пажўҳиши кишварҳои ҷаҳон қарор дорад.

Бо дубора омадани сулҳу оромишу осоиш давлати тозабунёди тоҷикон ҳифз гардид. Акнун шароит фароҳам омад, ки пояҳои давлатдорӣ таҳким ёбанд. Давлате, ки ба тозагӣ аз ҷанги шаҳрвандӣ берун омада, тамоми самтҳои хоҷагии халқ ба куллӣ хароб гардидааст, наметавонад ба танҳоӣ мушкилоти иқтисодию иҷтимоии солҳо рўйи ҳам замшударо рафъ намояд. Дар ин маврид барқарор ва ҷоннок кардани робитаҳои ҳамкорӣ бо дигар давлатҳо шарти ногузир аст. Аммо савол инҷост, ки давлатҳо барои роҳандозии ҳамкорӣ ва муносибати ҳасана ба кишваре, ки мардумаш хуни якдигар рехтаанд, некбинанд? Албатта, не. Ҳамин буд, ки Роҳбари хирадманди тоҷикон зарур донистанд, ки бо истифода аз ҳар роҳу васила бояд ба ҷаҳониён собит карда шавад, ки миллати тоҷик ҷангҷў нест, миллатест дорои таъриху фарҳангу адаби пурғановату куҳан ва бузургонаш дар ташаккули тамаддуни башарӣ хидмати босазо кардаву саҳми бузурги худро гузоштаанд. Бо суханронӣ аз минбарҳои баланди созмонҳои сатҳи ҷаҳонӣ ин муяссар гардид. Дар ин росто тадбири хирадмандонаи дигаре, ки барои роҳандозии ҳамкории густурда бо дигар давлатҳо заминаи мусоид фароҳам овард, ин эъломи сиёсати дарҳои боз буд. Ин ду тадбири муҳим ва саривақтӣ боис ба он гардид, ки ҷаҳониён ба кишвари мо бо нигоҳи дигар бингаранд ва нисбат ба кишвари азизи мо некбин бошанд.

Қадами муҳими дигаре, ки дар солҳои аввали даврони соҳибистиқлолӣ гузошта шуд, ин бо дарназардошти раъйи мардуми ҷумҳурӣ қабул гардидани яке аз ҳуҷҷатҳои хеле муҳим дар умури давлатдорӣ, яъне Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки ба 6 ноябри соли 1994 рост омад ва он аз дебоча, 10 боб ва 100 модда иборат аст. Бо итминон метавон ақида кард, ки нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳия ва омодасозии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле бузург аст. Дар ин замина иқтибос овардани назари Роҳбари давлатро ба маврид медонам, ки фармуда: «Ҳадафи сиёсии мо барпо кардани давлати демократию ҳуқуқбунёд аст. Дар ин ҷода, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади воломақоми миллат ва шоҳсутуни устувори сулҳу ваҳдат раҳнамои ҳамешагии мо хоҳад буд».

Бо назардошти он ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои муҳими ҷомеа ва амалкарду фаъолияти сокинони кишварро, ки барои дарёфти саодати зиндагӣ равона карда шудаанд, ба танзим медарорад, ҳақ дорем онро бахтномаи миллати хеш биномем. Ин ки Конститутсияро шиносномаи давлату миллат медонанд, воқеият дорад, зеро он дар кори давлатдорӣ муҳимтарин ва умдатарин ҳуҷҷат буда, дар он номи давлат, сохти давлатдорӣ ва сохтори он нишон дода шудааст. Дар тўли 30 соли соҳибистиқлолӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон собит намуд, ки ифодагари манфиатҳои мардум буда, орзуву ормони сокинони кишварро инъикос менамояд ва барои волоияти қонун, пойдории ҳамешагии сулҳу субот ва ваҳдати комили миллӣ нақши муҳим мебозад. Нуқтаи дигаре, ки дар ин маврид бояд зикр гардад, ин аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти ақидаи коршиносони сатҳи байналмиллалӣ дар шумори панҷ конститутсияи беҳтарину мардумитарини давлатҳои узви Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо қарор гирифтааст.

Бидуни шак, баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар даврони соҳибистиқлолӣ метавон дар баробари ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳи миёни тоҷикон рўйдодҳои бисёр ҳам муҳим, таърихӣ ва сарнавиштсоз баҳогузорӣ намуд.

АКС: Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати ҶТ

Ноябрь 5, 2021 13:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
ТАВСИФИ ГИЁҲШИНОСИИ БАРГИ ЗУФ. Он хусусияти зиддиилтиҳобӣ ва таскинбахшӣ дорад
ИФРОТГАРОӢ-РОҲ БА СӮИ НОУМЕДӢ. Насли ҷавони тоҷик бояд тамоми кӯшишу ғайраташро ба донишомӯзию ободкорӣ равона намояд
САБАБИ ГАРАВИДАНИ ҶАВОНОН БА ГУРӮҲҲОИ ТЕРРОРИСТИВУ ЭКСТРЕМИСТӢ ДАР ЧИСТ? Андешаҳо доир ба роҳҳои пешгирии ин зуҳуроти номатлуб
Пиряхҳои Тоҷикистон объекти муҳити зист ва манбаъҳои стратегии захираҳои об мебошанд
Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Қонун меҳвари фаъолият, зиндагӣ ва мавҷудияти минбаъдаи сокинони мамлакат бошад
АФЗАЛИЯТ ВА БАРТАРИЯТИ ХИЗМАТИ АСКАРӢ. Ҷавонон баробари ворид шудан ба хизмат таҳти ҳимояти Артиши миллӣ қарор мегиранд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истифодаи барги тару тозаи қоқу кори узвҳои ҳозимаро тақвият мебахшад
ИФРОТГАРОӢ-ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ. Бояд ба тарбияи дурусти ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуд
ДУШАНБЕ — ҶАВҲАРИ ҶИЛОНОК ДАР БАЙНИ КӮҲҲОИ САРБАФАЛАККАШИДАИ ТОҶИКИСТОН. Эҳдо ба Рӯзи пойтахт
ИМРӮЗ- РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АДЛИЯ. Онҳо дар сафи пеши ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон, ҳимояи қонуният ва адолат қарор доранд