ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ КӮДАК. Аз имзои Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон 28 сол сипарӣ шуд

Ноябрь 20, 2021 10:47

ДУШАНБЕ, 20.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола шурӯъ аз соли 1954 20 ноябр дар ҷаҳон Рӯзи умумиҷаҳонии кӯдак ҷашн гирифта мешавад. Ҳадаф аз таҷлили ин рӯз  ҷалби таваҷҷуҳи  ҷомеа ба масъалаи таъмини шароити мусоид барои рушди ҳамаҷонибаи кӯдакон дар тамоми ҷаҳон  мебошад. Ҳамин тариқ 20 ноябри соли 1959 Созмони Милали Муттаҳид Эъломияи ҳуқуқи кӯдак ва пас аз 30 сол, 20 ноябри соли 1989 санади муҳими байналмилалӣ — Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдакро қабул намуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ таҳти сиёсати хирадмандонаи  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳифзи ҳуқуқи кӯдакро муҳим шуморида, соли 1993 Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдакро ба имзо расониданд, ки соли равон аз тасвиби ин Конвенсия 28 сол сипарӣ гардид.

Ба ин муносибат сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳад Содиқов зимни суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» Шаҳлои Садриддин  оид ба қонунгузории ҷумҳурӣ дар соҳаи ҳуқуқи кӯдак бо дарназардошти стандартҳои байналмилалӣ изҳори андеша намуд.

Аҳад Содиқов  гуфт, ки Тоҷикистон ҳамчун субъекти мустақили муносибатҳои байналмилалӣ Конвенсия дар бораи ҳуқуқи кӯдакро соли 1993 ба тасвиб расонда, ҷиҳати амалишавии он тамоми тадбирҳои зарурии қонунгузорӣ, маъмурӣ ва дигар тадбирҳоро меандешад. Қонунгузории ҷумҳурӣ дар соҳаи ҳуқуқи кӯдак бо дарназардошти стандартҳои байналмилалӣ ва принсипи таъмини манфиатҳои беҳтарини кӯдак таҳия гардида, пайваста такмил дода мешавад. Имрӯз дар Тоҷикистон зери сарварии  Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушду камолоти кӯдакон дар шароити озоду арзанда тамоми имконият фароҳам оварда шудааст. Ҳуқуқҳои кӯдакон аз Конститутсия сарчашма гирифта, бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ ҳифз карда мешаванд.

«Дар ҳар ҷомеаи мутамаддин ва ҳуқуқбунёд кӯдакон вазъи ҳуқуқии хоси худро доранд, зеро кӯдак то расидан ба синни балоғат ва пайдо намудани қобилияти пурраи амалкунӣ комилан муҳтоҷи волидайн, ҷомеа ва давлат мебошад. Дар  Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои кўдакон дар меҳвари сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта,  барои таъмини эҳтиром, риоя ва ҳифзи ҳуқуқи кӯдак заминаи зарурии ҳуқуқӣ муҳайё гардидааст. Соли 2015 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» қабул гардид, ки он асосҳои озодии ҳифзи ҳуқуқи кӯдаконро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим медарорад. Ҳамзамон ин қонун ҳамаи ҳуқуқҳоеро, ки барои инкишофи кӯдак заруранд, кафолат медиҳад ва бобати таъмину пешрафти ҳуқуқи кӯдак салоҳияти мақомоти дахлдорро пешбинӣ менамояд»,-баён медорад ӯ.

Дар шарҳи бештари ин мавзӯъ Аҳад Содиқов   изҳор дошт, ки   «дар моддаи 34 Конститутсияи Тоҷикистон омадааст: «Модару кӯдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлатанд… Давлат барои ҳифзи кӯдакони ятим, маъюб ва таълиму тарбияи онҳо ғамхорӣ менамояд». Дар мисоли татбиқи ин моддаи Конститутсия метавон аз он ёдовар шуд, ки ҷиҳати рушди ҳунар, завқи баланди эҷодӣ, баланд бардоштани сатҳи донишу маърифат, фаро гирифтан ба таҳсил, нигоҳубин ва ғамхории пайвастаи кӯдакони ятим аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, пайваста дар амал татбиқ мегарданд».

«Дар  Тоҷикистон ба оила ва устувории он таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардида, барои устувории он тадбирҳои зиёд андешида шудаанд. Аз ҷумла, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2015-ро Соли оила эълон намуда, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2015 «Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ гардид. Ва яке аз вазифаҳои асосии Консепсияи мазкур- ҳифзи оила ҳамчун арзиши муҳими иҷтимоию фарҳангӣ, пешгирии бекоршавии ақди никоҳ ва қонунвайронкунии кӯдакону наврасон, баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд мебошад, ки иҷрои он ба таҳкими мавқеи оила ҳамчун ниҳоди муҳими ҷамъиятӣ оварда мерасонад»,-афзуд номбурда.

Мавсуф ҳамчунин эзоҳ дод, ки  мутобиқи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак»: «Кӯдак ҳуқуқ дорад дар оила зиндагӣ кунад ва тарбия гирад, падару модарашро шиносад, аз ғамхорӣ ва тарбияи онҳо, ба истиснои ҳолатҳое, ки бар хилофи манфиатҳои ӯ мебошанд, баҳраманд шавад».

«Даҳсолаи пеш сатҳи тарбияи фарзандон то андозае паст рафт ва иддае аз падару модарон ба ин вазифаи ҳаётан муҳим бепарвоӣ зоҳир намуданд. Бинобар ин, бо пешниҳоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2011 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қабул карда шуд. Мақсади Қонуни мазкур- пеш аз ҳама, пурзӯр намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ ба воя расонидани онҳо, инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон мебошад»,- таъкид кард А.Содиқов.

Аҳад Содиқов иброз медорад, ки мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани обрӯву нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати демокративу ҳуқуқбунёд пайваста саъю талош меварзад ва фаъолияти он бо дастгирии ҳамаҷонибаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамкорони рушд сол аз сол тақвият меёбад.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»

Ноябрь 20, 2021 10:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон: «Ҷашни Наврӯз ва истиқлолу озодӣ – ин ду мафҳуми барои ҳар яки мо азизу муқаддас аст»
«КАЪБА ЧӢ МЕРАВӢ, ДИЛЕРО ДАРЁБ…». Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
Пешвои миллат: «Боиси ифтихор аст, ки Наврӯз – калимаи асили тоҷикӣ, яъне «рӯзи нав» ҳоло барои миллионҳо аҳолии сайёра ҳамчун рӯзи ҷашни фархунда вирди забон аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯз аз ҷумлаи бузургтарин ва маҳбубтарин ҷашнҳои тоҷикон мебошад»
СИЁСИШАВИИ ДИН — ХАТАР БА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ ВА СУБОТИ ҶОМЕА. Андешаҳои профессор Нозим Маҳмадизода дар ин мавзуъ
Президенти Тоҷикистон: «Бо назардошти шароити замона анъанаи неки гузаштагон – сарфаю сариштакориро бояд риоя намоем»
Сулаймон Талбакзода: «Дарси хештаншиносӣ ва хизмат ба халқу Ватанро аз Пешвои миллат бояд омӯзем»
Президенти Тоҷикистон: «Мушкилоти таъмини аҳолии сайёра бо озуқаворӣ моро водор менамояд, ки ҳар қитъа заминро оқилонаву самаранок истифода барем»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Ойинҳои наврӯзӣ аҳли башарро ба таҳаммулгароӣ, бунёдкориву созандагӣ ҳидоят менамоянд»
Пешвои миллат: «Дар шароити кунунӣ зарур аст, ки ба кишти такрорӣ, гирифтани се – чор ҳосил аз заминҳои обӣ эътибори аввалиндараҷа дода шавад»
Наврӯз дар баробари забони тоҷикӣ бунёди худшиносии тоҷиконро низ ташаккул додааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Мақому ҷойгоҳи Наврӯз он қадар баланд буд, ки ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад»