Теъдоди қурбониёни COVID-19 дар ҷаҳон аз 5 миллион нафар гузашт
ДУШАНБЕ, 09.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз оғози пандемия дар ҷаҳон беш аз 5 071 143 нафар аз COVID-19 фавтидаанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ).
Шумораи умумии гирифторони коронавирус дар сайёра 251 083 108 нафарро ташкил медиҳад. Дар тамоми давраи пандемияи COVID-19 беш аз 227,3 миллион нафар мубталоён шифо ёфтаанд. Бештар ҳолатҳои сироятёбӣ дар Иёлоти Муттаҳидаи Америка ба қайд гирифта шудаанд, ки зиёда аз 47,4 миллион нафарро ташкил медиҳад. Аз ин 776,3 ҳазор нафар фавтида, 37,4 миллион нафар шифо ёфтаанд. Дар ҷои дуюм Ҳиндустон бо беш аз 34,3 миллион нафар (461,3 ҳазор нафар фавтиданд, 33,7 миллион нафар шифо ёфтанд) меистад. Ҷои сеюм ба Бразилия тааллуқ дорад — беш аз 21,8 миллион нафар гирифтор шуда, 609,6 ҳазор нафар фавтидаанд ва қариб 21,1 миллион нафар шифо ёфтаанд.
АКС аз манбаъҳои боз