ДАРАХТ БИНШОН! Дар Қалъаи Хуҷанд маъракаи ниҳолшинонӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 20.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. 18 декабр бо мақсади сарсабзу хуррам гардонидани ҳудуди Қалъаи Хуҷанд бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар минтақаҳои гуногуни иншоот ниҳолҳои гуногуни ороишиву мевадиҳанда шинонида шуданд, хабар доданд аз Хадамоти матбуоти вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар».
Раиси вилоят ба корҳои сабзазоркунӣ оғоз бахшида, барои тақвияти ниҳолшинонӣ ва гулкорӣ дар ҳудуди Қалъаи Хуҷанд ба масъулин супоришҳо дод.
Бояд гуфт, ки Қалъаи Хуҷанд, ки таърихи беш аз сеҳазорсола дорад, дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят аз нав барқарор гардида, чун мероси бузурги фарҳангиву таърихӣ ҳифз карда мешавад. Дар корҳои навсозии иншооти қадимӣ гурӯҳи лоиҳакашон ва мутахассисони Вазорати фарҳанг, Кумитаи сохтмон ва меъморӣ, олимону бостоншиносон ширкат варзида, дар минтақаҳои алоҳидаи қалъа ковишҳои бостоншиносӣ идома доранд.
Дар асоси лоиҳа эҳёи деворҳои куҳандиз, бунёди бинои маъмурӣ, намунаҳои хонаву ҳавлиҳои қадимии шаҳри Хуҷанд, меҳмонхонаву осорхона, чойхона, ҳаммому нуқтаҳои хизматрасонӣ ва дигар иншооти ёрирасон ба нақша гирифта шуда, корҳо бо суръат идома доранд.
Ба корҳои сохтмонӣ даҳҳо нафар мутахассисону сохтмончиён, устоҳои халқӣ, ҳунармандону рассомон, ороишгарону кулолгарон ва кандакорон ҷалб гардида, қалъа бо нигоҳ доштани асосу унсурҳои таърихӣ таҷдид хоҳад шуд.
АКС: Хадамоти матбуоти вилояти Суғд








МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд






