«ҲЕҶ КОРЕ НЕСТ БЕ ЗАН, ХУБ ШУД…». Аз рӯзи ба имзо расидани Фармони Президент «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» расо 22 сол сипарӣ гардид

Декабрь 3, 2021 12:00

ДУШАНБЕ, 03.12.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ба қабули яке аз санадҳои муҳим ва таърихӣ дар ҳаёти халқи тоҷикФаромони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» расо 22 сол пур шуд. Дар ин муддат мақому манзалати занону бонувони тоҷик  ба маротиб боло рафт ва имрӯз  ягон самти фаъолиятро бидуни ширкати фаъоли занон тасаввур намудан ғайриимкон аст.

Дар ин бора муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигорахон ҒАФФОРЗОДА дар суҳбат бо АМИТ «Ховар» чунин ибрози назар намуд:

 Сараввал бояд зикр намуд, ки Тоҷикистон дар тўли 30-соли соҳибистиқлолӣ таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастоварду комёбиҳои назаррас ноил гардида, дар арсаи ҷаҳонӣ бо қадамҳои устувор ба сӯйи ояндаи дурахшон қадам мениҳад. Сокинони мамлакат имрӯз ифтихор доранд, ки 30 сол қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати мустақилият ба пешрафту дастовардҳои беназир соҳиб гаштанд.

Муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ Н. Ғаффорзода

Аз ҷумла, мақому манзалати занону бонувони тоҷик  тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ воқеан ҳам боло рафт. Махсусан саҳми онҳо дар соҳаҳои илму маориф, фарҳангу тандурустӣ, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар самтҳои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии кишвар торафт афзун ва назаррас мегардад.

Сарвари давлат барҳақ гуфтаанд: «Имрӯз ҷомеаи Тоҷикистон дар симои зан на танҳо модар, хоҳар ва ҳамсар, балки сиёсатмадори шинохта, сарвари муваффақ, донишманди асил, табиби ҳозиқ, соҳибкори саховатпеша, корманди поквиҷдони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳомии Ватан, бинокори номдор, мураббии наслҳо ва ҳамшираи меҳрубонро мебинад, ки ин мояи ифтихори ҳар яки мову шумо мебошад. Кадом масъалаи дорои моҳияти иҷтимоию сиёсиро нагиред, ҳаллу фасли онҳоро бе иштироки фаъолонаи занон, бе дарназардошти фикру андешаи онҳо тасаввур кардан душвор аст».

Ин аст, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани ҳуқуқ ва озодии занону модарон, ҷалби васеи онҳо ба раванди татбиқи сиёсати давлатӣ, интихобу тарбия ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувон таваҷҷуҳи беандоза зоҳир мегардад, зеро ҷое, ки занону бонувон ҳастанд, назму низом ва самимияту меҳрубонӣ пойдор аст.

Тавре медонед, соли 1991 Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. Ҳадаф аз таъсиси Кумита муттаҳид намудани занон, иштирок дар мураттаб сохтан ва амалӣ намудани барномаҳои рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ, беҳдошти вазъи занон ҳифзи оила ва модару кўдак, муайян намудани стратегияи илман асосноки рушди оила ва сиёсати демографӣ, беҳтар намудани шароити корӣ дар истеҳсолот, махсусан барои боз ҳам ҷоннок кардани нақши зан дар ҷомеа ва фаъолтар намудани иштироки занон дар идоракунии давлат буд.

Маҳз бо дастгириҳои Пешвои миллат Кумита ҳамчун сохтори воқеии муайянкунандаи баробарии гендерӣ ва пешбарандаи сиёсати гендерии кишвар дар замони соҳибистиқлолии мамлакат муайян гардид.

Новобаста ба мавҷудияти мушкилиҳои солҳои аввали истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист ба дастовардҳои назаррас дар самти таъмини баробарҳуқуқии мардону занон дар кишвар ноил шавад.

Тоҷикистон дар байни кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шўравӣ яке аз аввалинҳо шуда, як силсила санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, аз ҷумла конвенсияҳо «Дар бораи барҳам додани ҳамаи шаклҳои зўроварӣ нисбат ба занон», «Дар бораи ҳуқуқҳои сиёсии занон», «Дар бораи ҳуқуқҳои кўдак»-ро эътироф намуд. Ҳамзамон як силсила ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ, аз ҷумла, Эъломияи ҳуқуқи башар, Эъломияи Пекин ва Барномаи амали он, Протоколи иловагӣ ба Конвенсияи СММ «Дар бораи барҳам додани ҳамаи шаклҳои таъбиз нисбати занон», конвенсияҳо «Дар бораи ҳуқуқҳои сиёсии занон», «Дар бораи ҳуқуқҳои кўдак», Қатъномаҳои Шўрои бехатарии СММ оид ба ҳуқукҳои занон ва ғайраҳоро ба тавсиб расонд. Меъёрҳои зиддитабъизӣ ба ҳамаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ ворид карда шуда, бо мақсади ҳимояи ҳуқуқҳои занон дар вазорату идораҳо шабакаҳои гендерӣ таъсис дода шудаанд.

Саъю талошҳои Ҳукумату Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки Тоҷикистон ба ҳайси узви Комиссияи СММ оид ба мақоми занон пазируфта шуд, ки ин эътирофи сиёсати пешгирифтаи Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, боз як қадами ҷиддӣ дар самти татбиқи сиёсати гендерии давлат мебошад.

  Фармони Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 3 декабри соли 1999 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа»  ҷиҳати таъмини иштироки занон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоии кишвар, беҳтар гардидани мақоми зан дар ҳаёти ҷомеа чун ҳуҷҷати тақдирсоз ва дунявӣ мусоидат намуд. Ин ҳуҷҷати муҳим ва таърихӣ  ҳамчун раҳнамо барои таҳия ва қабули даҳҳо санадҳои ҳуқуқии дигар дар масъалаи беҳдошти занон ва оила замина гузошт.

Яке аз санадҳои муҳиме, ки дар ин самт соли 2005 таҳия гардид, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» мебошад, ки дар пешравии занони кишвар ва мутобиқ гардонидани қонунгузории кишвар бо санадҳои байналмилалӣ мусоидат намуд.

Бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаҳои миллии амал оид ба татбиқи тавсияҳои СММ оид ба барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз нисбат ба занон ва қатъномаҳои 1325 ва 2122-и Шўрои амнияти СММ таҳия ва аз ҷониби Раиси Комиссияи татбиқи уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидаанд, ки ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои занон дар тамоми ҷабҳаҳои зиндагӣ, масъалаҳои зан ва сулҳофарӣ ва ҳимояи ҳуқуқҳои занон дар шароити низоъ бахшида шудаанд.

Гузашта аз ин, бо истифода аз имконияти мавҷуда Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист тайи солҳои Истиқлолият бо мақомоти дахлдори кор бо занони Федератсияи Русия, Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Арманистон, Гурҷистон, Корея, Чин, Афғонистон, Покистон, Эрон ва  ғайра ҳамкорӣ ва робитаҳои дўстона барқарор намояд.

Ҳамзамон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2010 бо мақсади фароҳам овардани замина ва шароити зарурӣ барои  пурра зоҳир намудани қобилияти занон дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ ва ба ин васила таъмини рушди устувори ҷомеа «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» ба тавсиб расид.

Баъди ба анҷом расидани муҳлати амали Стратегияи мазкур бо дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2021 “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” ва Нақшаи амали он барои 10 соли минбаъда моҳи апрели соли 2021 таҳия ва тасдиқ гардиданд.

Бо дастгирии бевоситаи  Сарвари давлат ҷиҳати ҷалби занон ба хизмати давлатӣ ва соҳаҳои мухталифи ҷомеа, инчунин пешбарӣ намудани занон ба вазифаҳои роҳбарикунанда бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016” ва барои солҳои 2017-2022” ба тасвиб расидааст, ки ҷиҳати муайян намудани сиёсати дарозмуддати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқҳо ва имконият доир ба тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи кишвар аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд, таъмини ҳуқуқи баробари мардон ва занон ҳангоми пешниҳод ва таъин намудан ба вазифаҳои роҳбарикунанда, таъмини шароити ҳаматарафаи таълим, ҷалби бештари духтарон ба зинаи сеюми таҳсил, бо идрорпулӣ таъмин намудани духтарон-донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, аз ҳисоби ҷавондухтарони боистеъдод омода намудани кадрҳои баландихтисос заминаҳои наву муосир гузошт.

Барои ҷомеае, ки зиёда аз 49 фоизи аҳолии онро занон ташкил медиҳанд, ин санад аҳамияти муҳим дорад. Истифодаи  неруи зеҳнии ин қишри демографӣ барои пешрафти кишвар нақши хосса дошта, барномаи мазкур дар навбати худ татбиқи тадбирҳоеро дар назар дорад, ки ба тақвияти донишу малака, ҷаҳонбинӣ ва таҷрибаи кории занону духтарони лаёқатманд равона карда шудааст.

Дар замони соҳибистиқлолии кишвар занони тоҷик бошарафона масъулияти идоракуниро ба сифати аъзои Ҳукумат ва Парлумон, намояндаи мақомоти судӣ, ҳифзи ҳуқуқу тартибот бар дӯш доранд. Имрўз бонуи тоҷик ҳамчун чеҳраи сиёсӣ, вакил, олим, омўзгору табиб, муҳандису нависанда шинохта шудааст. Зиёд гаштани сафи бонувони олиму ихтироъкор, ҳунарманду эҷодкор, хоҷагидору соҳибкор, табибу омўзгор шаҳодати интихоби дуруст дар ин самт мебошад.

Ногуфта намонад, ки дар тӯли 30 соли соҳибистиқлолӣ 8 нафар занон ба ҳайси муовинони Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1 нафар зан ба ҳайси Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 9 нафар ба ҳайси Вазир ва 13 нафар занон роҳбарони аввали кумитаю идораҳои назди Ҳукумат таъйин гардида, ҳамзамон занон ба ҳайси раиси суди олии иқтисодӣ ва сардори хадамоти иҷро фаъолият намуда истодаанд.

Айни замон дар натиҷаи дастгирии бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 3 нафар зан аъзои Ҳукумат, 5 нафар ба ҳайси роҳбарони мақомоти марказии назди Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 4 нафар дар вазифаи раисони шаҳру ноҳияҳо фаъолият доранд.

Танҳо соли 2020 ва 6 моҳаи аввали соли 2021 зиёда аз 30 нафар занону духтарони лаёқатманд ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъйин гардиданд.

Хушбахтона, баъди интихоботе, ки соли 2020 баргузор гардид, 15 нафар ё 23,8 фоиз занони болаёқату донишманд вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гаштанд, ки нисбат ба интихоботи гузашта 3 нафар зиёд мебошанд. Шумораи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занон ба 25,8 фоиз расид.

Тибқи маълумоти Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ҳолати 1 октябри соли 2021 дар соҳаи хизмати давлатӣ аз шумораи умумии 18919 нафар хизматчиёни давлатии амалкунанда 4571 нафар, ё 24,1%, аз шумораи умумии 5946 нафар кадрҳои роҳбарикунанда 1156 (19,4%) нафарро занон ташкил медиҳанд.

Ҳоло шумораи занон дар соҳаҳои маориф беш аз 73 фоиз, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 68 фоиз, фарҳанг 51 фоизро ташкил медиҳанд.

Дар ин давра дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарон 722 нафар занону ҷавондухтарон фаъолият мебаранд, ки 41 нафари онҳо кадрҳои роҳбарикунанда, 2 нафар академик, 50 нафар узви вобастаи Академияи илмҳо, 18 нафар докторони илм, 99 нафар номзади илм, 63 нафар докторони PHD, 16 нафар аспирантон, 71 нафар номзадҳои илмҳои дақиқ мебошанд.

Зиёд гаштани сафи занону духтарони соҳибилм ва ихтироъкор аз дастгириҳои пайвастаи Сарвари давлат ба ин қишри ҷомеа шаҳодат дода, ҷиҳати тақвияти бештари фаъолнокии занон ва саҳми онҳо дар пешрафти соҳаҳои гуногуни ҷомеа мусоидат менамояд.

Равона намудани афзалияти бештар барои ба касбу ҳунаромўзӣ ҷалб намудани занону духтарон, ташкили корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, заргариву дўзандагӣ ва рушди соҳибкории хурду миёна, масъалаҳои таъминоти занон бо кор ва барои онҳо фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ дар ҷумҳурӣ тадбирҳо тадриҷан вусъат ёфта истодаанд.

Бо мақсади ташвиқу тарғиби арзишҳои миллӣ, анъанаҳои неки ниёгон, муаррифии фарҳангу ҳунари волои халқи тоҷик ҳамасола дар кишвар ҷашнвораҳои бошукўҳи байналмилалӣ, фестивалу озмунҳои ҷумҳуриявӣ, конференсияю симпозиумҳо ва дигар тадбирҳо амалӣ мегарданд, ки мақсади асосии онҳо баланд бардоштани эҳсоси ватандўстиву хештаншиносӣ, ифтихори ватандорӣ, арҷ гузоштан ба таъриху тамаддун, фарҳангу адабиёт, расму ойинҳои миллию мардумӣ, баланд бардоштани мақому манзалати либоси миллӣ, рушди ҳунарҳои атласу адрасбофӣ, гулдўзии миллӣ, аз қабили чакану чакандўзӣ, сўзанидўзиву кашидадўзӣ ва муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад.

Бо эълон гардидани соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар самти ба шуғл ва касбомўзӣ ҷалб намудани занону духтарон нишондиҳандаҳои хуб ба даст омаданд. Солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардида, барои рушди корҳои хонагӣ, косибӣ, касбу ҳунаромўзӣ ва таъсиси курсҳо, ҷалби занону духтарони хонанишин ба шуғл ва касбу ҳунаромўзӣ ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ имконияти васеъ фароҳам овард.

Бо мақсади инкишофи институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, дастгирии соҳибкорӣ, ба касбу ҳунаромўзӣ ҷалб намудани занону духтарон, таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар асоси қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2006 грантҳои Президентӣ оид ба фаъолияти соҳибкории занон таъсис дода шуд, ки ҳамчун таҷрибаи муҳим барои дастгирии занон дар дунё арзёбӣ мегардад. Аз соли 2011 то 2013 ҳамасола бо ин мақсад аз буҷети давлатӣ 1 млн. сомонӣ ҷудо карда мешуд. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 декабри соли 2013, №579 теъдоди грантҳо аз 40 ба 80 адад ва ҳаҷми маблаѓҳо бошад, аз 1 млн. сомонӣ ба 2 млн. сомонӣ зиёд карда шуданд.

Ғамхориҳои хоссаи Президенти кишвар дар самти дастгирии ятимону бепарасторон, пиронсолону эҳтиёҷмандон ба таври доимӣ зоҳир мегардад.

Бо ташаббуси бевоситаи Президенти кишвар бо мақсади фарогирии донишҷўдухтарон (ятимдухтарон) аз оилаҳои камбизоати манотиқи гуногуни дурдасти ҷумҳурӣ, ба таҳсил ва бо ҷойи хоб таъмин намудани онҳо дар муддати таҳсил тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2008 дар назди Кумитаи кор бо занон ва оила Муассисаи давлатии Маркази таълимии «Чароғи ҳидоят» барои истиқомати 100 нафар ятимдухтарон таъсис дода шуд, ки таҷрибаи нодир дар самти дастгирии духтарони ятиму бепарастор аст.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Президенти кишвар масъалаи тандурустии занонро низ аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин шуморида, бо назардошти аҳамияти бузурги иҷтимоӣ ва сиёсии ин масъала ва мусоидат кардан ба ҳалли масъалаи мазкур даҳҳо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ: стратегияҳо ва барномаҳои соҳаи тандурустӣ, Нақшаҳои миллӣ оид ба таъмини ҳифзи саломатии модарон, солимии модару кўдак, солимии репродуктивӣ ва ҳуқуқҳои репродуктивӣ, пешгирии камхунӣ ва бемориҳои камйодӣ, пешгирии бемориҳои вирусӣ ва тариқи алоқаи ҷинсӣ гузаранда қабул гардиданд, ки ҳадафи аслии онҳо ҳифзи солимии занон ва модарону кўдакон аст. Гузашта аз ин, зиёда аз 60 фоизи мутахассисони соҳаро занону духтарони лаёқатманд ташкил медиҳанд.

Нақши оила дар ташаккули шахсият хеле муҳим арзёбӣ мегардад. Ҳамчунин, равандҳои ҷаҳонишавии ҷомеа тақозо менамоянд, ки арзишҳои миллӣ дар фарҳанги оиладорӣ нигоҳ дошта шаванд.

Бо дарки муҳимияти падидаи оила дар ташаккул ва пешрафти давлат ва ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ баъд аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ принсипи кафолати ҳимояи давлатии оила ҳамчун асоси ҷамъият ва амалишавии ҳуқуқи ҳар шахс ба ташкили оила қувваи конститутсионӣ касб намуда, бо дарназардошти арзишҳои фарҳанги миллӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ эътироф гардид. Дар самти таҳкими заминаҳои ташаккули оила ва дастгирии оилаҳо, ҳифзи ҳуқуқҳои аъзои оила як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия гардидааст.

Бо дарназардошти муҳимияти масъала ва нақши оила Пешвои миллат соли 2015-ро «Соли оила» эълон намуданд, ки ҳадаф аз он боло бурдани мавқеи оила дар ҷомеа, густариши фарҳанги оиладорӣ, инчунин нигоҳ доштани он ҳамчун арзиши ивазнашаванда дар фарҳанги миллӣ мебошад.

Бахшида ба Соли оила Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гашта, дурнамои сиёсати давлатро дар самти таҳкими пояҳои оила ҳамчун ниҳоди муҳими иҷтимоӣ ва асоси ҷомеа муайян намуд.

Дар доираи тадбирҳои Соли оила ворид гаштани як қатор тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда ҳифзи манфиатҳои аъзои оиларо мустаҳкам намуд. Аз он ҷумла, бо мақсади таҳкими солимии ҷомеа ва иҷрои дастури Пешвои миллат дар масъалаи манъи никоҳҳои хешутаборӣ ва муоинаи ҳатмии тиббии пешазникоҳии издивоҷкунандагон таѓйиру иловаҳои дахлдор ба санадҳои меъёрии амалкунанда ворид карда шуданд.

Бо мақсади танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ вобаста ба пешгирии зўроварӣ дар оила ва муайян намудани вазифаҳои субъектҳои пешгирикунандаи зўроварӣ дар оила доир ба ошкор, пешгирӣ ва бартарафсозии сабаб ва шароитҳои ба он мусоидаткунанда мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зўроварӣ дар оила” ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03 майи соли 2014, таҳти № 229 “Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зўроварӣ дар оила барои солҳои 2014-2023” қабул гардид.

Ташаббусҳои Пешвои миллат дар самти дастгирии мавқеи иҷтимоии занон хеле зиёданд. Аз ин бармеояд, ки нақши занону бонувони донишманд, масъулиятшинос, ташаббускор, оқилаву навовар дар сохтани давлатдории навини тоҷикон бориз буда, дар паҳлуи Пешвои муаззами миллат содиқонаю собитқадамона барои пешравии Тоҷикистони азиз ва пойдории Истиқлолияту Ваҳдати сартосарӣ саҳм гузоштаанд ва мегузоранд.

Воқеан ҳам, Истиқлолияти давлатӣ дар ҳаёти занони тоҷик таъсири амиқе гузошт. Занону бонувон ҳамчун фарзандони ин сарзамини марзу буми аҷдодӣ ба раванди таҳким бахшидани корҳои созандагиву бунёдкорӣ фаъолона ворид гаштанд. Маҳз дар шароити соҳибистиқлолӣ онҳо тавонистанд собит намоянд, ки дар баробари рисолати модариву ҳамсарӣ рисолати роҳбариро низ метавонанд сарбаландона иҷро намоянд.

Тавре шоҳири шаҳири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон устодж Мирзо Турсунзода фармудаанд:

                                   Ҳеҷ коре нест бе зан, хуб шуд,

                                    Ифтихоре нест бе зан, хуб шуд.

                                   Хуб шуд, ки зан ба давлат ёр шуд,

                                   Мамлакат аз дасти зан гулзор шуд…

Низомҳо дигар мешаванд, сиёсатҳо тағйир меёбанд, вале зан-модар, ки ҷавҳари ӯро меҳру муҳаббат, самимият ва покию иффат ташкил медиҳад, дар ҳама давру замон чун неруи бузургу созандае,  ки инсоният ба ӯ эҳтиёҷ дорад, боқӣ мемонад…

АКСҲО аз Кумитаи кор бозанон ва оила

Декабрь 3, 2021 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода
МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ-МАСЪАЛАИ МУҲИМИ ЗАМОНИ МУОСИР. Андешаҳои профессор Махфират Хидирзода дар ин мавзуъ
Профессор Мурод Муродӣ: «Барои ислом худнамоӣ ва шуҳратпарастӣ бегона аст, мусулмони ҳақиқӣ амали хайрашро пинҳонӣ ба анҷом мерасонад»
Президенти Тоҷикистон: «Ҷашни Наврӯз ва истиқлолу озодӣ – ин ду мафҳуми барои ҳар яки мо азизу муқаддас аст»