КОБУЛ ЯКЕ АЗ ХАВФНОКТАРИН НУҚТАҲОИ САЙЁРА ГАРДИД. Дар ин бора имрӯз сиёсатшинос, сардори Маркази омӯзиши сиёсати Афғонистон Андрей Серенко изҳори назар намуд
ДУШАНБЕ, 19.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Директори маркази таҳлилии ҷамъияти сиёсатшиносони Русия, роҳбари Маркази омӯзишии сиёсати Афғонистон Андрей Серенко зикр намуд, ки имрӯз Кобул ба яке аз нуқтаҳои хатарноки ҷаҳон табдил ёфтааст, иттилоъ медиҳад радиои «Sputnik».
Ба андешаи ӯ, имрӯз имконияти беҳбудбахшии вазъи Афғонистон хеле кам аст.
«Кобули имрӯза-яке аз шаҳрҳои хатарноки дунёст, дар мадди аввал ҳатто на танҳо ба сабаби ҳузури толибон*, балки аз боиси ҷинояткорони муқаррарияш»,-зикр намуд Серенко.
Ба гуфтаи ӯ, имрӯз толибон* қудатманди он нестанд, ки амнияти кишвар, аз ҷумла амнияти пойтахти Афғонистонро таъмин намоянд. Ҳарчанд ки онҳо пайваста хабар медиҳанд, ки баъди баромадани неруҳои иттиҳоди ғарб дар кишвар сулҳу субот пойдор аст.
Серенко изҳор медорад, ки вазъият куллан ин гуна нест, зеро дар минтақа ҳаракатҳои террористӣ низ фаъол гардидаанд. Ҳамлаҳои охир дар Кобул нишон медиҳанд, ки толибон вазъиятро идора намекунанд.
«Масъулияти бештари ҳамлаҳоро ДОИШ* ба дӯш мегирад, аммо онро ҳам одамони ба ДОИШ* алоқаманд ва ҳам ташкилоти ҷиҳодию гурӯҳҳои толибоне, ки миёни ҳам меҷанганд, бо истифода аз номи гурӯҳ метавонанд амалӣ намоянд»,-афзуд коршинос.
Роҳбари Маркази омӯзишии сиёсати Афғонистон ҳамзамон иброз медорад, ки дар Кобул ҳолати ҷинояткории дохилӣ низ муташанниҷ гаштааст.
«Дар Афғонистон вазъи ҷинояткорӣ: одамрабоӣ, ғоратгарӣ, куштор хеле ташаннӯҷ ёфт, ин ҳолат дар сар то сари кишвар, аз ҷумла шаҳрҳои калон низ чашмрас аст»,-гуфт таҳлилгар.
Зимни ибрози андеша оид ба ояндаи кишвар Серенко зикр намуд, ки аз ин гуна вазъият наметавон ояндаи хубро чашмдор шуд, балки ҳолат рӯз ба рӯз бадтар мешавад.
«Толибон* имрӯзҳо имконияти пурқувват кардани идораи кишварро надоранд. Онҳо худ ба анҷом додани амалҳои террористӣ одат кардаанд ва таҷрибаи пешгирӣ кардани ин гуна амалҳоро надоранд»,- баён дошт Андрей Серенко.
_______________________________
*«Толибон», ДОИШ (Давлати исломӣ-ташкилоте, ки чун созмони террористӣ дар Тоҷикистон, Русия ва дигар кишварҳо мамнуъ эълон шудааст).
АКС: youtube.com








Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад






