Дар пойтахт Рӯзи театри тоҷик таҷлил мегардад

Ноябрь 2, 2021 14:21

ДУШАНБЕ, 02.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. 5 ноябр дар Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи М.Воҳидов бахшида ба Рӯзи театри тоҷик барномаи бошукӯҳи фарҳангӣ доир мегардад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии  Тоҷикистон.

Дар Тоҷикистон Рӯзи театри тоҷик ба таъсиси Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи А. Лоҳутӣ иртибот дорад, зеро театри мазкур 7 ноябри соли 1929 таъсис ёфтааст. Тибқи сарчашмаҳои таърихӣ, бори аввал дар ин рӯзи соли 1929 театри тоҷик ба фаъолият оғоз намуд. Ин театри драмавӣ буд, ки баъдтар соли 1933 ба он номи адиб Абулқосим Лоҳутӣ гузошта шуд. Ҳамчунин дар ин сол ба театри мазкур унвони академӣ дода шуд.

Дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлили ин рӯз ба анъанаи нек табдил ёфт. Дар ин рӯз ҳунарпешаҳо, коргардонҳо, драмнависон, рассомон, бастакорон, тамоми аҳли театри мамлакат ҷамъ омада, оид ба  дастоварду комёбиҳои эҷодии худ, бурду бохт ва нақшаҳои оянда ибрози назар мекунанд.

Ба гуфти мутахассиси пешбари раёсати санъати Вазорати фарҳанги мамлакат Маҳмадшариф Азимов, дар нуҳ моҳи соли равон дар театрҳои касбии мамлакат 26 асари нав саҳнавӣ гардиданд, ки аз ин шумора дар театрҳои пойтахт 6 намоиш ва дар театрҳои музофотӣ 20 намоиш рӯи саҳна омаданд. Инчунин соли равон бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи тамошои намоишҳои театрӣ аз ҷониби кормандони вазорату идораҳо ба тасвиб расид, ки тибқи он аз 3 апрел то 26 июни соли равон  тамоми вазорату идораҳо намоишҳоро тамошо карданд ва ин икдом аз моҳи октябр то моҳи декабр идома меёбад.

Дар ҷумҳурӣ 18 театри касбӣ мавҷуд аст, ки аз ин теъдод 6 театр дар шаҳри Душанбе, 7 театр дар вилояти Суғд, 4 театр дар вилояти Хатлон, 1 театр дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фаъолият мекунанд. Дар даврони истиқлолият дар ҷумҳурӣ 4 театри касбӣ: Театри ҷумҳуриявии мусиқӣ – драмавӣ дар ноҳияи Данғара, Театри тамошобини наврас дар шаҳри Хуҷанд, Театри ҷумҳуриявии драмаи мусиқии ба номи М.Воҳидови ноҳияи Ашт ва Театри вилоятии лӯхтаки «Афсона» –и шаҳри Бохтар таъсис дода шуданд.

Театрҳои мамлакат ба шарофати ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳоли рушду инкишоф ва таҳияи асарҳои нави саҳнавӣ қарор доранд.

Ёдовар мешавем, ки барномаи фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи театри тоҷик 5 ноябр, соати 17:00 оғоз мешавад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 2, 2021 14:21

Хабарҳои дигари ин бахш

ИҚДОМИ «ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ба либоси миллӣ – мероси аҷдодонамон арҷ мегузорем
Дар Хуҷанд масъалаи эҳё ва рушди ҳунарҳои бадеии халқӣ баррасӣ гардид
«ДИРӮЗ, ИМРӮЗ ВА ФАРДОИ ФАРҲАНГИ ТОҶИК». Таҳти чунин унвон дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Роҳнамои беҳтарин» баргузор мешавад
Дар Давҳа намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи консертии Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид
Дар Давлати Қатар Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон идома доранд
Таҳти унвони «Робиаи Балхӣ — нахустбонуи соҳибдевони адабиёти тоҷику форс» конференсияи байналмилалӣ баргузор мешавад
Фаъолияти инноватсионӣ-методии китобхонаҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна муқаррар намудааст?
«ҶАВОНОН — ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ». Таҳти ин унвон дар Осорхонаи миллӣ намоиши асарҳои рассомони ҷавон оғоз шуд
ПАЁМЕ, КИ НАВИДИ ПИРӮЗИҲОСТ. Иҷрои дастурҳои он роҳнамои миллати тоҷик барои фатҳи қуллаҳои нави армонҳои миллӣ аст
Донишҷӯёни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар озмуни «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» соҳиби се Шоҳҷоиза шуданд
Чойхонаи тоҷикии «Шоми Ваҳдат» фарҳанги миллати тоҷикро дар шаҳри Краснодар муаррифӣ менамояд