ИҚДОМИ ТАЪРИХИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Он насли наврасро водор месозад, ки аз қаҳрамонии гузаштагон сабақи зиндагӣ гиранд
ДУШАНБЕ, 24.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. 19 майи соли 2026 дар таърихи давлатдории навини Тоҷикистон ҳамчун рӯзи фаромӯшнашаванда ва саршор аз эҳсоси баланди худшиносӣ сабт гардид. Дар ин рӯз бо ташаббус ва иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қисмате аз хоки мазори ин се фарзанди фарзонаи миллат аз шаҳри Москва ба Ватан оварда шуда, дар оромгоҳи Лучоби пойтахт ба хок супорида шуд. Ин рӯйдод на танҳо маросими мотам ё ёдбуд, балки рамзи пирӯзии адолати таърихӣ ва бозгашти маънавии қаҳрамонон ба оғӯши Ватан буд.
— Таърих гувоҳ аст, ки миллати тоҷик дар масири пурпечутоби ҳастии худ ҳамвора аз имтиҳонҳои сахти қисмат гузаштааст. Дар оғози асри XX, замоне ки масъалаи тақсимоти ҳудудӣ-миллӣ дар Осиёи Марказӣ сарнавишти халқҳоро ҳал мекард ва ҳастии миллати тоҷик зери хатари воқеӣ қарор дошт, маҳз фарзандони ҷонфидову сарсупурдае ба майдони мубориза омаданд, ки имрӯз мо давлати соҳибистиқлоли худро аз натиҷаи заҳматҳои онҳо медонем. Нусратулло Махсум, Шириншо Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад аз ҷумлаи чунин шахсиятҳои бузург ва меъморони нахустини давлатдории навини тоҷикон буданд.
Барои дарки аҳамияти ин рӯйдод нахуст бояд ба кору пайкор ва хизматҳои беназири ин се шахсият назар афканем. Нусратулло Махсум (1881-1937) ҳамчун роҳбари нахустини Тоҷикистон дар саргаҳи бунёди сохтори сиёсӣ ва маъмурии кишвар қарор дошт ва тавонист мақомоти давлатиро аз сифр ташкил намояд. Хизмати бузургтарини таърихии Нусратулло Махсум-ин муборизаи пайгиронаи ӯ барои ба Ҷумҳурии мустақили Иттифоқӣ табдил додани Тоҷикистон мебошад. Дар баробари ӯ Шириншо Шоҳтемур (1899-1937), ки аз ятимиву муҳоҷират то ба мақоми баландтарини давлатӣ расида буд, яке аз муборизон барои таъмини ҳуқуқи тоҷикон ба шумор меравад. Гузориши машҳури ӯ ба номи роҳбарияти марказӣ дар соли 1926 роҷеъ ба вазъияти воқеии тоҷикони Осиёи Марказӣ намунаи олии ҷасорати сиёсӣ буд ва ӯ дар муайянсозии ҳудудҳои маъмурии ҷумҳурӣ нақши калидӣ бозид. Ҳамзамон бо ин ду абармард Нисор Муҳаммад (1897-1937) низ тамоми ҳастӣ ва дониши худро сарфи бедории маънавии мардуми тоҷик кард. Ӯ ҳамчун Вазири маорифи Тоҷикистон дар поягузории илму маориф, таълифи нахустин китобҳои дарсӣ ва ба донишгоҳҳои марказӣ фиристодани аввалин донишҷӯёни тоҷик саҳми беназир гузошт.
Баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ Тоҷикистон ба буҳрони шадиди сиёсӣ рӯ ба рӯ шуд. Дар чунин вазъияти ҳассос Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хуб дарк намуданд, ки барои наҷоти давлат ва муттаҳид сохтани миллат танҳо силоҳ ё иқтисод кофӣ нест, балки миллат ба такягоҳи қавии маънавӣ ва ҳувияти устувор ниёз дорад. Маҳз бо ибтикори Сарвари давлат номи ин қаҳрамонон дубора эҳё гардида, ба онҳо унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» дода шуд.
Иқдоми моҳи майи соли 2026 — ба Ватан овардани хоки марқади ин се шахсият — қуллаи баландтарини ин сиёсати фарҳангпарварона ва таърихсоз маҳсуб мешавад. Ин ташаббус дорои пайомадҳои амиқи таърихӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ мебошад. Аз як тараф, ба Душанбе овардани хоки онҳо бахшидани оромӣ ба руҳи қаҳрамонон ва барқарории адолати таърихӣ бошад, аз тарафи дигар, ин амал ба ҷаҳониён нишон медиҳад, ки Тоҷикистон давлати мустақилу соҳибихтиёр буда, қаҳрамонони худро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунад.
Бузургтарин ҳадафи ин иқдоми Пешвои миллат ба оянда ва тафаккури насли наврас нигаронида шудааст. Барои ҷавонони имрӯза, ки дар шароити сулҳу субот бузург мешаванд, мафҳумҳои «истиқлолият» ва «давлатдорӣ» набояд танҳо калимаҳои одӣ бошанд. Вақте ҷавонон мебинанд, ки Сарвари давлат шахсан ба пешвози хоки қаҳрамонони миллат меравад, дар шуури онҳо ҳақиқати муҳим нақш мебандад: истиқлолият ба осонӣ ба даст наомадааст ва барои соҳибдавлат шудани тоҷикон беҳтарин фарзандони он ҷони худро фидо кардаанд. Ин хотираи муқаддас насли наврасро водор месозад, ки Ватанро сидқан дӯст доранд, қадри сулҳу ваҳдатро бидонанд ва аз қаҳрамонии гузаштагон сабақи зиндагӣ гиранд.
Тавре ки мегӯянд, миллате, ки гузаштагони худро фаромӯш мекунад, ояндаи худро низ аз даст медиҳад. Иқдоми таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон паёми равшан ба имрӯзу оянда аст, ки бузургонро бузургон зинда медоранд. Хотираи ин меъморони нахустини давлати тоҷикон дар қалби миллат то абад зинда хоҳад монд ва оромгоҳи онҳо дар Лучоб акнун на танҳо зиёратгоҳ, балки мактаби бузурги ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ барои тамоми наслҳои ояндаи Тоҷикистон хоҳад буд.
Файзиддин РАҶАБАЛИЕВ,
устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон








Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҳамкориро бо JICA дар соҳаи зехни сунъӣ ва инноватсия таҳким мебахшад
Нақши Рустами Эмомалӣ дар таҷлили рӯзи ҷаҳонии футбол
24 МАЙ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МОРХӮР. Дар Тоҷикистон саршумори ин ҳайвони нодири пармашох ба 7 000 сар расидааст
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ – 25 МАЙ: Дипломатияи варзишии Рустами Эмомалӣ дар сатҳи ҳуқуқи байналмилалӣ
«OIBO-2026». Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ шуданд
Олимпиада барои дарёфти «Ҷоми раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» оғоз гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 10-уми роҳбарони вазорату идораҳои давлатҳои аъзои СҲШ дар соҳаи маориф ва илм иштирок намуд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Пойтахти Тоҷикистон ба маркази байналмилалии муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил меёбад
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Русия бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
23 МАЙ — РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН. Онҳо неруи асосии пешбарандаи ҷомеа ва омили муҳими суботи сиёсӣ мебошанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми ҷаҳонии маориф – 2026 (Education World Forum — 2026) иштирок намуд
Сафари Пешвои миллат марҳалаи нави шарикии стратегии Тоҷикистону Чинро оғоз бахшид






