Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъсиси ҳукумати фарогири манфиатҳо ва намояндагони ҳамаи қавму миллатҳоро дар Афғонистон бори дигар таъкид намуданд
ДУШАНБЕ, 21.12.2021. /АМИТ «Ховар»/. «Мо чунин мешуморем, ки сарҷамъ сохтани тамоми мардум ва таъсис додани ҳукумати фарогири манфиатҳо ва намояндагони ҳамаи қавму миллатҳо ва неруҳои сиёсӣ ягона роҳи расидан ба суботу оромӣ дар Афғонистон мебошад». Ин нуктаро имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии мамлакат изҳор доштанд.
Сарвари давлати Тоҷикистон гуфтанд, ки мо ҳамеша ҷонибдори он ҳастем, ки дар кишварҳои ҳамсояи мо сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ ҳукмфармо бошад ва тавонем, ки бо онҳо дар фазои ҳамсоягии нек ва ҳамкории созанда зиндагӣ кунем. Маҳз бо ҳамин сабаб Тоҷикистон ҳамчун ҳамсояи наздиктарини Афғонистон ба тақдири мардуми азияткашидаи ин кишвар бетафовут буда наметавонад.
«Такроран хотирнишон месозам, ки мардуми Афғонистон бо имконияту иқтидори бузурги сиёсӣ, тамаддунӣ, таърихӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоие, ки доранд, бояд тақдири имрӯзу ояндаи худро ба даст гиранд. Яъне сохти давлатдорӣ ва тарзи идораи давлат бо майлу ирода ва раъйи худи мардуми ин кишвар муайян ва муқаррар карда шавад», — тазаккур доданд Пешвои миллат.
Тавре маълум аст, имрӯз Афғонистон, мутаассифона, пас аз қутратро гирифтани ҳаракати радикалии «Толибон» дар моҳи августи соли ҷорӣ, гирифтори буҳрони амиқи сиёсӣ ва гуманитарӣ мебошад, ки метавонад оқибатҳои ҷиддии дарозмуддат ба бор оварад.
Мавриди зикр аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикстон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рўзҳои нахусти мавзеъгирӣ дар қазияи Афғонистон ягона роҳи бурунрафт аз вазъияти буҳронии имрўзаи Афғонистонро ба ташкили ҳукумати фарогир рабт дода буданд.
Миёни сарони давлатҳо бори аввал пешниҳод дар бораи зарурати таъсиси ҳукумати фарогир дар Афғонистон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 25 августи соли равон дар мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Покистон Маҳмуд Қурейшӣ садо дод. Баъдан, Сарвари давлат дар ин бора борҳо дар ҷаласаҳои СҲШ ва СААД дар Душанбе ва ҳамчунин дар мулоқот бо роҳбарон ва сиёсатмадорони дигар кишварҳои ҷаҳон изҳори назар карданд. Чунин мавқеъгирии Сарвари давлати Тоҷикистон аз ҷониби роҳбарони аксари давлатҳо ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ҷонибдорӣ ёфт.
СММ аз «Толибон»* интизор дорад, ки ҳукумати нави Афғонистон фарогир хоҳад буд. Дар ин бора 1 сентябр дар брифинг муовини намояндаи расмии Дабири кулли СММ Флоренсия Сото Нин изҳори назар намуд.
«Шӯрои Амният қаблан (дар изҳороте, ки 16 август интишор шуд. — Тавзеҳи АМИТ «Ховар») ва Дабири кули СММ (31 август дар мулоқот бо намояндагони доимии панҷ кишвари Шӯрои Амнияти СММ бахшида ба Афғонистон. — Тавзеҳи АМИТ «Ховар») возеҳ иброз доштанд, ки мо интизори ҳукумати фарогир ҳастем», — гуфт ӯ.
Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дод, дабири кулли СММ Антониу Гутерриш зимни суханронӣ дар нишасти марбут ба Афғонистон дар Теҳрон 28 октябр изҳор дошт, ки мардуми Афғонистон ба ҳукумати фарогире ниёз дорад, ки ба қонунҳои байналмилалии башардӯстона, ҳуқуқҳои инсон ва озодиҳои бунёдӣ эҳтиром гузорад. “Ман аз нақзи ҳуқуқи башар, аз ҷумла ҳуқуқи занон, кӯдакон ва ақаллияти этникӣ, инчунин ҳамлаҳои даҳшатноки террористии замони охир ба мавзеъҳои динӣ, ки боиси марги одамон шудааст, сахт нигаронам».
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»
_____________________________________
* «Толибон» — созмони террористии дар Тоҷикистон мамнӯъ








Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Гузариш ба иқтисоди «сабз» барои ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри ҳаллу фасли масоили иҷтимоӣ имконоти зиёд фароҳам меоварад»
ЭЪТИРОФИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. «Lonely Planet» Тоҷикистонро байни самтҳои беҳтарини сайёҳии ҷаҳон ҷой дод






