Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба вазнбардорӣ миёни варзишгарони маъюб муайян шуданд
ДУШАНБЕ, 02.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба вазнбардорӣ миёни варзишгарони имконияташон маҳдуд бо иштироки 5 даста аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷараён гирифт, ки шумораи зиёди варзишгаронро ба ҳам овард, хабар дод корманди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳалимҷон Набизода ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон.
Мусобиқаи вазнбардорӣ дар баробари мардон миёни бонувон низ ҷолиб ҷараён гирифт ва баъди ба даст овардани ғолибият беҳтарин варзишгарон ба давраҳои ниҳоӣ роҳ ёфтанд. Тавре масъулини Федератсияи варзишгарони маъюби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, шароити баргузории мусобиқа барои чунин афрод дар шаҳри Кӯлоб ба таври зарурӣ ба роҳ монда шуда, онҳо маротибаи чорум аст, ки маҳз дар ин макон мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ баргузор менамоянд. Масъулини бахши кор бо ҷавонон ва варзиши минтақаи Кӯлоб низ ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани ин ҳамоиш аз имконияти мавҷуда самаранок истифода карда, дар якҷоягӣ бо ситоди доварон беҳтарин варзишгаронро муайян намуданд.
Аз ҷониби масъулин таъкид гардид, ки мақсад аз баргузории ин мусобиқа вусъат додани таваҷҷуҳ ва ташаккули муносибати мусбат ва ҳисси эҳтиром нисбат ба шахсони дорои имконияти маҳдуд, ҷалби чунин ашхос ба намудҳои гуногуни варзиш вобаста ба имконият, рушди қобилияти шахсӣ ва таҳкими зиндагии шахсони дорои маъюбият унвон карда шуд.
Мавриди зикр аст, ки намудҳои варзиши вазнбардорӣ миёни варзишгарони имконияташон маҳдуд дар Тоҷикистон ривоҷ ёфта истода, таваҷҷуҳу ғамхорӣ ба ин қишри ҷомеа аз ҷониби масъулони соҳа метавонад ба рушду нумуъ ва дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ намудани варзишгарони мо мусоидати созгор намояд.
Ёдрас мешавем, ки мусобиқаи мазкур давоми ду рӯз идома карда, дар ҷамъбаст ғолибон ва беҳтарин варзишгарон аз ҷониби масъулини Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши мамлакат бо нишону ифтихорнома қадршиносӣ карда шуданд.
АКС: КМО Тоҷикистон
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад






