Дар Чемпионати CAFA бозии дастаҳои мунтахаби наврасони Тоҷикистон ва Эрон мусовӣ анҷом ёфт

Ноябрь 22, 2021 14:11

ДУШАНБЕ, 22.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар даври дуюми Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), ки дар Душанбе ҷараён дорад, дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) бо ҳамсолонашон аз Эрон бо ҳисоби 1:1 мусовӣ бозӣ карданд, иттилоъ доданд аз  Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба АМИТ “Ховар”.

Ба голи задаи Алӣ Раҳмоннажоди эронӣ футболбози дастаи Тоҷикистон Абубакр Сулаймонов бо гол ҷавоб дод.

Бозии дигари давр миёни дастаҳои наврасони Қирғизистон ва Тоҷикистон низ бо ҳисоби 2:2 мусовӣ анҷом ёфт.

Баъд аз натиҷагирии ду даври чемпионат дастаҳои Тоҷикистон ва Эрон бо 4-холӣ пешсафанд.

Дар даври ҷамъбастӣ 23 ноябр дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо ҳамсолонашон аз Узбекистон вомехӯранд. Бозии дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ соати 15:00 оғоз меёбад.

Ёдовар мешавем, ки Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ миёни наврасони то 15-сола тибқи системаи даврӣ дар як давр баргузор мешавад. Дастае, ки холҳои бештар ба даст меорад, ғолиб мегардад.

АКС: Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон

Ноябрь 22, 2021 14:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) панҷ бозии санҷишӣ анҷом дод
Рақибони дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон оид ба футбол дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 муайян шуданд
Бозиҳои даври сеюми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ 28-29 март доир мешаванд
ФУТБОЛ. Ҳайати ҳакамон аз Узбекистон бозии дӯстонаи дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Беларусро доварӣ менамояд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозиҳо ба муқобили дастаҳои мунтахаби Беларус ва Тимори Шарқӣ оғоз намуд
ФУТБОЛ. Тоҷикистон мизбони марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 байни дастаҳои мунтахаби занон интихоб шуд
«ҶОМИ РУШД-2025. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаҳои Русия, Эрон ва Қазоқистон бозӣ мекунад
Довари тоҷик бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2025 оид ба футзал байни занонро ҳакамӣ дорад
Дар Душанбе даврҳои мураббигии футбол барои дарёфти сертификати «С» ба анҷом расиданд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон бо тими Арабистони Саудӣ бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Довари тоҷик Исмоил Нуралиев дар Ҷоми Осиё-2025 байни ҷавонон (U-20) кор мекунад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Беларус бозии дӯстона баргузор мекунад