Маросими пӯшидашавии машқҳои тактикии «Кобалт-2021» баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 20.11.2021. /АМИТ «Ховар»/. 19 ноябр дар машқгоҳи саҳроии «Фахробод» маросими пӯшидашавии машқҳои махсуси тактикии «Кобалт-2021» таҳти унвони «Банақшагирӣ ва гузаронидани амалиёти махсус барои нест кардани гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ» баргузор гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумурии Тоҷикистон.
Маросими пӯшидашавии машқҳои махсуси тактикии «Кобалт-2021» дар майдони сафороӣ бо намоиши яроқу аслиҳа доир гардид. Сипас, аъзои ситод ҷараёни гузаронидани машқҳои махсуси тактикиро назорат намуда, ба баргузории чунин амалиёти дастаҷамъӣ ҷиҳати пешгирии амалҳои террористию безараргардонӣ баҳои баланд доданд. Муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумурии Тоҷикистон, генерал-майори хизмати дохилӣ Нозим Иброҳимзода ба иштирокчиён барои дар сатҳи зарурӣ гузаронидани машқҳои муштарак ҷиҳати пешгирии амалҳои террористӣ изори сипос намуд.
Ба иштирокчиёне, ки маҳорати хуб нишон доданд, аз тарафи намояндагони аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ медалу Ифтихорнома ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.
Дар ин машқҳо воҳидҳои таъиноти махсуси вазоратҳои корҳои дохилӣ ва Қувваҳои зудамали оперативии давлатҳои СААД, аз ҷумла намояндагони Федератсияи Русия ва Тоҷикистон, Арманистон, Беларусия, Қазоқистон ва Қирғизистон иштирок намуданд.
Ёдовар мешавем, ки машқҳои махсуси тактикии «Кобалт-2021» аз 15 то 19 ноябри соли равон дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронида шуданд.
АКСҲО: ВКД ҶТ











Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Шурои амният баргузор шуд
Дар Душанбе иқдоми «Тасмаи бехатарӣ – муҳофизи шумо дар роҳ» гузаронида шуд
Имсол шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд
ТАЪЛИМОТИ ҒАЙРИРАСМИИ ДИНӢ-ТАҲДИД БА ОЯНДАИ ҶОМЕА. Ва ё чаро ҳуқуқи кӯдакон ба таҳсили қонунӣ поймол мегардад?
Терроризм ва экстремизм хатари минтақавию байналмилалӣ дорад
ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ. Дар ду соли охир дар садамаҳои роҳу нақлиёт зиёда аз ҳазор нафар ба ҳалокат расидааст
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Иттиҳоди Аврупо масоили марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи амниятро баррасӣ намуд
Дар Бадахшон мусобиқаи варзишӣ аз намуди футбол байни сохторҳои қудратӣ ҷамъбаст гардид
Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон бошукуҳ таҷлил гардид






