Қонун «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022» қабул гардид

Ноябрь 24, 2021 11:45

ДУШАНБЕ, 24.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагон, даъвати шашум, ки имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода баргузор гардид, вакилон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022» ва дурнамои нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои солҳои 2023-2024-ро баррасӣ намуданд. Дар ин бора котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Зимни баррасии масъалаи мазкур раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Машраб Файзулло ва Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода иброз намуданд, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022» ва дурнамои нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои солҳои 2023-2024 аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Дар таҳияи буҷети давлатӣ, пеш аз ҳама, ҳадафҳои афзалиятноки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2021 баёнгардида, дастуру супоришҳо аз вохӯриҳо бо намояндагони аҳли ҷомеа, дастуру супоришҳои протоколии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қарору барномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин тавсия ва пешниҳодҳои вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дархости мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба инобат гирифта шудаанд.

Самтҳои баҳисобгирии даромади буҷети давлатӣ барои соли 2022 дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки воридоти андозӣ, ғайриандозӣ ва грантҳоро ба танзим медароранд, ба нақша гирифта шудааст.

Ҳамасола буҷети давлатӣ дар доираи нишондиҳандаҳо, ҳадаф ва афзалияти асосӣ, стратегия, барномаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди воқеии иқтисодиёти миллӣ ва Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 амалӣ мегардад.

Дар раванди таҳияи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022 Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз рӯи афзоиши воқеӣ ба андозаи 7,9 фоиз ба маблағи 103,9 млрд. сомонӣ, индекси дефлятори ММД – 3,4 фоиз муайян карда шудааст.

Ҳаҷми умумии даромади Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022 ба маблағи 33 млрд. сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки ба 31,7 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ баробар мебошад. Даромади буҷет нисбат ба соли 2021 ба андозаи 19,4 фоиз ё 5,3 млрд. сомонӣ зиёд мебошад.

Дар соли 2022 даромади буҷети ҷумҳуриявӣ 12 млрд 964 млн сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки ин нисбат ба соли 2021 ба маблағи 1 млрд 465 млн сомонӣ зиёд мебошад.

Ҳаҷми умумии хароҷоти Буҷети давлатӣ барои соли 2022 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ дар ҳаҷми 33 млрд 626 млн сомонӣ ба нақша гирифта шудааст ва 32,3 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад, ки нисбат ба буҷети давлатӣ соли 2021 ба маблағи 5 млрд 517 млн сомонӣ зиёд мебошад.

Лоиҳаи Қонуни мазкур ба моддаҳои 1, 17 ва 60-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ба талаботи қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад.

Дар иҷлосия ҳамчунин лоиҳаи Барномаи қарзгирии берунаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022 ва дурнамои нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2023-2024 ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи парандапарварӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз рӯи ҳамаи масъалаҳои муҳокимашуда қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

 АКСҲО: МН МО ҶТ

Ноябрь 24, 2021 11:45

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЛАМЕНТ ВА ДИПЛОМАТИЯИ МИЛЛӢ: 35 СОЛИ ТАҶРИБАИ ДАВЛАТДОРИИ МУСТАҚИЛИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ
Дилноза Аҳмадзода: «Истиқлолият заминаи асосии таҳкими давлатдории миллӣ ва рушди Тоҷикистон гардид»
Файзалӣ Идизода сокинони Сангворро ба гиромӣ доштани дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ даъват намуд
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Марҳилаи пур аз рӯйдодҳои муҳим, созандагӣ ва дастовардҳои беназири Тоҷикистон
Вакилони Маҷлиси намояндагон ба фаъолони ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансури пойтахт моҳияти Истиқлоли давлатиро шарҳ доданд
Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон бо фаъолони шаҳри Панҷакент вохӯрӣ намуд
Файзалӣ Идизода бо аскарону афсарон ва фаъолони ноҳияи Сангвор вохӯрӣ намуд
Вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагон бо кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе доир шуд
Дастовардҳои соҳаи маориф дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Ҳисор баррасӣ шуданд
Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Вакилони Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Фирдавсӣ вохӯрӣ намуданд
Вакили Маҷлиси намояндагон бо кормандони соҳаи тандурустии шаҳри Ҳисор вохӯрӣ намуд