Доир ба ҷанбаҳои лингвистию муқоисавии омӯзиш ва тадриси забонҳои хориҷӣ Конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 24.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода таҳти унвони «Ҷанбаҳои лингвистию муқоисавии омӯзиш ва тадриси забонҳои хориҷӣ дар шароити бисёрфарҳангии таҳсилот» Конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ баргузор гардид, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ “Ховар”.
Дар конференсия устодон ва донишҷӯёни донишкадаи мазкур, меҳмонон аз дохил ва хориҷи мамлакат ҳузурӣ ва тариқи онлайн иштирок намуданд.
Ректори донишкада Жило Гулназарзода зимни ифтитоҳи конференсия иброз намуд, ки имрӯзҳо таҳқиқу омӯзиши паҳлӯҳои гуногуни забонҳои хориҷӣ дар муқоиса бо забони тоҷикӣ ба назар расида, натиҷаи он барои боз ҳам беҳтару қавитар гаштани сохтори забони давлатӣ мусоидат менамояд. Конференсияи имрӯза мутаносибан дар партави Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид.
Жило Гулназарзода аз ташаббусҳои беназири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди соҳаи маориф ёдовар шуда, афзуд, ки омӯхтани забонҳои хориҷӣ, пеш аз ҳама, мавриди таваҷҷуҳи Сарвари давлат қарор дорад. Аз ин рӯ, мо вазифадорем, ки мутахассисони забондони ба бозори меҳнати ҷаҳонӣ рақобатпазир омода намоем.
Зикр шуд, ки айни замон фазои таҳсилот дар Тоҷикистон тайғироти сифатиро аз сар мегузаронад. Дар раванди таҷдиди самти таълим нақши махсус ба омӯзиши забонҳо, бахусус забони русӣ, англисӣ, олмонӣ ва чинӣ равона мегардад. Вобаста ба ин масоил Пешвои миллат 21 декабр зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ зикр намуданд, ки «бо вуҷуди он ки раванди таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ ба низоми муайян даромадааст, зарур аст, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад».
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он таваҷҷуҳ ба тадриси забонҳои хориҷӣ дар шароити бисёрфарҳангӣ беш аз пеш зиёд гардидааст. Барои намуна метавон гуфт, ки фақат дар Донишкадаи давлатии забонҳо таълими 11 забони гуногун мавҷуд буда, инчунин дар ДМТ, Донишгоҳи омӯзгорӣ ва дигар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ омӯзиши забонҳои хориҷӣ ба роҳ монда шудааст.
Тавре дар Паём зикр шудааст, «таълими забонҳои хориҷӣ, махсусан, русиву англисӣ бояд дар тамоми факултаву шуъбаҳои мактабҳои олӣ боз ҳам беҳтар ба роҳ монда шавад. Зеро Тоҷикистон ҳоло бо 180 давлат робитаи дипломатӣ ва бо 130 кишвар муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ дорад».
Ректор дар идома гуфт, ки “забондонӣ қулфкушои ҳамаи дарҳои баста мебошад”. Тавре ки Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ фармудааст:
Ба шамшери забон марди суханвар,
Кунад олам мусаххар чун Сикандар.
Дар идомаи конференсия, ки бо забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҷараён дошт, тариқи ҳузурӣ ва онлайн маърӯзаҳо шунида шуданд.
Дар хатми Конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Ҷанбаҳои лингвистию муқоисавии омӯзиш ва тадриси забонҳои хориҷӣ дар шароити бисёрфарҳангии таҳсилот» мубодилаи афкор сурат гирифт.
София ШОИК,
АМИТ “Ховар”
АКС: ДДЗТ








Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад






