«Истиқлол» ва «Хуҷанд» дар бозиҳои аввали нимфинали Ҷоми Тоҷикистон-2021 бар ҳарифонашон ғолиб омаданд
ДУШАНБЕ, 09.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бозиҳои аввали даври нимфинали Ҷоми Тоҷикистон-2021 оид ба футбол хеле ҷолиб баргузор шуданд. Дар ин давр дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бар дастаи футболи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд бо ҳисоби 4:3 ғалаба кард, иттилоъ медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Бозии дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе дар сатҳи баланд доир гашт. Футболбозони дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ҳамаи голҳоро дар нимаи аввали бозӣ ба нишон расониданд. Манучеҳр Ҷалилов дар дақиқаи 8-ум, Алишер Ҷалилов дар дақиқаи 25, Манучеҳр Сафаров дар дақиқаи 28, Рёта Нома дар дақиқаи 38 дарвозабони дастаи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷандро маҷбур карданд, ки тӯбро аз дохили дарвоза берун орад.
Дар ҳайати дастаи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд Ҷаҳонгир Эргашев ду тӯб, Аҳрорҷон Иноятов як тӯб ба ҳадаф расонданд. Дар бозии дигари нимфинали Ҷоми Тоҷикистон-2021 дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд дар майдони худ ба дарвозаи дастаи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб 4 голи беҷавоб зад. Дилшод Бозоров ду гол, Нозим Бобоҷонов ва Комрон Турсунов якголӣ ба нишон расониданд.
Ёдовар мешавем, ки бозиҳои ҷавобии дастаҳо дар даври нимфинали Ҷоми Тоҷикистон 27-28 ноябр ба нақша гирифта шудаанд.
АКС аз Федератсияи футболи Тоҷикистон