Дар Кумитаи кор бо ҷавонон масъалаи пешгирии савдои одамон ва баробарии гендерӣ баррасӣ гардид

Декабрь 15, 2021 13:47

ДУШАНБЕ, 15.12.2021. /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои вобаста ба баробарии гендерӣ ва ҷанбаи гендерии савдои одамон, аз ҷумла хатарҳои савдои одамон бо мақсади истисмори шаҳвонӣ, пешгирии ҳамаи шаклҳои савдои одамон ва дастрасӣ ба воситаҳои муассири ҳифзи ҳуқуқӣ зимни вохӯрии раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Абдулло Раҳмонзода бо гузоришгари вежаи СММ оид ба савдои одамон Шивон Маллалли мавриди баррасӣ қарор гирифт, иттилоъ доданд аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода зикр намуд, ки аз ҷониби масъулини Кумита дар якҷоягӣ бо намояндагони вазорату сохторҳои қудратӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳои тасдиқнамудаи муштарак вобаста ба савдои одамон ва оқибатҳои он дар ҳаёти шаҳрвандон, ҳолатҳои даст ба ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ задани наврасону ҷавонон, зӯроварӣ, инчунин баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии онҳо ва парвариши эҳсоси ифтихори ватандорӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ миёни наврасону ҷавонон ва сокинони маҳал доир карда мешавад.

Тибқи маълумоти Созмони умумиҷаҳонии муҳоҷират, ҳамасола дар тамоми миқёси ҷаҳон 4 миллион нафар одамон қурбонии ҷинояти савдои одамон мегарданд, ки ин вазъ ҳоло боиси нигаронӣ ва ба ташвиш омадани ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.

Бо ин мақсад бо дастгирӣ ва роҳнамоии Ҳукумати ҷумҳурӣ соли 2014 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон» қабул гардид.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ

Декабрь 15, 2021 13:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд