Доираҳои сармоягузории Корея дар рушди иқтисоди Тоҷикистон саҳм мегузоранд,-бардошт аз Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Корея

Ноябрь 26, 2021 15:33

ДУШАНБЕ, 26.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон ва Корея тасмим гирифтаанд, ки дар оянда ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро бо истифода аз иқтидору имконоти мавҷуда густариш диҳанд. Ин дар ҳолест, ки дар даҳ моҳи соли равон табодули мол миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея ҳудуди 50 миллион доллари амрикоиро убур намуда, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,2 фоиз афзудааст. Чунин зикр шуд дар Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Корея, ки дар шаҳри Душанбе доир гардид.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Корея дар доираи таҳкими ҳамкории иқтисодию тиҷоратии ду кишвар бо ибтикори Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар ҳамкорӣ бо Сафорати  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея  созмон дода шуда, дар он доираҳои соҳибкорию сармоягузории Тоҷикистон ва Корея, ки беш аз 180 нафар  намояндагони соҳаҳои саноат, технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ, сайёҳӣ, тиб ва хизматрасониро дар бар мегирифтанд, иштирок намуданд.

Ба роҳ мондани ҳамкории мутақобилан судманд миёни доираҳои соҳибкорию сармоягузории Тоҷикистон ва Корея, ҷалби сармояи ин кишвар ба иқтисоди Тоҷикистон, муаррифии имконияти иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон, таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолию саноатӣ аз ҳадафҳои асосии Форуми  сармоягузории Тоҷикистону Корея мебошанд.

Дар Форуми сармоягузории Тоҷикистону  Корея раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ Саъдӣ Қодирзода, Вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ Шералӣ Кабир, раиси Палатаи савдо ва саноат Ҷамшед  Ҷумъахонзода, Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея Юсуф Шарифзода, муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Абдураҳмон Абдураҳмонзода, муовини Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Камолиддин Муминзод, роҳбари ҳайати сармоягузорони Корея, директори техникии ширкати «ҲансБиотех»- Ҳанс Бае Ки ва дигарон доир ба фазои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон, истифодаи иқтидору имконият дар самти рушди ҳамкории иқтисодию сармоягузорӣ ва ҷалби сармояи Корея ба иқтисодиёти Тоҷикистон  сухан намуданд.

Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода ҳайати сармоягузорону соҳибкорони Кореяро ба Тоҷикистон хайрамақдам намуда, гуфт, ки Тоҷикистон дорои иқтидорҳои фаровони иқтисодию тиҷоратист, ки ҷиҳати рушду тавсеаи он ниёз ба сармоягузории хориҷӣ дорад. Дар иртибот вай аз аз доираҳои соҳибкорию  сармоягузории Корея даъват ба амал овард, ки бо истифода аз имконоти мавҷуда дар рушди иқтисоди Тоҷикистон саҳми муносиб гузоранд.

Дар мавриди низоми қонунгузории кишвар дар самти ҷалби сармояи хориҷӣ  ба иқтисоди  ҷумҳурӣ таъкид шуд, ки дар Тоҷикистон бо иқдомҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фазои мусоиди сармоягузорӣ ба иқтисоди кишвар фароҳам оварда шудааст. Дар Тоҷикистон панҷ Минтақаи озоди иқтисодӣ, назири «Суғд», «Данғара», «Панҷ», «Ишкошим» ва «Кӯлоб»  фаъолият доранд, ки дар онҳо шароиту имконияти фаровон бо мақсади ҷалби сармоя ва истеҳсоли  маҳсулоти саноатӣ фароҳам оварда шуда, имтиёзҳои андозию гумрукӣ пешбинӣ гардидаанд. Дар Форуми соҳибкории Тоҷикистон ва Корея доир ба дастовардҳои  Портали савдои Тоҷикистон ва низоми «Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ»  дар Тоҷикистон иттилоъ дода шуд.

Зикр шуд, ки  бо вуҷуди он ки гардиши мол байни ду кишвар дар даҳ моҳи соли равон 50 миллион доллари амрикоиро ташкил додааст, ин омор дар шароити кунунӣ  қонеъкунанда нест.

Тавре муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар Абдураҳмон Абдураҳмонзода зикр намуд, дар сохтори воридотию содиротии  Тоҷикистон ва Корея воридот бештар ба Корея рост меояд. Аз Корея он маҳсулоте ба Тоҷикистон ворид карда мешаванд, ки дар Тоҷикистон истеҳсол намегарданд, аз қабили  техника ва таҷҳизоти муосир. Зикр шуд, ки Корея дар арсаи байналмилалӣ  яке аз кишварҳои пешрафта ва мутараққӣ шинохта шуда, дорои иқтидорҳои бузурги  иқтисодию саноатӣ мебошад. Аз ин рӯ ба роҳ мондан ва тақвияти ҳамкории Тоҷикистон бо ин кишвари Осиёи Ҷанубӣ ба рушди иқтисоди Тоҷикистон мусоидат хоҳад намуд, зеро  молу маҳсулоте, ки дар Ҷумҳурии Корея, хусусан  технологияи муосири коммуникатсионӣ ва мошинолоту таҷҳизоте, ки истеҳсол мегарданд, дар тамоми кишварҳои ҷаҳон муштариёни худро дошта, харидорӣ мегарданд. Аз ин рӯ, дар оянда таъсиси Паркҳои технологӣ ва бунёди корхонаҳои муштараки саноатӣ оид ба истеҳсоли молҳои насоҷӣ дар Тоҷикистон бо сармоягузории Корея афзалияти бештар дорад.

Дар Форуми соҳибкории  Тоҷикистону Корея оид ба  фаъолияти  ширкатҳои ватании «Авесто Гурӯҳ», «Ғаюр», инчунин имконияти иқтисодию  сармоягузории  Тоҷикистон ва зарфиятҳои сайёҳии Тоҷикистон ҳамчун кишвари туристӣ дар шакли рӯнамо муаррифӣ гардиданд. Дар доираи Форуми сармоягузорӣ вохӯрии дуҷонибаи соҳибкорони ду давлат дар сиғаи «Соҳибкор бо Соҳибкор» (B2B) баргузор гардида, аз натиҷаи он санадҳои нави ҳамкорӣ мувофиқа ва ба имзо расонида шуданд. Мавриди зикр аст, ки 23-24 ноябри соли равон ҳайати доираҳои сармоягузории Ҷумҳурии  Корея аз корхонаҳои истеҳсолӣ ва саноатии вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе боздид намуданд. Баргузории Форуми соҳибкории Тоҷикистон ва Корея дар Душанбе дар ҳолест, ки  чанде пеш дар шаҳри Душанбе ҷаласаи чоруми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва илмиву техникӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея доир гардид, ки дар он маҷмӯи масъалаҳои ҳамкории ду кишвар дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, саноат, энергетика, маориф ва илм, кишоварзӣ, технология баррасӣ гардиданд ва ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки бо мақсади густариши робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва мушорикати саноатии Тоҷикистону Корея тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Инчунин дар  ҷаласа ҳайатҳо якчанд самтҳои стратегии ҳамкориро вобаста ба рушди иқтисоди рақамӣ ва «иқтисодиёти сабз», тиҷорати электронӣ, моделсозиву дурнамосозӣ, ҷалби сармоягузорӣ, энергетика, таъсиси марказҳои логистикӣ дар минтақаҳо барои тамаркузи маҳсулоти истеҳсолшуда ва сохтани занҷири логистикӣ барои интиқоли маҳсулот дар дохили кишвар ва содироти минбаъда, дастгирии фаъолияти 5 минтақаи озоди иқтисодии Тоҷикистон ва инфрасохтори барои онҳо зарур муҳокима намуда, изҳор доштанд, ки тақвият ва рушди ин соҳаҳо ба  дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Корея такони ҷиддӣ мебахшад.

Интизор меравад, ки доираҳои сохибкорию сармоягузории Ҷумҳурии Корея ҳамзамон ба вилояти  Суғд сафар намуда, аз корхонаҳои  саноатию истеҳсолӣ дар шаҳри Хуҷанд боздид намоянд.

                                            Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКСҲО: АМИТ «Ховар»/Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ

Ноябрь 26, 2021 15:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон тавсия медиҳад, ки ронандагон дар давраи зимистон эҳтиёткор бошанд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар соҳаи энергетика ва захираҳои об баррасӣ гардид
Дар Куала-Лумпур густариши муносибатҳои судманд байни бонкҳои марказии Тоҷикистон ва Малайзия баррасӣ шуд
«TOURIST MAP TAJIKISTAN». Он барои ба сайёҳон муаррифӣ намудани мавзеъҳои Тоҷикистон таҳия гардид
Барои намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти кашшофии молиявии кишварҳои аъзои ИДМ машварат доир гардид
Дар Исломобод маҷмуи масъалаҳои муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Покистон баррасӣ гардид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. 6 маҳсулоте, ки бояд дар фасли зимистон истеъмол намуд
Муносибатҳои Тоҷикистон ва Покистон дар соҳаҳои мухталиф густариш меёбанд
Смартфонҳои нави Huawei дар Дубай муаррифӣ шуданд
Дар Исломобод Бизнес-форуми соҳибкории Тоҷикистон ва Покистон баргузор шуд
Тақвият ва тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Покистон дар бахши обу энергетика баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон созишномаи Низоми муосири идоракунии дороиҳои роҳ ба имзо расид