ДАР ТОҶИКИСТОН СУРЪАТИ ЭМГУЗАРОНӢ АЗ КОВИД-19-РО АФЗОИШ МЕДИҲАНД. Вале иҷрои нақша дар баъзе шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар сатҳи паст қарор дорад

Декабрь 29, 2021 12:41

ДУШАНБЕ, 29.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. То имрӯз дар вилояти Суғд беш аз 1 миллиону 600 ҳазор сокини маҳаллӣ ваксина гирифтаанд. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин бора сомонаи Sugdnews.com бо истинод ба маълумоти Раёсати тандурустии вилоят хабар медиҳад.

Ба гуфтаи сардори Раёсати тандурустӣ Ҳабибулло Муҳиддинов, сатҳи пасти эмгузаронӣ дар шаҳрҳои Исфара, Конибодом, Панҷакент, Истиқлол, Истаравшан, инчунин ноҳияи Спитамен ба қайд гирифта шудааст.

То имрӯз дар шимоли Тоҷикистон 1 миллиону 628 ҳазору 438 нафар сокинон эм карда шудаанд.

Аз ин шумора вояи аввали доруи COVID-19-ро беш аз 945,6 ҳазор нафар ё 54,9 фоизи сокинони Суғд гирифтаанд. Аз марҳилаи дуюми эмкунӣ аллакай 682,7 ҳазор нафар ё 39,6 фоизи аҳолии калонсол гузаштаанд.

Сардори Раёсати тандурустии вилоят аз натиҷаи маъракаи эмгузаронӣ то охири соли равон норозӣ мебошад. Ба гуфти мавсуф,  эмгузаронӣ зарур аст, зеро он эҳтимоли пайдоиши шакли вазнини ин бемориро то андозаи кам карда, суръати интиқоли вирусро коҳиш медиҳад.

Тибқи иттилои расмӣ, аз 9 апрел то 21 декабри соли 2021 дар вилояти Суғд 1 миллиону 945 ҳазору 986 нафар вояи ваксинаи зидди коронавирус гирифтаанд. То санаи муайяншуда 1 миллиону 628 ҳазору 438 нафар сокинони вилоят бо эмкунӣ фаро гирифта шудаанд. Аз ҷумла, 945689 нафар ё 54,9 фоизи гурӯҳи мақсаднок вояи якум, 682749 нафар ё 39,6 фоизи аҳолии калонсол марҳилаи дуюми эмкуниро гузаштаанд.

Тавре қаблан хабар дода буданд, ба гурӯҳи ҳадафноки сокинони ваксинашавандаи Тоҷикистон бештар аз 5,6 миллион нафар ё 62,4 дарсади аҳолӣ шомиланд. Аз ҷумла, дар вилояти Суғд теъдоди афроди ваксинашованда ҳудуди 1 миллиону 800 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, дар ҷумҳурӣ суръати эмгузаронии аҳолӣ бо мақсади баланд бардоштани масунияти гурӯҳӣ  меафзояд. То 23 декабри соли 2021 3 миллиону 618 ҳазор нафар (62,1 фоиз) зидди ин сироят эм карда шудаанд. То санаи зикршуда 2 миллиону 875 ҳазору 693 нафар (49,4 фоиз) вояи дуюми ваксина гирифтаанд.

 Мутаассифона, дар мамлакат вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳое ҳастанд, ки дар иҷрои нақшаи фарогирии шаҳрвандон бо ваксина алайҳи коронавирус нишондиҳандаҳои хуб надоранд.

«Аз ҷумла, миёни минтақаҳо вилояти Суғд аз рӯи фоиз дар иҷрои нақшаи мазкур дар сатҳи паст қарор дорад»,-хабар доданд аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».

Иҷрои нақшаи эмкунии шаҳрвандон бар зидди коронавируси нави COVID-19 барои аҳолии мақсаднок дар шаҳру ноҳияҳои Ҳисор, Ваҳдат, Турсунзода, Рашт, Нуробод, Рӯдакӣ, Кушониён, Балхӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Восеъ, Кӯлоб, Фархор, Ҳамадонӣ ва Мастчоҳ низ дар сатҳи паст қарор дорад.

Дар ин замина Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сокинон даъват мекунад, ки дар маъракаи эмгузаронӣ бар зидди коронавирус фаъолона ширкат варзанд, зеро ягона роҳи ҳифзи аҳолии кишвар аз сирояти коронавирус эмкунӣ зидди бемории КОВИД -19 мебошад.

                                                        АКС: © Sputnik / Павел Лиситсин

Декабрь 29, 2021 12:41

Хабарҳои дигари ин бахш

ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода
МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ-МАСЪАЛАИ МУҲИМИ ЗАМОНИ МУОСИР. Андешаҳои профессор Махфират Хидирзода дар ин мавзуъ