Дар Агентии содирот оид ба муайян кардани ишораҳои ҷуғрофии маҳсулот ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд

Декабрь 10, 2021 15:01

ДУШАНБЕ, 10.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Оид ба муайян кардани ишораҳои ҷуғрофии маҳсулот 9 декабр дар Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки гурӯҳи кории Агентӣ, ки аз намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, бахши хусусӣ ва шарикони рушд иборат аст, ҷаласа баргузор шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз Агентии содирот.

Дар ҷаласа Директори Агентии содирот Шавкат Бобозода иброз дошт, ки ҳадаф аз баргузории ҷаласаи гурӯҳи корӣ- ин мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор додани масъалаҳо оид ба муайян кардани ишораҳои ҷуғрофии маҳсулот, ҷорӣ кардани стандартҳои байналмилалӣ, васеъ намудани ҷуғрофияи содирот, гузариш аз бозори фурӯшанда ба бозори харидор ва рақобатпазир будан дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Бо мақсади тақвият бахшидани корҳо дар ин самт соли равон дар вилоятҳои Суғд, Хатлон, ВМКБ, минтақаи Рашт ва Ҳисор ҷиҳати омодагӣ ба мавсими нави содироти маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин муайян кардани ишораҳои ҷуғрофии маҳсулот, ҷорӣ ва истифода намудани стандартҳои байналмилалӣ бо иштироки масъулини соҳа аз мақомоти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва соҳибкорон ҷаласаҳои корӣ баргузор шуда, оид ба муаррифии молҳои истеҳсоли ватанӣ ва сифати он дар бозорҳои хориҷӣ ба соҳибкорону содироткунандагон тавсияву пешниҳодҳо ироа гардиданд.

Дар кори ҷаласа рӯнамои Агентии содирот оид ба пешбурди фаъолияти муайян кардани ишораҳои ҷуғрофии маҳсулот пешниҳод карда шуд.

Дар фарҷоми ҷаласа аз ҷониби гурӯҳи корӣ якчанд пешниҳодҳо оид ба пешбурди фаъолияти ишораҳои ҷуғрофии маҳсулот дар соли 2022 ироа шуда, мавриди муҳокима қарор дода шуданд.

АКС: Агентии содироти назди Ҳукумати ҶТ

Декабрь 10, 2021 15:01

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад