Дабири Шӯрои амнияти миллии Эрон пешниҳоди Президенти Тоҷикистонро ягона роҳи наҷоти Афғонистон хонд
ДУШАНБЕ, 11.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Алӣ Шамхонӣ, Дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон дар нишасти амниятии Ҳинд таъкид кард, ки ягона роҳи наҷоти Афғонистон ташкили ҳукумати фарогир бо ширкати ҳама қавму миллатҳои ин кишвар аст, хабар дод дирӯз радиои «Овози тоҷик» бо истинод ба гузориши хабаргузории «Шафақна»-и Афғонистон.
Хотиррасон мешаваем, ки ин нишаст 10 ноябр дар Деҳлии Нав бо ширкати ҳафт кишвари минтақа баргузор шуд.
Дабири Шӯрои амнияти миллии Эрон бо ишора ба авзоъ дар Афғонистон гуфт: «Дар муддати 20 соли охир терроризм, фақру бадбахтӣ, кишту қочоқи маводи мухаддир ва муҳоҷирати мардум дар ин кишвар афзоиш ёфтааст».
«Ҳамаи мо медонем, ки Афғонистон як кишвари этникӣ ва дорои мазҳабҳои гуногун аст ва танҳо дар партави иштироки ҳама қавмҳо, динҳо, гурӯҳҳо ва ҷараёнҳои сиёсӣ метавон умед дошт, ки ин кишвар аз бӯҳрон берун ояд, аммо нодида гирифтани яке аз инҳо, маънои ворид шудани Афғонистон ба ояндаи норушан ва бесубот мебошад», — гуфт ӯ.
Шамхонӣ дар идома таъкид кард: «Ягона роҳи наҷоти Афғонистон ташкили ҳукумати фарогир бо ширкати ҳама қавмҳо ва мазҳабҳост».
Ӯ ба ширкаткунандагони нишасти амниятии Ҳинд гуфт: «Мо ҳоло дар Афғонистон бо таҳдиде рӯбарӯ ҳастем, ки метавонад як ҷузъи нақшаи истилогарон барои минтақа бошад ва ҳадафҳои онҳоро пеш барад».
Ба гуфтаи Шамхонӣ, ин таҳдид аз «ҳузур, афзоиш ва тавсеъаи гурӯҳҳои террористии ДИИШ* ва такфирӣ аз як сӯ ва хатари ҷанги мазҳабӣ дар Афғонистон аз сӯи дигар» маншаъ мегирад. «Ин барои ҳамаи мо дар минтақа, чӣ ҳамсояҳо ва чи ғайриҳамсояҳо, мушкил хоҳад буд», — афзуд ӯ.
Мавриди зикр аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикстон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рўзҳои нахусти мавзеъгирӣ дар қазияи Афғонистон ягона роҳи бурунрафт аз вазъияти буҳронии имрўзаи Афғонистонро ба ташкили ҳукумати фарогир рабт дода буданд.
АКС аз манбаъҳои боз








35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»






