Иштирокдорони СПЕКА таҷрибаи Тоҷикистонро оид ба содагардонии расмиёти савдо қобили таваҷҷуҳ ҳисобиданд

Ноябрь 19, 2021 13:26

ДУШАНБЕ, 19.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Иштирокдорони  ҳамоиши Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (СПЕКА) истифодаи таҷрибаи Тоҷикистонро дар чаҳорчӯбаи Созишномаи Созмони ҷаҳонии савдо оид ба содагардонии расмиёти савдо қобили таваҷҷуҳ шумориданд. Дар ин бора аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

17-18 ноябр дар шаҳри Тошканд дар ҳошияи чорабиниҳои Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (СПЕКА) Форуми иқтисодӣ дар мавзӯи «Нақлиёт ва савдои устувор барои иқтисоди сабз ва фарогир баъд аз пандемия» бо иштироки намояндагони кишварҳои Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон, инчунин созмонҳо ва ниҳодҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ баргузор гардид. Дар кори ҳамоиш муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмон Абдураҳмонзода иштирок ва суханронӣ намуд.

Дар доираи Форум масъалаҳо вобаста ба тақвияти ҳамкории минтақавӣ дар самти содагардонии низоми нақлиётӣ ва расмиёти савдо ҳамчун омили асосӣ барои иқтисоди сабз байни кишварҳои аъзои СПЕКА баррасӣ гардида, инчунин вобаста ба мавзӯъ аз ҷониби намояндагони кишварҳо ва коршиносони байналмилалии соҳавӣ рӯнамоҳо пешниҳод гардид.

Роҳбари ҳайати кишвар А. Абдураҳмонзода  дар Форум мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистонро муаррифӣ намуда, дар робита ба корҳои амалинамудаи Ҳукумати ҷумҳурӣ вобаста ба содагардонии расмиёти савдо, аз ҷумла фаъолияти Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо, Портали савдои Тоҷикистон ва ҷорӣ намудани низоми Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯнамо пешниҳод намуд, ки иштирокдорон истифодаи таҷрибаи Тоҷикистонро дар чаҳорчӯбаи Созишномаи Созмони ҷаҳонии савдо оид ба содагардонии расмиёти савдо қобили таваҷҷуҳ шумориданд.

Зикр гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2021-2025, Барномаи иқтисоди рақамӣ барои солҳои 2021-2025 ва Барномаи давлатии рушди содирот барои солҳои 2021-2025-ро қабул намудааст, ки дар онҳо вазифаву афзалият ҷиҳати тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои алоҳидаи иқтисодӣ бо назардошти ҳадафхои рушди устувор пешбинӣ гардидаанд. Бинобар ин барои расидан ба ҳадафҳои санадҳои зикршуда дар самти таҳкими робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ бо кишварҳои минтақа ҷалби сармояи хориҷӣ зарур арзёбӣ карда шуд.

Дар охири Форум ҷиҳати тақвияти ҳамкории минбаъда дар соҳаҳои савдову нақлиёт ҳамчун шохаҳои муҳим ва таъминкунандаи рушд барои иқтисоди сабз ва фарогир баъд аз пандемия «Эъломияи Тошканд» қабул гардид.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдо

Ноябрь 19, 2021 13:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид
Иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши барҷаста доранд
Дурнамои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба муносибати Рӯзи иқтисодчиён ҳамоиши тантанавӣ доир гардид
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти рақамикунонии иқтисод ва идоракунии давлатӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият мебахшанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ ИҚТИСОДЧИЁН. То соли 2030 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,8 маротиба афзоиш дода мешавад