Дар барномаи «Маслиҳати мутахассис»-и Радиои «Ховар» масъалаи рушди соҳибкорӣ ва фарҳанги молиявии тоҷирон баррасӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 08.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Соҳибкорӣ бахши муҳим ва даромаднок маҳсуб ёфта, дар пешрафти ҳаёти ҷомеа ва баланд бардоштани иқтисодиёти мамлакат нақши калидӣ дорад.
Бояд гуфт, ки таваҷҷуҳ ва дастгириҳои давлату ҳукумат нисбат ба ин соҳа хеле зиёд мебошад. Дар Паёми Сарвари давлат ба Парлумони мамлакат омадааст, ки «беҳтар гардонидани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ ва ҷалби сармояи мустақим барои таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии мо ба ҳисоб меравад».
«Масъалаи фарҳанги молиявии соҳибкорон аз масоили дигари ҳалталаб дар ин самт ҳисобида мешавад, ки мутахассисон ба ин масъала назари ҷиддӣ доштанро муҳим мешуморанд. Ба таъкиди коршиносон, агар даромадҳо аз фаъолияти соҳибкорӣ на танҳо бо мақсади истеъмолӣ, балки бо мақсади инкишофи минбаъдаи фаъолияти соҳибкорӣ истифода шаванд, дар муддати кӯтоҳ бо дастрасии захираҳо метавон рушди соҳибкориро дар мамлакат таъмин намуд»,- мегӯяд декани факултети молия ва қарзи Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат Абдумаҷид Сафоев.
Мавсуф роҷеъ ба роҳу равиши дигари рушди соҳибкорӣ дар ҷумҳурӣ, махсусан соҳибкорони инфиродие, ки корро аз нав шурӯъ мекунанд ва чиро бояд донанду кадом методикаро истифода баранд, дар барномаи навбатии «Маслиҳати мутахассис» чанд тавсияи муфид пешниҳод намуд.
Шумо метавонед барномаи «Маслиҳати мутахассис»-ро имрӯз, соати 10:30 (асл), инчунин такроран соатҳои 14:30 ва 20:30 аз мавҷи Радиои «Ховар» — 101,5 FM бишнавед.