Дар Душанбе вазъи маводи мухаддир дар Афғонистон ва минтақа баррасӣ шуд

Декабрь 9, 2021 16:43

ДУШАНБЕ, 09.12.2021. /АМИТ «Ховар»/. Вазъи маводи мухаддир дар Афғонистон ва   минтақа имрӯз зимни мулоқоти Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода бо муовини Сафири Фавқулода ва Мухтори ИМА дар Тоҷикистон Бридҷит Уокер баррасӣ гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Агентӣ.

Зимни мулоқот директори Агентӣ оид ба вазъи маводи нашъаовар дар Тоҷикистон, дастовардҳои кишвар ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат дар ин самт ба Бридҷит Уокер  маълумот дод.

Ҷонибҳо ҳамчунин вазъи маводи мухаддир дар Афғонистон ва минтақа, интиқол ва қочоқи онро тавассути сарҳади давлатӣ, дастгирии молиявӣ ва моддӣ-техникии Ҳукумати ИМА-ро ба Агентӣ ва ҳамчунин таъсиси шуъбаҳои нави байниноҳиявии Агентиро дар минтақаҳои наздисарҳадии вилояти Хатлон мавриди баррасӣ  қарор доданд.

Дар идомаи мулоқот Ҳабибулло Воҳидзода аз сатҳи хуби ҳамкории судманд дар самти назорати маводи нашъаовар, бахусус баррасии маблағгузории такмили ихтисоси кормандони Агентӣ  изҳори сипосу қаноатмандӣ намуд.

Дар анҷоми мулоқот Бридҷит Уокер  аз фаъолияти сагҳои хизматии Агентӣ ва намоиши машқҳои ҳарбӣ-тактикӣ дидан намуда, дар сӯзонидан ва нобуд кардани маводи нашъаовар иштирок намуд.

АКСҲО: Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ

Декабрь 9, 2021 16:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкории амниятиро барои муқовимат ба таҳдидҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад