ЭҲТИЁТ КУНЕД! Истифодаи маҳсулоти нодуруст ва дар шароити хона консервашуда хатари гирифторӣ ба ботулизмро афзун месозад
ДУШАНБЕ, 10.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. 8 ноябр 9 нафар сокини ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон бар асари заҳролудшавӣ аз хӯриши хонагии «зверобой» дар беморхонаи касалиҳои сироятии шаҳри Кӯлоб бо нишонаҳои бемории ботулизм бистарӣ карда шуданд. Ҳоло вазъи саломатии заҳролудшудагон хуб буда, онҳо таҳти назорати духтурон қарор доранд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Вобаста ба ин навъи беморӣ мудири бахши гигиенаи хӯроквории Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳияи Сино Муҳиддин Гулаев ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, ки ботулизм бемории хатарнок буда, ба марги инсон оварда мерасонад. Ҳангоми ба ин беморӣ гирифтор шудан ба системаи асаб таъсири манфӣ расида, қобилияти биноӣ, нутқ, фурӯбарӣ ва дигар узвҳои нафаскашӣ халалдор мегардад.
«Истифодаи маҳсулоти нодуруст ва дар шароити хона консервашуда, риоя нагардидани шароити нигоҳдории он хатари гирифторӣ ба бемории ботулизмро зиёд мекунад. Маҳсулоти гӯштии сироятёфта низ метавонад сарчашмаи пайдоиши бемории ботулизм гардад. Беш аз ҳама ботулизми ғизоӣ ҳангоми истеъмоли хӯришҳои консервашуда аз маҳсулоти сабзавотии туршиашон паст, аз қабили помидор, бодиринг, боимҷон, лаблабу, нахӯди сабз ва занбӯруғҳо, ки нокифоя пухта ва тамиз карда шудаанд, мушоҳида мегардад. Ҳоло хуруҷи ботулизми ғизогӣ бештар ба қайд гирафта мешавад», — гуфт Муҳиддин Гулаев.
Ҳамчунин мавсуф афзуд, ки ботулизм заҳролудшавиест, ки аз нейротаксини боқувват токсини ботулинӣ ба амал меояд.
Токсини ботулинӣ ба бадани одам тавассути ғизои сироятёфта меафтад. Бемории ботулизм аз одам ба одам намегузарад.
Токсини ботулизм аз ҳама боқуваттарин дар байни токсинҳои бактериалӣ буда, барои одам 1 микрограми (0,001 мкг) он марговар маҳсуб мешавад.
Аломатҳои ботулизм одатан давоми 12-36 соат пас аз истеъмоли ғизои токсиндор пайдо мешаванд, вале ҳолатҳое ҳам ба назар мерасанд, ки аломатҳо пас аз 4 соат ё 8 рӯзи пас аз сироятшавӣ пайдо гардидаанд.
Аломатҳои аввалини ботулизм хастагӣ, бемадорӣ, сарчархзанӣ, дилбеҳузурӣ, дарди сар, тирашавии пеши чашмон, хушкшавии даҳон, душворшавии фурӯбарӣ, сухангӯӣ ва фалаҷшавии мушакҳо мебошад.
Вобаста ба дараҷаи хуруҷи беморӣ мумкин аст, ки беқувватӣ дар гардан пайдо шуда, баъдан мушакҳои узвҳои нафаскашӣ ва мушакҳои қисмати поёнии бадан осеб бинанд. Фалаҷ метавонад аз душвории нафаскашӣ то ба фавти бемор оварда расонад.
Аз ин рӯ тавсия дода мешавад, ки бояд шаҳрвандон пеш аз истеъмоли консерваҳои дар шароити хона тайёр кардашуда ва ё маҳсулоти дудпази консерваҳои гӯштӣ, моҳӣ ва сабзавотӣ, инчунин ҳасибҳо ба онҳо диққати ҷиддӣ диҳанд. Консерваҳои сарпӯшашон дамида ва зангзадаро истеъмол нанамоянд. Пеш аз харидории консерваҳои тайёр ба он аҳамияти ҷиддӣ бояд дод.
Ҳангоми ба ботулизм гирифтор шудан то расидани корманди тиб даруни беморро бо маҳлули 5% содаи хӯрокӣ шустан лозим аст, то ки заҳрҳои меъда ба берун бароварда шаванд. Зеро ин амал таъсири моддаҳои заҳрогинро дар бадан суст мекунад. Бо вуҷуди ин бояд ёрии таъҷилиро даъват кард, чунки заҳрнокии шадид сабаби фалаҷ шудани роҳҳои нафас шуда, шахси заҳролудшударо ба ҳалокат мерасонад.
Барои пешгирӣ аз бемории ботулизм дар шароити хона консервакунонии маҳсулоти моҳӣ, замбурӯғ, гӯшт ва кабудиҳо, ки хатари зиёд доранд, маслиҳат дода намешавад.
Бояд пеш аз консервакунонӣ маҳсулотро тоза шуста, ба муддати 15 — 20 дақиқа ҷӯшонид. Инчунин барои омода намудани консерва бояд танҳо маҳсулоти тару тоза ва бе ягон иллат интихоб карда шавад.
Холисаи АСОМИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд






