ДАР ПАРТАВИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН. Омӯзгорони мактабҳои миёнаи кишвар имкон доранд маҳорати омӯзгории худро тавассути барномаи Фулбрайти Амрико такмил диҳанд

Декабрь 30, 2021 12:17

ДУШАНБЕ, 30.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Сафорати ИМА дар Тоҷикистон озмунро барои иштирок дар барномаи Фулбрайт ҷиҳати такмили маҳорати дарсдиҳӣ (TEA Media Literacy) дар солҳои 2022-2023 эълон намуд.  Мӯҳтавои барномаи шашҳафтаина, ки хабарнигори АМИТ «Ховар» бо он дар сомонаи намояндагии дипломатии Амрико шинос шуд, ба дастуру супоришҳои Президенти Тоҷикистон дар соҳаи маориф, ки зимни Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ 21 декабр иброз доштанд, мувофиқ аст.

Тавре дар хабари Сафорати ИМА зикр шудааст, Барномаи TEA Medialiteracy лоиҳаи Бюрои барномаҳои таълимӣ ва фарҳангии Департаменти давлатии ИМА мебошад, ки аз ҷониби Шӯрои байналмилалии тадқиқот ва табодул (IREX) таҳти сарпарастии Барномаи Fulbright амалӣ карда мешавад.

Дар тӯли барномаи шашҳафтаинаи такмили маҳорати дарсдиҳӣ дар арсаи саводнокии расонаӣ муаллимони мактабҳои миёна аз саросари ҷаҳон дар семинарҳои такмили ихтисоси донишгоҳҳои мизбони Амрико ширкат варзида, нақшаи чорабиниҳоро оид ба баланд бардоштани саводнокии ВАО ва малакаҳои тафаккури интиқодӣ дар мактабҳо, синфхонаҳо ва ҷомеаҳои маҳаллӣ таҳия мекунанд.

Иштирокчиёни барномаи Fulbright дар тӯли муддати будубоши худ дар Иёлоти Муттаҳида дипломатияро миёни одамон таввассути дарсҳо дар синфхонаҳо ва ҷомеаҳои Иёлоти Муттаҳида дастгирӣ хоҳанд кард. Ҳамаи иштирокчиён имконият доранд, ки дар мактабҳои миёнаи ИМА дарсҳоро мушоҳида кунанд, ҳамроҳи муаллимони маҳаллӣ дарс гузаронанд ва бо омӯзгорони мактабҳои миёнаи Амрико мубодилаи таҷриба намоянд.

Муҳлати охирини ҳуҷҷатсупорӣ, тавре дар иттилоия зикр шудааст, 20 феврали соли 2022 мебошад.

Ҳукумати Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии худро ҷиҳати беҳбуд бахшидан ба маорифи миллӣ, баланд бардоштани сифати таҳсилоти мактабӣ, ворид шудан ба фазои таҳсилоти байналмилалӣ ва истифодаи стандартҳои байналмилалии таълим эълон кардааст. Дар ин замина Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фармони худ аз 31 январи соли 2020 солҳои 2020-2040-ро “Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” эълон карданд.

«Мо чунин мешуморем, ки бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди неруи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад», — изҳор доштанд Сарвари давлат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ 21 декабри соли равон.

Зикр гардид, ки дар 30 соли истиқлолияти давлатӣ 3240 муассисаи нави таълимӣ барои 1 миллиону 400 ҳазор хонанда ба истифода дода шуд. Ҳоло шумораи умумии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар ба 2 миллиону 200 ҳазор нафар расидааст. Дар замони соҳибистиқлолӣ дар кишвар 173 муассисаи таълимии типи нав – литсей, гимназия, мактаби президентӣ, мактаби байналмилалӣ ва муассисаҳои таълимӣ барои хонандагони болаёқат, инчунин, 196 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва умумии хусусӣ бунёд гардида, ба истифода дода шуданд. Дар ин муассисаҳо 150 ҳазор нафар хонандагон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

«Бо вуҷуди он ки раванди таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ ба низоми муайян даромадааст, зарур аст, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад», — зикр намуданд Пешвои миллат.

Президенти мамлакат гуфтанд, бо ин мақсад роҳбарони муассисаҳои таълимиро зарур аст, ки ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи дониш ва касбияти омӯзгорон дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, бахусус, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоиву миёнаи касбӣ, такмили ихтисосу бозомӯзӣ ва тарбияи омӯзгорони ҷавони баландихтисос ва ба талаботи замона ҷавобгӯй дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот эътибори аввалиндараҷа диҳанд.

Дар робита ба ин, ба Вазорати маориф ва илм супориш дода мешавад, ки барои омода кардани омӯзгорони фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ бо забонҳои хориҷӣ дар донишгоҳҳои равияи омӯзгорӣ кушодани шуъбаҳои алоҳидаро пешбинӣ намояд. Умуман, зарур аст, ки таълими забонҳои хориҷӣ, махсусан, русиву англисӣ дар тамоми факултаву шуъбаҳои мактабҳои олӣ боз ҳам беҳтар ба роҳ монда шавад.

Вазорати маориф ва илм ҳамчунин вазифадор карда шуд, ки вобаста ба талаботи рӯз ва рушди технологияҳои иттилоотии муосир лоиҳаи консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамиро таҳия карда, ба баррасии Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд.

 

                                                 АКС: Сафорати ИМА дар Тоҷикистон

 

МАЪЛУМОТИ АМИТ «ХОВАР»:

Барномаи Фулбрайт — ин  барномаи грантҳои таълимист, ки соли 1946 бо пешниҳоди сенатори собиқи ИМА Ҷеймс Фулбрайт таъсис ёфта,  аз ҷониби Департаменти давлатӣ маблағгузорӣ мешавад.

Ин бузургтарин барномаи мубодилаи таҳсилоти байналмилалист, ки аз ҷониби ҳукумати ИМА маблағгузорӣ мешавад. Барномаи Фулбрайт барои беҳтар кардани ҳамдигарфаҳмӣ миёни мардуми Иёлоти Муттаҳида ва мардуми кишварҳои дигар тарҳрезӣ шудааст. Барои расидан ба ин ҳадаф Барномаи Фулбрайт ба садҳо ҳазор нафар иштирокчиёни он, ки аз рӯи иқтидори илмӣ ва сифатҳои роҳбарии худ интихоб шудаанд, имкон фароҳам овард, ки бо кори созмонҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишварҳои дигар шинос шаванд, мубодилаи афкор ва ташаббуси муштаракро оғоз ва лоиҳаҳоро ба манфиати умумии халкҳои ҷаҳон татбиқ кунанд.

Аз оғози таъсиси барнома тақрибан 50 000 олимони хориҷӣ дар донишгоҳҳои ИМА тадқиқот гузарониданд ё дарс гуфтанд ва зиёда аз 45 000 олимони амрикоӣ дар хориҷа чунин фаъолиятро анҷом додаанд. Ҳар сол Барномаи Фулбрайт ба олимоне, ки аз кишварҳои дигар ба Иёлоти Муттаҳида меоянд, тақрибан 800 грант медиҳад. Айни замон Барномаи Фулбрайт дар 155 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои зерин амал мекунад:

Грант барои таҳсил дар ИМА (таҳсили магистрӣ ё аспирантура дар ИМА)

Барномаи Фулбрайт — грантҳо барои омӯзгорони мактабҳои олӣ (FFDP)

Бунёди Фулбрайт — грантҳо барои омӯзгорони забони англисӣ (FLTA)

Стипендияи Фулбрайт дар соҳаи илмҳои дақиқ ва технология

Гранти Фулбрайт барои олимон ва ходимони санъат.

Декабрь 30, 2021 12:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2027 дар Тоҷикистон Форуми VI байналмилалии ҷавонони эҷодкор доир мегардад
Кулолгар Фозил Носиров: «Армуғонҳо бояд Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намоянд»
ШАБИ ЯЛДО. Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
Дар Душанбе маҳфили адабии нависанда, драматург, тарҷумон ва публисист Мансур Суруш доир гардид
Дар «Тоҷикфилм» лоиҳаҳои синамоӣ рӯнамоӣ мегарданд
Баргузории рӯзҳои фарҳанг байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ шуд
Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба номи Давлатманд Хол гузошта шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Айнӣ Маркази фарҳангию фароғатӣ сохта мешавад
ҲАР ОН КАС КИ ШОҲНОМАХОНӢ КУНАД. Андешаҳои профессор Нуралӣ Нурзод вобаста ба баргузории озмуни «Шоҳномахонӣ»
Дуғдоғи беозору зебо «Парандаи сол-2025» дар Тоҷикистон интихоб шуд
Дар Самарқанд спектаклҳои «Хунхори Торросӣ» ва «Агар ҷанг намебуд» намоиш дода мешаванд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Миср дар самти таҳқиқ ва омӯзиши мероси таърихию фарҳангӣ густариш меёбад