Дастаи «Вавилон» соҳиби Ҷоми «Бабри барфӣ» гардид
ДУШАНБЕ, 24.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи «Вавилон» дар мусобиқаи футзал барои дарёфти Ҷоми «Бабри барфӣ» пирӯз гардида, соҳиби ҷоми «Бабри барфӣ» гардид. Ин мусобиқа дар Маҷмааи варзишии шаҳри Душанбе доир гардид, хабар медиҳад Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ.
Мусобиқаи футзал барои дарёфти Ҷоми «Бабри барфӣ» бо ибтикори Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид бо мақсади рушди варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар ҷомеа гузаронида шуд.
Ҷоми «Бабри барфӣ» аз 23 октябр то 20 ноябр дар ду марҳила — марҳилаи гурӯҳӣ ва марҳилаи плей-офф гузаронида шуда, дар марҳилаи гуруҳӣ 12 даста, ки ба се гурӯҳ тақсим шудаанд, ширкат карданд. Аз ҳар гурӯҳ ду даста, инчунин ду дастаи дигар, ки бо нишондодҳои беҳтарин ҷойҳои сеюмро гирифтанд, ба чорякфинал баромаданд. Дар финали мусобиқа дастаҳои «Вавилон» ва «Рахш-Таксӣ» бо ҳам вохӯрданд. Вохӯрӣ бо пирӯзии «бобулиҳо» бо ҳисоби 5:4 анҷом ёфт. «Динамо»-чиён дар вохӯрӣ барои гирифтани ҷои сеюм дастаи «Абдулло»-ро бо ҳисоби 7:5 мағлуб карданд.
Кумитаи тадорукоти Ҷоми «Бабри барфӣ» беҳтарин бозингарони ин мусобиқаро муайян ва қадрдонӣ намуд.
Руслан Тиллоев аз дастаи «Рахш-Таксӣ» беҳтарин бозингари финал дониста шуда, голзани беҳтарини мусобиқа Ибод Назиров аз «Рахш-таксӣ» гардид. Ҷоизаи беҳтарини мусобиқа ба Алишер Улмасов аз дастаи «Вавилон» насиб гардид. Фонди ҷоизаи мусобиқа 12 ҳазор сомониро ташкил дод. Ғолиб ба ҷуз Ҷом 7 ҳазор сомонӣ, ғолиби ниҳоӣ 3 ҳазор сомонӣ ва барандаи медали биринҷӣ 2 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ гирифтанд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






