Рушди иқтисоди Тоҷикистон дар 9 моҳи соли 2021 баландтарин нишондиҳанда дар минтақа арзёбӣ мешавад

Ноябрь 2, 2021 10:17

ДУШАНБЕ, 2.11.2021. /АМИТ «Ховар»/. Давоми моҳҳои январ-сентябри соли 2021 суръати рушди Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ  /ММД/ 8,9 фоизро ташкил додааст, ки ин рақам нисбат ба 9 моҳи соли гузашта 4,7 фоиз зиёд мебошад.  Яъне ҳаҷми ММД давоми 9 моҳи соли 2021 67,1 млрд сомониро ташкил кардааст, ки ин рақам дар ҳамин давраи соли 2020 ба 55,6 млрд сомонӣ баробар буд. Ин дар ҳолест, ки охирҳои соли 2020 масъулини Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар рушди иқтисоди Тоҷикистонро дар соли 2021  7,6% пешбинӣ карда буданд ва таъкид гардида буд, ки ҷиҳати расидан ба нишондиҳандаи мазкур зарфияти дохилӣ имконпазир аст.

Дар натиҷаи сари вақт амалӣ намудани супоришҳои ҳукумати мамлакат ва андешидани тадбирҳои зиддибуҳронӣ устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ таъмин  гардид.

Тибқи арзёбии ташкилоти байналмилалии молиявӣ, рушди иқтисоди Тоҷикистон дар ин давра нишондиҳандаи баландтарин дар минтақа ба ҳисоб меравад. Дар ин бора сардори шуъбаи дурнамосозии макроиқтисодии Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Муҳаммад Ҷалолзода иттилоъ дод. Суръати рушди иқтисодиёт аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 29,6 фоиз, истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 22,6 фоиз, мусофиркашонӣ 13 фоиз, гардиши савдои дохилӣ 14 фоиз, кишоварзӣ 6,3 фоиз, боркашонӣ 1 фоиз, хизматрасонии пулакӣ 12 фоиз ва гардиши савдои хориҷӣ 33,1 фоиз, аз ҷумла содирот 1,3 маротиба таъмин гардидааст.

Ҳаҷми номиналӣ ва рушди воқеии ММД дар нуҳ моҳи солҳои 2017-2021

Дар ташаккули ММД соҳаи саноат мавқеи назаррасро ишғол мекунад. Масъулини соҳа мегӯянд, ки ҷиҳати амалишавии ҳадафи чорум ё саноатикунонии босуръат дар 9 моҳи соли ҷорӣ бештар аз 100 корхонаи хурду бузурги саноатӣ ба кор оғоз намудаанд, ки фаъолияти соҳаро беҳтар месозад. Дар муқоиса ба 9 моҳи соли 2020  истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ  ба андозаи 12%  афзоиш ёфтааст. Гуфта мешавад, ки ҳиссаи бахши хусусӣ дар ташаккули маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ 90,3 фоизро ташкил медиҳад, ки нисбат ба 9 моҳи соли 2020  2,5 банди фоизӣ зиёд мебошад.

Ба иттилои Муҳаммад Ҷалолзода,  сатҳи таваррум нисбат ба 9 моҳи соли 2020  0,2 банди фоизӣ зиёд буда, 5,3 фоизро ташкил додааст.

Тавре мушоҳида мекунем, имрӯзҳо дар бозорҳои мамлакат нархи маҳсулоти озуқаворӣ дар ҳолати болоравӣ қарор дорад, ки боиси нигаронии аҳли ҷомеа гардидааст. Дар ҳамин маврид Муҳаммад Ҷалолзода  изҳор дошт, ки болоравии арзиши маҳсулот, аз ҷумла маҳсулоти хӯрокворӣ хоси Тоҷикистон набуда,  тамоюли болоравии он дар бозори ҷаҳонӣ эҳсос мешавад. Ба гуфтаи ӯ,  нархи миёнаи воридотии равғани растанӣ ба кишвар барои як тонна 334 доллар, шакар 123 доллар ва орд 4 доллар дар қиёс ба нархи миёнаи воридотии ҳамин давраи соли 2020 афзоиш ёфтааст. Баландшавии нархи маҳсулоти ғайриозуқа дар моҳҳои январ-сентябри соли 2021 бештар аз ҳисоби болоравии нархи бензин 1,6 маротиба то 10,8 сомонӣ, сӯзишвории дизелӣ 1,4 маротиба то 9,4 сомонӣ ва гази моеъ 1,9 маротиба то 8 сомонӣ ба миён омадааст, гуфт сардори шуъбаи дурнамосозии макроиқтисодии Вазорати рушди иқтисод ва савдо.

Бо таваҷҷуҳ ба паҳншавии пандемияи коронавирус, ки вазъияти молиявии шарикони тиҷоратӣ ва воридоти молу маҳсулотро маҳдуд намуд, гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 9 моҳи соли 2021 тамоюли афзояндаро нигоҳ доштааст.

Ба иттилои корманди Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Далер Маҳмудов, нисбат ба 9 моҳи соли 2020  афзоиши ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ ба андозаи 33,1% ё 1133,1 млн. доллар зиёд мебошад. Дар ин давра ҳаҷми содирот ва воридоти  мол низ афзоиш ёфтааст. Аз ҷумла, содирот 364,5 млн. доллар ва воридот 768,5 млн. доллар афзоиш ёфтааст.

Тавре Далер Маҳмудов мегӯяд, давоми 9 моҳи соли ҷорӣ ба мамлакат 449,2 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ бо арзиши 277,9 млн доллар ворид гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 0,4 ҳазор тонна ё ба маблағи 63,2 млн доллар зиёд мебошад. Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, ки нархи миёнаи воридотии бензин 199 доллар, сӯзишвории дизелӣ 106 доллар, равғанҳои молиданӣ 439 доллар барои як тонна нисбат ба нархҳои миёнаи соли 2020 афзоиш ёфтааст.

Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР,
АМИТ «Ховар»

Аксҳо аз муаллиф

Ноябрь 2, 2021 10:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Нархномаи хизматрасонии пулакии муассисаҳои таълимӣ барои солҳои 2025-2026 тағйир намеёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон дар сатми рушди соҳибкорӣ бо Амрико, Узбекистон ва Қирғизистон баррасӣ гардид
Дар Маркази миллии патенту иттилоот оид ба шарҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш баргузор гардид
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе терминали нав бунёд мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Низоми ягонаи гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ беш аз 850 мақомоту ташкилоти давлатӣ фаъоланд
EKHIZMAT.TJ. Ин портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ ба шаҳрвандон 83 номгӯй хизматрасонии давлатӣ пешниҳод менамояд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Қонунвайронкунии зиддиинҳисорӣ ба маблағи 3,5 миллион сомонӣ ошкор карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шинос гардид
Дурнамои тақвияти ҳамкории Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Иқтидору имконияти сармоягузории Тоҷикистон дар Форуми B5+1 дар Бишкек муаррифӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар Ассамблеяи умумии Созмони ҳамкории рақамӣ иштирок намуд
Дар теппаҳои шоҳроҳҳои Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ беш аз 106 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд