ТУЛӮИ ХУРШЕДИ БАХТ. Пешвои миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар саросари сайёра ҳамчун ходими барҷастаи сиёсию давлатии сатҳи ҷаҳонӣ эътироф гардидаанд
ДУШАНБЕ, 16.11.2021. /АМИТ «Ховар»/. Аҳамияти таърихии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон бо гузашти вақт ва бо мурури замон бамаротиб бештар возеҳу рӯшану аёнтар мегардад. Зеро он муҳимтарин рӯйдод дар таърихи навини давлатдории тоҷикон мебошад ва аз ин рӯ дар таърихи миллати куҳанбунёди мо бо ҳуруфи заррин сабт мегардад. Зеро таҳаввулоти азими созанда ва сулҳофарин дар кишвари он замон ҷангзадаи мо ва сарнавишташ номаълум маҳз аз ҳамин иҷлосияи воқеан тақдирсоз оғоз ёфт. Маҳз ба шарофати ҳамин иҷлосияи фаромӯшнопазир ба арсаи сиёсат, ба сари қудрат фарзанди содиқи халқ, Сарвари дурандешу хирадманд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омаданд, ки имрӯз дар саросари сайёра ҳамчун ходими барҷастаи сиёсию давлатии сатҳи ҷаҳонӣ эътироф гардидаанд.
Мӯҳтавои нахустин суханронии Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳайси Роҳбари давлат метавон чунин баён кард: «Эй мардум, ман ба шумо сулҳ меоварам, зеро ба хиради азалии халқам бовар дорам».
Сарвари давлат рисолати худро маҳз дар ҳамин медиданд ва ин суханон дар Иҷлосияи XVI чун савганди Пешвои миллат садо доданд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо ҷонибдории халқ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд, ба савганди худ вафо карданд, бинобар ин халқ эшонро барҳақ Пешвои муаззами миллат ном мебаранд. Хизматҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар назди халқу Ватан метавон бо хизматҳои фарзандони бузурги миллат — Куруши Кабир ва Исмоили Сомонӣ қиёс кард.
Чанде пеш мо дар фазои комил ва сартосарии сулҳ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ бо шукӯҳу шаҳомат 30 – солагии Истиқлолияти давлатиеро, ки ҳифзу пойдораш маҳз ба шарофати Иҷлосияи XVI муяссар гардид, ҷашн гирифтем, ки далели боэътимоди аҳамияти таърихии он мебошад.
Бешак, тулӯи хуршеди бахти халқи мо ҳамон рӯз оғоз гардид. Боз ҳаминро гуфтаниам, ки ҳар халқ ва ҳар кишваре дар орзуи чунин Сарвар, чунин Пешво ба мисли Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Мансур СУРУШ,
шореҳи адабии АМИТ «Ховар»
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»








Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон






