ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 ноябр, ҷумъа, 323-юмин рӯзи соли 2021 аст

Ноябрь 19, 2021 08:00

19 ноябри соли 2011 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 60-солагии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ карданд.

***

9 сол пеш, 19 ноябри соли 2012 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паҳлӯи чапи қасри фарҳанги Арбоб Маркази муҳташами фарҳангию фароғатӣ, ки бо нақшу нигори зебову дилкаш дар болои чӯб, санг, гаҷ ва оина оро ёфтааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

***

Дар ин рӯзи соли 1987  нархи рекордии фурӯши автомобил ба миён омадааст, ки дар музояда автомобили тамғаи «Бугати Роял-1931» («Bugatti Royale-1931») 5,5 миллион доллар нархгузорӣ шуд.

19 НОЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Украина – Рӯзи кормандони хоҷагии қишлоқ.

РӮЙДОДҲО:

19 ноябри соли 2011 масъалаи вазъи муҳоҷирони тоҷик дар ҳудуди Федератсияи Россия муҳокима карда шуд.

***

19 ноябри соли 1969  Ҳукумати Гана аз кишвараш 500 ҳазор муҳоҷиронро хориҷ кард.

***

Дар ин рӯзи соли 1984 дар Мехико бар асари таркиш дар нуқтаи нигоҳдории сӯзишворӣ 334 нафар ба ҳалокат расиданд.

***

19 ноябри соли 1991 дастаи футболи занонаи Шветсия дастаи футболи занонаи Японияро бо ҳисоби 8:0 мағлуб кард, ки ин рекорд натиҷагирии мусобиқаҳои финалии чемпионати ҷаҳон миёни занон арзёбӣ мегардад.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1893 аввалин маротиба дар таърихи ҷаҳон дар рӯзномаи «Ню-Йорк Велд» замимаи ранга нашр гардид.

***

Соли 1969 футболбози бразилиягӣ  Пеле голи 1000-уми худро зад.

Ноябрь 19, 2021 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш