«СОЗАНДАГИҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТӮЛИ СЕ ДАҲСОЛАИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ». Таҳти ин ном дар Душанбе Конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид

Ноябрь 15, 2021 14:26

ДУШАНБЕ, 15.11.2021. /АМИТ «Ховар»/. 15 ноябр ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Созандагиҳои Пешвои миллат дар тӯли се даҳсолаи соҳибистиқлолӣ» Конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Ҳадаф аз баргузории ин ҳамоиши илмӣ-назариявӣ муаррифии талошҳову ташаббусҳои муҳим, фаъолияти созандаи Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи таъмини сулҳи сартосарӣ, ваҳдати миллӣ, эъмори ҷомеаи дунявию демократӣ, таҳия ва қабули барномаҳои давлатӣ, лоиҳаҳои бузурги сармоягузорӣ, стратегияҳои миллӣ ва муайян кардани чор самти асосию стратегии давлат ба хотири рушду пешрафти бахшҳои муҳими иқтисоди миллӣ ва дар маҷмӯъ таъмини зиндагии шоистаи мардуми шарафманди тоҷик давоми 30 соли соҳибистиқлолии кишвар мебошад.

Конференсия бо ибтикори Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳмон Озода Эмомалӣ баргузор гардид.

Дар оғози Конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи “Созандагиҳои Пешвои миллат дар тӯли се даҳсолаи соҳибистиқлолӣ” муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид аз номи худ ва Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳмон Озода Эмомалӣ ҳамаи иштирокчиёни конференсия ва дар шахси онҳо тамоми мардуми шарафманди кишварро ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола аз ҷониби шаҳрвандони шукргузори мамлакат бо шукӯҳи хосса ва қадршиносӣ аз заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат таҷлил мегардад, табрику таҳният гуфтанд.

Дар кори конференсия олимон, муҳаққиқони пажӯҳишгоҳҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар, ҳамзамон намояндагони якяанд мақомот ва идораҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маҷмӯъ донишмандони ҷумҳурӣ, ки аксари онҳоро ҷавонони хуштолеи даврони соҳибистиқлолӣ ташкил медиҳанд, бо пешниҳоди мақолаҳои илмӣ дар самтҳои сиёсати сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва байналмилалии Роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан гуфтанд.

Дар қисми аввали кори Конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзуи “Созандагиҳои Пешвои миллат дар тӯли се даҳсолаи соҳибистиқлолӣ”, ки дар толори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, оид ба  “Иқдомҳои Пешвои миллат дар рушди иқтисодии мамлакат” Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Неъматулло Ҳикматуллозода, дар бораи “Пешвои миллат-поягузори низоми давлатдорӣ ва идоракунии давлат” Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Зариф Ализода, дар мавзӯи “Пешвои миллат ва таҳкими низоми иҷтимоии кишвар дар замони истиқлол” Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода, дар мавзӯи “Дастовардҳои Тоҷикистон дар самти муносибатҳои байналмилалӣ” Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Аъзамшо Шарифӣ, дар бораи “Нақши Пешвои миллат дар ташаккули парламентаризм” муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, дар мавзӯи “Пешвои миллат ва рушду нумуи соҳаи маориф дар замони истиқлол” Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода ва дар бораи “Нақши Пешвои миллат дар рушду таҳқими ҳокимияти судӣ” раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳиён Шермуҳаммад маърӯза намуданд.

Ҳамчунин дар кори конференсия оид ба таҳқиқу таҳлили шахсияти фарзонафарзанди миллат, абармарди таърихӣ ва дигар хизматҳои беназири Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим ва Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухалил Ғафурзода маърӯза намуданд.

Бояд гуфт, ки аз рӯи нақша қисми дуюми кори Конференсияи илмӣ — назариявӣ дар мавзӯи “Созандагиҳои Пешвои миллат дар тӯли се даҳсолаи соҳибистиқлолӣ” нимаи дуюми рӯз дар Вазорати маориф ва илм, Академияи идоракунии давлатӣ ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар бахшҳои алоҳида дар самтҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, маорифу фарҳанг ва сиёсати байналмилалӣ олимони кишвар маърӯзаҳои илмӣ карданд.

Дар маҷмӯъ имрӯз ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кори Конференсияи илмӣ — назариявӣ дар мавзӯи “Созандагиҳои Пешвои миллат дар тӯли се даҳсолаи соҳибистиқлолӣ” аз ҷониби олимон, муҳаққиқони пажӯҳишгоҳҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар, намояндагони якчанд мақомот ва идораҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 40 мақолаи илмии фарогири ҷанбаҳои гуногуни фаъолияти самаранок ва сиёсати бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешкаши иштирокчиёни конференсия карда шуд.

АКСҲО: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 15, 2021 14:26

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАР СЕ ДАҚИҚА ДАР БОРАИ СӢ СОЛ. Телевизиони марказии Чин навореро дар бораи ҳамкории Чин ва Тоҷикистон намоиш дод
РОҲИ ДУШАНБЕ-ЧАНОК КУШОДА ШУД. Роҳ пас аз фаромадани 17 тарма тоза карда шуда, ҳаракати нақлиёт дар ду самт оғоз гардид
ШУМОРАИ НАВБАТИИ БЮЛЛЕТЕН «ОИД БА ТАДБИРҲОИ МУБОРИЗА БО КОРОНАВИРУС ДАР КИШВАРҲОИ ИДМ» НАШР ШУД. Бахши вобаста ба Тоҷикистон аз маводи нашркардаи АМИТ «Ховар» иборат аст
АҚЛИ РАСО ВА ДИДАИ БИНО. Омилҳое, ки барои дарки мазмуну моҳияти Паёми Пешвои миллат ба мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузории мамлакат заруранд
СОЛИ 2022 МОРО ЧӢ ИНТИЗОР АСТ? Гузориши хабарнигорони АМИТ «Ховар» дар бораи дигаргуниҳо дар ҳаёти мардуми Тоҷикистон
Соҳибкор Маҳмудҷон Муродов дар арафаи Соли нави мелодӣ ба сарбозону афсарон ва оилаҳои ниёзманд кумаки моддӣ расонид
ДАР ТОҶИКИСТОН СУРЪАТИ ЭМГУЗАРОНӢ АЗ КОВИД-19-РО АФЗОИШ МЕДИҲАНД. Вале иҷрои нақша дар баъзе шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар сатҳи паст қарор дорад
Рустам Ҳайдаров: Паёми Президенти Тоҷикистон дар шароити мураккаби геополитикӣ ва геоиқтисодии ҷаҳони имрӯза ҳуҷҷати роҳнамост
Зубайдулло Давлатов, коршиноси масоили сиёсӣ: Паёми навбатии Пешвои миллат фарогири як пешниҳод, як нақшаи чорабиниҳо, як барнома, ду стратегия, ду консепсия ва даҳ супориш аст
Ба Тоҷикистон боз 2 миллиону 962 ҳазору 800 воя ваксинаи «КоронаВак» ворид гардид
ДАР ҲОШИЯИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ. Ҳукумати ҷумҳурӣ дар якҷоягӣ бо БРСММ оид ба рушди малакаи касбии ҷавонон ва пешбурди инноватсия дар Тоҷикистон лоиҳаи нав оғоз менамояд
Имшаб ба Тоҷикистон 2 миллиону 900 ҳазор воя ваксинаи «КоронаВак» ворид мегардад