Сафири Тоҷикистон бо Раиси вилояти Ҳурмузгони Эрон мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 04.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. 3 ноябр дар Теҳрон Сафири Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо Раиси вилояти Ҳурмузгони Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳдӣ Дӯстӣ мулоқот анҷом дод. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумхурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар мулоқот роҳбарони мақомоти иқтисодиву тиҷоратии вилояти мазкур низ ҳузур доштанд.
Ҷонибҳо бо дарназардошти зарфияти бузурги транзитию нақлиётии вилояти Ҳурмузгон, масъалаҳои истифодаи имконоти бандарҳои он, бавижа Бандараббосро дар тавсеаи ҳамкории тиҷоратии Тоҷикистон бо кишварҳои минтақа мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамчунин дар мулоқот ҷониби эронӣ иқтидорҳои иқтисодиву тиҷоратии вилояти Ҳурмузгонро муаррифӣ намуда, омодагиашро ҷиҳати рушди ҳамкории мутақобилан судманд бо Тоҷикистон баён кард.
АКС: ВКХ ҶТ








Масири дӯстӣ: Марҳилаи нави таърихӣ дар муносибатҳои Тоҷикистон ва Муғулистон
Сафири Тоҷикистон бо намояндагони Котиботи давлатии ИМА мулоқот намуд
САФАРИ ТАЪРИХӢ БА ҚАЛБИ ОСИЁ. Ва ё чаро Муғулистон барои Тоҷикистон муҳим аст?
Дар Москва қатъномаи СММ оид ба «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» муаррифӣ шуд
Дар Масқат масъалаи рушди ҳамкории Тоҷикистону Умон дар соҳаи тандурустӣ баррасӣ шуд
Рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Кувайт баррасӣ шуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи сатҳи баланди сиёсӣ ва амниятии Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон дар Давлати Кувайт бо Дабири кулли Муколамаи ҳамкории Осиё мулоқот намуд
Мероси Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар нишасти байналмилалӣ дар Теҳрон баррасӣ гардид
Мусоҳибаи Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Салтанати Умон Зубайдулло Зубайдзода бо рӯзномаи «Умон»
Идибек Қаландар бо муовини Дабири кулли Хадамоти амалиёти хориҷии Аврупо мулоқот намуд
Дар Теҳрон масоили рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон дар соҳаи нақлиёт баррасӣ гардид






