ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 ноябр, ҷумъа, 316-умин рӯзи соли 2021 аст

Ноябрь 12, 2021 08:00

12 ноябри соли 2015 дар қароргоҳи Президенти Покистон маросими супоридани унвони фахрии «Доктори фалсафа ва иқтисод»-и Донишгоҳи Қоиди Аъзам ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ баргузор гардид.

***

12 сол қабл, 12 ноябри соли 2009 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодии Тоҷикистон ва Туркманистон доир шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2015 «Боғи миллии Тоҷикистон» ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид.

12 НОЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо бемории илтиҳоби шуш.

***

Дар Ҷумҳурии Озарбойҷон – Рӯзи Конститутсия.

РӮЙДОДҲО:

 12 ноябри соли  2014 ба дастаи «Истиқлол»-и Душанбе Ҷоми қаҳрамонӣ барои ғалаба дар Чемпионати Тоҷикистон-2014 супорида шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2015 Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика ба имзо расид.

***

12 ноябри соли 2015 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Тоҷикистон-2030: дар самти рушди устувори инсоният» Симпозиуми байналмилалии илмӣ –оммавӣ баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2018 байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва некӯаҳволии Корея ёддошти тафоҳум ба имзо расид.

***

37 сол қабл, 12 ноябри соли 1984 дар шаҳри Аддис-Абебаи Эфиопия конфронси Созмони ваҳдати Африқо дар сатҳи роҳбарони кишварҳо баргузор гардида буд.

***

12 ноябри соли 1993 дар Ӯзбекистон асъори нав-сом ба муомилот бароварда шуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 2015 дар шаҳри Исломобод ҷаласаи якуми Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Покистон баргузор гардид.

***

Соли 1970  дар Ҳиндустон ва Покистон дар натиҷаи шадидтарин тундбоди асри XX зиёда аз 500 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд.

Ноябрь 12, 2021 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 апрел, ҷумъа, 117-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 апрел, панҷшанбе, 116-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 апрел, чоршанбе, 115-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 апрел, душанбе, 113-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 апрел, якшанбе, 112-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 апрел, шанбе, 111- умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 апрел, ҷумъа, 110- умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 апрел, панҷшанбе, 109-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 апрел, чоршанбе, 108-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 апрел, сешанбе, 107-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 апрел, душанбе, 105-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 апрел, якшанбе, 105-умин рӯзи соли 2024 аст