ФУТБОЛ. Се даста ба Лигаи якуми Тоҷикистон роҳхат гирифтанд
ДУШАНБЕ, 30.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе марҳилаи ниҳоии чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи дуюм ба анҷом расид. Дар мусобиқаи мазкур чор дастаи ғолиби марҳилаи минтақавӣ — «Покиза»-и шаҳри Душанбе, «Гулистон»-и шаҳри Гулистон, «Сарҳадчӣ»-и ноҳияи Ҳамадонӣ ва «Меҳргон»-и ноҳияи Нуробод барои соҳиб шудан ба се роҳхати ҳаққи иштирок дар Лигаи якуми Тоҷикистон-2022 миёни ҳам рақобат намуданд, иттилоъ медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Тибқи қуръакашӣ ҷуфтҳои бозиҳои нимниҳоӣ созмон дода шуданд. Дар бозиҳои нимниҳоӣ дастаҳои футболи «Гулистон» ба «Покиза» бо ҳисоби 5:4 ва «Сарҳадчӣ ба «Меҳргон» бо ҳисоби 3:1 дастболо шуданд. Дар бозӣ барои ҷои сеюм дастаи «Покиза» бо ҳисоби 3:1 дастаи футболи «Меҳргон»-ро мағлуб намуд. Дар бозии ниҳоӣ дастаи «Гулистон»-и шаҳри Гулистон бо ҳисоби 2:0 дастаи футболи «Сарҳадчӣ»-и ноҳияи Ҳамадониро мағлуб намуд.
Ба ин тартиб, дастаҳои футболи «Гулистон»-и шаҳри Гулистон, «Сарҳадчӣ»-и ноҳияи Ҳамадонӣ ва «Покиза»-и шаҳри Душанбе соҳиби роҳхат ба Лигаи якуми Тоҷикистон дар мавсими соли оянда шуданд. Дар маросими ҷамъбасти мусобиқа ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов ва директори генералии Лигаи футболи Тоҷикистон Сайвалӣ Шоқурбонов иштирок намуда, ҷоизаҳоро ба ғолибон тақдим карданд.
Марҳилаи ниҳоии чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи дуюм
Бозиҳои нимниҳоӣ
«Гулистон» (Гулистон) – «Покиза» (Душанбе) – 5:4
«Меҳргон» (Нуробод) – «Сарҳадчӣ» (Ҳамадонӣ) – 1:3
Бозӣ барои ҷои сеюм
«Покиза» (Душанбе) – «Меҳргон» (Нуробод) – 8:2
Финал
«Гулистон» (Гулистон) – «Сарҳадчӣ» (Ҳамадонӣ) – 2:0
АКС: ФФТ








ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад






