Дар «ЭКСПО 2020» дар Дубай Рӯзи миллии Тоҷикистон таҷлил гардид

Декабрь 23, 2021 14:07

ДУШАНБЕ, 23.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз, 22 декабр, дар «ЭКСПО 2020» дар Дубайи Амороти Муттаҳидаи Арабӣ (АМА) Рӯзи миллии Тоҷикистон таҷлил карда шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Emirates News Agency».

Дар маросими ифтитоҳи Рӯзи миллӣ ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид иштирок намуд.

Дар ин маросим ҳамчунин шахсони расмии АМА, аз ҷумла Вазири энергетика ва инфрасохтор Суҳайл бин Муҳаммад Ал-Мазруӣ ва Директори иҷроияи Дафтари Комиссари генералии «ЭКСПО 2020» дар Дубай Наҷиб Муҳаммад Ал- Алӣ ширкат доштанд.

Рӯзи миллии Тоҷикистон бо маросими барафрохтани парчамҳои ду кишвар оғоз шуда, пас аз он гимнҳои Тоҷикистон ва АМА садо доданд.

Зимни суханронӣ Давлаталӣ Саид зикр кард, ки мушкилоти тағйирёбии иқлим, зуд нест шудани пиряхҳо ва оқибатҳои ба ҳаёти инсон ва сайёра таъсиркунанда бисёр муҳим мебошанд, зеро захираҳои об барои рушди устувор ва коҳиши фақру гуруснагӣ заруранд.

Ӯ тазаккур дод, ки ҳудуди 60 дарсади захираҳои обии Осиёи Марказӣ ба Тоҷикистон рост меояд ва захираҳои умумии потенсиалӣ дар як сол 527 миллиард киловатт-соатро ташкил медиҳанд, ки ин аз талаботи имрӯзаи тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ се маротиба бештар аст ва бо истифодаи оқилонаи ин захираҳо Осиёи Марказӣ ва Ҷанубиро бо энергияи тоза ва арзон таъмин кардан мумкин аст.

Дар навбати худ вазири энергетика ва инфрасохтори АМА гуфт, ки Тоҷикистон дар павилиони худ дар «ЭКСПО 2020» дар Дубай иқтидори худро ҳамчун манбаи об дар Осиёи Марказӣ дар мавзӯи «Об барои рушди устувор» намоиш медиҳад.

«Азбаски Тоҷикистон дар идораи захираҳои об нақши калидӣ дар ҷаҳон мебозад, аз иштироки худ дар «ЭКСПО 2020» баҳри густариши ҳамкорӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ба роҳ мондани платформаи амалҳои бештари ҳамкорӣ дар соҳаи захираҳои об ва робитаи зичи он бо рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ истифода мебарад», — илова намуд ӯ.

Пас аз анҷоми қисмати расмӣ дар «Al Wasl Plaza», павилиони Тоҷикистон ва ҷойҳои дигар дар «ЭКСПО 2020» барномаи фарҳангӣ, ки мероси ғании чандинасраи кишварро инъикос мекунад, намоиш дода шуд.

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» иттилоъ дода буд, намоишгоҳи умумиҷаҳонии «ЭКСПО — 2020» 30 сентябр дар маҷмааи «Алвасл» ташкил шуда, муддати 6 моҳ — аз 1 октябри соли 2021 то 1 апрели соли 2022 дар шаҳри Дубайи АМА амал мекунад.

1 октябр гӯшаи намоишии Тоҷикистон расман ифтитоҳ гардид. Дар маросими ифтитоҳи он намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии «ЭКСПО 2020»,  Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Комиссари генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар АМА Баҳодур Шарифӣ, Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Дубай Илҳом Абдураҳмонзода, Директори Раёсати иштирокчиёни байналмилалии «ЭКСПО 2020» Андре Дорадо, намояндагони қитъаҳои намоишии АМА Мариам Амирӣ, намояндагони корпуси дипломатии Тоҷикистон, кишварҳои иштирокчии намоишгоҳ, мудирияти «ЭКСПО 2020» ва соҳибкорони Тоҷикистон иштирок доштанд.

Қитъаи намоишии Тоҷикистон дар «ЭКСПО 2020» дар асоси ташаббусҳои глобалии  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар зермавзӯи «Рушди устувор» таҳти унвони «Об барои рушди устувор» ташкил шудааст.

Дар гӯшаи намоишии Тоҷикистон бо такя ба санъати меъмории муосири миллӣ ва бо истифода аз унсурҳои миллӣ биноҳои зебо, табиати мафтункунанда, захираҳои обӣ, иқтидори сайёҳӣ, намунаи кӯҳҳои баланд, ҳунарҳои мардумӣ, боғҳои зебо ва ташаббусҳои глобалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаррифӣ шудаанд.

Бо имконоти хуби намоишӣ, имконияти табииву истеҳсолӣ, иқтидори гидроэнергетикӣ, аз ҷумла фарҳангу таърих, соҳаҳои саноату кишоварзӣ, инчунин сайёҳӣ ва сармоягузории Тоҷикистон, саноати хӯрокворӣ, кӯҳкорӣ, роҳсозӣ, шаҳрсозӣ, гиёҳҳои коркардшудаи шифобахш, ҳунарҳои мардумӣ, сайёҳӣ, ҳайвонҳои нодир, аз қабили гӯсфанди Марко Поло, бузи кӯҳии Морхур, бабри барфӣ ва ғайраҳо дар шакли расмҳои калонҳаҷм, амсила, видеофилмҳо, маводи иттилоотии чопӣ ва электронӣ ба ҷаҳониён манзур мегарданд.

Иштироки Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии «ЭКСПО 2020» барои муаррифии дастовардҳои иктисодӣ, имконияти содиротӣ, таърих ва фарҳанги Тоҷикистон дар АМА, дар умум кишварҳои Арабӣ ва инчунин дар сатҳи ҷаҳонӣ имкони хуб мебошад.

Дар ин замина ба Ҷумҳурии Тоҷикистон қитъа бо масоҳати умумии 430 м2 пешниҳод шудааст,  ки дар қабати якум масоҳати майдони намоишгоҳ  230 м2 ва дар қабати  дуюм масоҳати  200 м2 барои ҷойгир кардани анборхона,  идораи корӣ  ва дигар иншооти техникӣ пешбинӣ гардидааст.

Аз павилиони Тоҷикистон дар «ЭКСПО-2020» давоми як моҳи аввали намоишгоҳ зиёда аз 100 ҳазор нафар меҳмонон дидан намуданд.

Аз ин павилион дар рӯзҳои истироҳатӣ  қариб 8500 нафар ва дар рӯзҳои корӣ ҳамарӯза зиёда аз 2500 нафар меҳмонон дидан мекунанд.

Меҳмонон дар павилиони Тоҷикистон имкон доранд, ки бо дастовардҳо, намунаи маҳсулот, имконияти ҳамкорӣ ва иқтидори соҳаҳои гидроэнергетика, захираҳои обӣ, саноати сабук, саноати хўрокворӣ, кўҳкорӣ, роҳсозӣ, шаҳрсозӣ,  ҳайвонҳои нодир, фарҳанг, маориф, таърих, гиёҳҳои коркардашудаи шифобахш, ҳунарҳои мардумӣ, сайёҳӣ ва ғ. шинос гарданд.

Дар павилион ҳамчунин расмҳои калонҳаҷм, амсила, видеофилмҳо, намунаҳои маҳсулот, маълумотномаҳо ва маводи иттилоотӣ дар шакли коғазӣ ва электронӣ  барои муаррифӣ пешниҳод карда шудаанд.

Бояд гуфт, ки намоишгоҳи умумиҷаҳонии «ЭКСПО» чорабинии муҳими байналмилалӣ буда, дорои таърихи бой мебошад ва дар кишварҳои гуногун аз соли 1851 инҷониб гузаронида мешавад. Айни ҳол «ЭКСПО» барои кишварҳои иштирокчӣ на фақат макони муаррифии навгониҳои технологӣ ва техникӣ, балки имконияти хуби муаррифии иқтидорҳои сайёҳӣ низ мебошад.

АКСҲО: скриншот

Декабрь 23, 2021 14:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имсол дар Бадахшон 45 корхонаву коргоҳҳои саноатӣ ба фаъолият оғоз намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи маҳдуди сатҳи вазирони иқтисоди СҲШ дар Чин иштирок намуд
Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон лоиҳаҳои соҳаи энергетикаро амалӣ менамояд
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон татбиқи ташаббуси ҷаҳонии «Global Gateway» баррасӣ гардид
ДАРАИ АЛМОСӢ. Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун мавзеи беназири таърихии кишоварзӣ этироф гардид
Дараи Алмосии шаҳри Ҳисор расман ба феҳристи «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» ворид карда шуд
Дар Бонки миллӣ бо ҳайати Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Дар Хатлон масъалаи таъсиси корхонаи саноатии батареяҳои офтобӣ баррасӣ гардид
Имсол аз Тоҷикистон беш аз 90 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардидааст
Гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва ангури гулобии тоифӣ аз Тоҷикистон ба феҳристи «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» ворид карда шуд
Вазъи кунунии паркҳои технологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт
«Сомон Эйр» парвозҳои мустақимро дар масири Душанбе-Теҳрон ва Душанбе-Ҷидда барқарор менамояд