ИҚТИСОД, МАОРИФ, ҶАВОНОН. Муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Алексей Оверчук дар Тоҷикистон қарор дорад

Ноябрь 30, 2021 12:52

ДУШАНБЕ, 30.11.2021 /АМИТ «Ховар» /. Иқтисод, маориф, ҷавонон — ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар ин бахшҳо мавзӯи асосии конфронси 8-уми ҳамкории байниминтақавии ду кишвар хоҳад буд, ки имрӯз дар маркази маъмурии вилояти Хатлон — шаҳри Бохтар бо иштироки ҳамраисони Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории Тоҷикистон ва Русия — муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ва муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Алексей Оверчук баргузор мегардад.

Дар доираи конфронс баргузории мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои «Рушди ҳамкории Тоҷикистону Русия дар соҳаҳои кишоварзӣ, саноат, логистика ва иқтисоди рақамӣ», «Минтақаҳои Тоҷикистону Русия: ҷавонон ва ҷанбаҳои таълимии ҳамкорӣ» ва «Рушди ҳамкории байниминтақавии Тоҷикистон ва Русия: масъалаҳои шаҳрдорӣ» дар назар аст.

Сипас ҷаласаи умумӣ баргузор мешавад, ки дар он муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода, муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Алексей Оверчук, инчунин раҳбарони вазорату идораҳои дахлдори Тоҷикистону Русия иштирок ва суханронӣ мекунанд.

Имрӯз маълум шуд, ки Ҳукумати Русия барои бунёди 5 мактаби русӣ дар Тоҷикистон ҳудуди 150 миллион доллар ҷудо кардааст. Дар ин бора Алексей Оверчук зимни боздид аз сохтмони муассисаи таълимӣ дар Душанбе изҳор дошт.

Ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки дар мактабҳои нав омӯзгорони рус дарс диҳанд ва барномаи таълимӣ махсус барои Тоҷикистон мутобиқ карда шавад.

Тибқи нақша, мактабҳо бояд то моҳи сентябри соли 2022 ба истифода дода шаванд.

Тавре АМИТ «Ховар» қаблан хабар дода буд, моҳи апрели соли 2019 баъд аз музокироти сарони ҳарду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин дар Москва созишнома дар бораи бунёди 5 мактаби русӣ дар панҷ шаҳри ҷумҳурӣ – Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва Турсунзода бо таълим ба забони русӣ аз ҷониби Русия ба имзо расида буд. Ҳар мактаб барои таълими 1200 нафар хонандагон пешбинӣ шудааст.

                                                         АКС: Спутник

Ноябрь 30, 2021 12:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад