Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон: Заҳролудшавии маҳкумшудагон дар муассисаи ислоҳӣ асоси воқеӣ надорад

Ноябрь 3, 2021 14:20

ДУШАНБЕ, 03.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо супориши Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода 2 ноябр аз ҷониби кормандони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон вобаста ба маводи нашршуда дар ВАО дар хусуси  заҳролудшавии маҳкумшудагон аз оби ошомиданӣ дар Муассисаи ислоҳии ЯС3/1-и Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ (СРИҶҶ)-и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санҷиш гузаронида шуд.

Тавре аз хадамоти матбуоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, сараввал вобаста ба маводи нашршуда бо сардори Муассисаи ислоҳии ЯС3/1 — и СРИҶҶ Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Турсунов суҳбат гузаронида шуд. Зимни суҳбат ӯ иброз намудааст, ки ин хабар асоси воқеӣ надорад. Инчунин ӯ ба кормандони мақомоти Ваколатдор маълумотномаи Муассисаи давлатии “Маркази экспертизаи санитарию эпидемиологӣ ва назорат дар нақлиёту сарҳадот”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз 20 августи соли 2021 пешниҳод намудааст, ки дар он чунин омадааст: «Намунаи оби озмоишшуда аз рӯи натиҷаи нишондодҳои физикию кимиёвӣ ва органолептикӣ ба талаботи ҚМС 2.1.4.004-07 ҷавобгӯ мебошад».

Баъдан, бо маҳкумшудагон вобаста ба маводи нашршуда суҳбат гузаронида, маълум шудааст, ки дар қисми тиббӣ ҳамагӣ 15 нафар бемор табобат гирифта истодаанд. Дар ҷараёни суҳбат маҳкумшудагон Сайфуллозода Ҳ., Мезанков В., Сангов Б., Тағоймуродов Ф., Абдуллоев Р., Ғаниев Ғ. ва Аёмбеков О. иброз намудаанд, ки оби нӯшокии муассиса хуб мебошад, аммо дар хусуси заҳролудшавӣ якумин маротиба воқиф шудаанд.

Ҳамчунин натиҷаи суҳбат бо маҳкумшудагон Шокиров Ҳ. ва Очилдиев А., ки ба сифати табиб дар муассисаи мазкур фаъолият менамоянд, нишон дод, ки ин хабарҳо асоси воқеӣ надоранд ва ягон нафари  аз об заҳролудшуда дар қисми тиббӣ бистарӣ нашудааст. Инчунин онҳо иброз намуданд, ки миёни маҳкумшудагон нафароне ҳастанд, ки ҳар гуна овозаҳои иғвоангез паҳн менамоянд.

Хотиррасон менамоем, ки намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ аз Омбудсмени тоҷик хоҳиш намуданд, ки ба қазияи 40 нафар зиндониёни заҳролудшуда дар Муассисаи ислоҳии ЯС3/1-и СРИҶҶ Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон расидагӣ кунад.

АКС: Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ

Ноябрь 3, 2021 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Мактаб, оила ва ҷомеа — се неруе, ки бояд иттиҳоди ҳамешагӣ дошта бошанд
20 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТОЗАГӢ. Маданияти шаҳрнишиниро риоя бояд кард!
Ҷавонони Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии ҷавонон-2026 дар Екатеринбург иштирок намуданд
Дар Душанбе «Стратегияи ҳифзи саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Табиби сол – 2026» ҷамъбаст гардид
Байни Агентии хизмати давлатии Тоҷикистон ва Вазорати идоракунии ҳайати Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
16 СЕНТЯБР — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КАРДИОЛОГИЯИ ИНТЕРВЕНСИОНӢ. Табобати бемориҳои дилу раг бо истифодаи ҷарроҳиҳои муосир ва бе буриши калон ба куллӣ тағйир ёфтааст
Тоҷикистон ва Британияи Кабир масъалаи таҳия ва имзои санади нави ҳамкориро дар самти пешгирии ҳолатҳои фавқулода баррасӣ карданд
Дар Душанбе роҳҳои нави ҳамкорӣ бо ҷамъиятҳои тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ баррасӣ гардиданд
Тоҷикистон ва Чин робитаҳои илмӣ-таҳлилӣ ва ҳамкории минтақавиро густариш медиҳанд
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Ин озмуни ҷумҳуриявӣ бо мақсади таҳкими фарҳанги оиладорӣ баргузор мешавад
Дар фасли тирамоҳ бемориҳои сироятии мавсимӣ зиёд мешаванд