«Конститутсия — сарчашмаи таъмини адолат». Таҳти чунин унвон дар Душанбе ҳамоиши илмӣ-назариявӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 05.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳнамоест барои имрӯзу фардои давлату миллат. Чун бахтномаи сарнавиштсоз моро ҳифз мекунад ва мебарад сӯйи ояндаи неку дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол. Бо эътимод метавон изҳор намуд, ки 27 — солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷашни мубораки миллӣ ба густариши бештари худогоҳиву худшиносӣ, ваҳдати миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори ватандории ҳар фарди бонангу номуси Тоҷикистони соҳибистиқлол неруи тоза мебахшад. Ин нукта имрӯз зимни баргузории ҳамоиши илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Конститутсия- сарчашмаи таъмини адолат» бо иштироки роҳбарият ва кормандони Муассисаи нашриявии «Ирфон» баён шуд, иттилоъ дод ба АМИТ «Ховар» корманди муассисаи мазкур Дилрабо Ибодова.
Директори муассиса Қурбон Ғуломзода иброз намуд, ки дар тӯли 27 соли амали Конститутсия Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ эътироф шуда, соҳиби рамзҳои давлатӣ гардид. Конститутсия- ин рамзи озодӣ ва мустақилияти давлатамон аст, инчунин дар Қонуни асосии давлат ҳуқуқи ҳар кас ба меҳнат, музди кор, истироҳат, таҳсил, истифодаи арзишҳои фарҳангӣ, ҳифзи ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ зикр гардидааст.
Дар ҷараёни ҳамоиш аз ҷониби иштирокдорон маърӯзаҳо ироа гардида, зикр шуд, ки Конститутсия ҳамчун падидаи ҳуқуқӣ дар он ифода меёбад, ки дорои қувваи баланди ҳуқуқӣ мебошад. Меъёрҳои Конститутсия мустақиман амал карда, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро кафолат медиҳанд ва дигар унсурҳои давлатро ба танзим медароранд.
АКС аз Муассисаи нашриявии «Ирфон»








Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад






