Дар Вазорати молия ҷиҳати татбиқи қонуни танзим ҷаласа доир шуд
ДУШАНБЕ, 19.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҷиҳати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 17 ноябр дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласа доир шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» ба истинод ба Вазорати молия.
Дар ҷаласа муовини Вазири молия Карим Гулмуродзода зикр кард, ки қонуни мазкур тайи зиёда аз 14 соли амал дар самти танзими ҷашну маросим, беҳдошти рӯзгори мардуми мамлакат, пешгирӣ аз исрофкорию хароҷоти беҳуда, боло бурдани маърифати маъракаороии шаҳрвандон рисолати хешро анҷом дода истодааст. Дар гузаштаи начандон дур маросими динӣ ба зиёфатҳои пурдабдаба табдил ёфта, дастархони маъракаҳои азодорӣ аз хурсандӣ кам фарқ мекард. Ин боиси он мегардид, ки аксари оилаҳои мусибатзада зери бори гарони қарз монанд.
Карим Гулмуродзода иброз дошт, ки мазмун ва муҳтавои қонуни мазкур аз ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми мамлакат, мусоидат барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ, ки ба манфиатҳои иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳаёти шаҳвандон зарари ҷиддӣ ворид менамояд, иборат аст.
Мутахассиси пешбари Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросими Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Диловар Сафарзода вобаста ба муқаррароти моддаи 10-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар иртибот ба баргузор намудани тӯйи домодию арӯсӣ ва зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни мазкур (16 июни соли 2008, 21 июли соли 2010 ва 28 августи соли 2017 ) маълумоти муфассал дод. Таҷрибаи татбиқи қонуни миллӣ исбот намуд, ки вобаста ба рушди ҷомеа ва ҳифзу ҳимояи манфиатҳои шаҳрвандон қонуни мазкур такмил дода шавад. Имрӯз дар аксари давлатҳои дунё аз ин таҷрибаи миллати тоҷик ба таври васеъ истифода мебаранд.
«Бешубҳа, метавон гуфт, ки натиҷаҳои мусбат ва судманди қонуни мазкурро ҳар фарди ҷомеа эҳсос намуда истодааст. Бо назардошти ҳолати зерин ба хулоса омадан мумкин аст, ки он пеш аз ҳама, барои ҷомеаи мутамаддини тоҷик ҷанбаҳои тарбиявиро рӯи кор овардааст»,-афзуд Диловар Сафарзода.
АКСҲО: Вазорати молияи ҶТ