Ҳайати Тоҷикистон дар Москва дар ҷаласаи кории гурӯҳи машваратии «Паймони Париж» иштирок дорад

Декабрь 16, 2021 08:54

ДУШАНБЕ, 16.12.2021. /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Тоҷикистон таҳти  роҳбарии Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода дар ҷаласаи кории гурӯҳи машваратии «Паймони Париж» иштирок дорад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Агентӣ.

Ҷаласаи мазкур бо ташаббуси Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ (UNODC) баргузор гардида, 15 декабр дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия ифтитоҳ ёфт.

Директори Агентӣ дар ҷаласаи мазкур дар бораи Шарҳи стратегӣ оид ба тамоюлҳои охирин, масир ва усулҳои муомилоти ғайриқонунии маводи афюнии аз Афғонистон воридшаванда сухан гуфт.

Ҳамчунин дар ҷараёни ҷаласа вазъи маводи нашъаовар дар минтақа, муомилоти ғайриқонунии маводи афюнии афғонӣ ва чораҳо оид ба тақвияти ҳамкории минтақавӣ вобаста ба пешгирии қочоқи он аз ҳудуди Афғонистон муҳокима гардиданд.

Дар ҳошияи ҷаласаи мазкур вохӯрии Директори Агентӣ бо Ҳамоҳангсози аршади Барномаи минтақавии Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ Ҷереми Милсом баргузор гардида, зимни он масъалаҳои ҳамкории мутақобилан судманд, аз ҷумла мусоидат ба Агентӣ дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар доираи барномаи зикршуда муҳокима гардид.

Ҷаласаи мазкур идома дорад.

АКСҲО: Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ

Декабрь 16, 2021 08:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад