ФАЛАК ҲАМРАДИФ БО САНЪАТИ ОПЕРА ҶАҲОНӢ АСТ! Чунин омадааст дар китоби тозанашри фарҳангшинос Ҷонибек Асрориён, ки ба ин жанри мусиқӣ бахшида шудааст
ДУШАНБЕ, 17.12.2021. /АМИТ «Ховар»/. Дар баробари ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият қабул гардидани номинаи «Фалак» дар ЮНЕСКО аз ҷониби нашриёти «Адиб»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби «Фалак» (сайри таърихӣ ва тафсири фарҳангшиносӣ)-и фарҳангшиноси маъруф Ҷонибек Асрориён рӯи чоп омад.
Муаллифи китоб ҷойгоҳи воқеии жанри бостонии созию овозии фалакро бо иқтибосу далел аз олимону муҳаққиқон ҷамъоварӣ намуда, ҳамчун китоби рӯимизии иҷрокунандагони ин жанр пешкаш намудааст.
Китоби мазкур дар шинохти санъати созию овозии «Фалак» навгонии нотакрор буда, муаллиф бо овардани иқтибосҳо аз таълифоти олимони Тоҷикистон ва ҷаҳон оид ба «Фалак» ва андешаҳои олимонаву шоиронаи хеш ин санъати созиву овозии бостонии миллати тоҷикро ҳамрадиф бо санъати «Опера»-и ҷаҳонӣ унвон кардааст.
Дар сарсухани китоб муаллиф аз «Алла»-и модари тоҷик ёд намуда, таъкид бар он намудааст, ки суруди «Алла» беҳтарин намунаи санъати фалаксароист.
Тавре зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» фарҳангшиноси маъруф, муаллифи китоби «Фалак» (сайри таърихӣ ва тафсири фарҳангшиносӣ) Ҷонибек Асрориён иброз дошт, таърихи пайдоиши жанри фалак асосан пеш аз асри X маҳсуб мешавад. «Бархе олимон нақшҳоеро, ки аз деворҳои шаҳраки қадимии Ҳулбук ёфт шудаанд ва дар онҳо занҳо дар даст думбраву камонча ва ғиҷҷак доранд, далели ин гуфтаҳо меҳисобанд», -мегӯяд фарҳангшинос.
Ба зикри мавсуф, «ҳеҷ як жанри мусиқӣ бе хусусияти хос буда наметавонад. Иҷрои фалак бо шеваҳои гуногун маълум буда, хусусиятҳои шеваи иҷрои маҳалҳои гуногун дар матни сурудҳои фалак зиёд ба назар мерасанд ва матни сурудҳо вобаста ба хусусияти фонотекии тарзи гӯиши гуногун таркиб меёбад. Фалак яке аз жанрҳои мушкилтарини соҳаи мусиқӣ мебошад. Ҳар ҳунарманд аз уҳдаи фалакхонӣ баромада наметавонад. Фалак бо асбоби бепарда хонда мешавад, ки аз нозуктарин ва душвортарин намуди асбоб дониста мешавад».
Китоби «Фалак» аз 16 боб иборат буда, дар он вобаста ба шинохти ин жанр оид ба намудҳои гуногуни он ва макони пайдоиши жанри фалак маълумот медиҳад.
Дар боби сеюми китоб муаллиф оид ба шарҳу тафсири жанри фалак аз ҷониби муҳаққиқон изҳори андеша мекунад. Ӯ ба фикри муҳаққиқоне, ки жанри фалакро «ба нолаву навҳа, фарёду оҳу афғон ва муноҷот ба Худованд, ҷабру шикваву нокомӣ мепайванданд», зид нест, вале онро саҳеҳ низ намешуморад. Яъне, ӯ бар он аст, ки фалак на танҳо аз нолаву навҳа иборат аст, балки мазмунҳои ишқӣ, ирфонӣ, размоварӣ, қаҳрамонӣ, панду ахлоқӣ ва ғайраро низ дар худ фаро гирифтааст.
Инчунин бобҳои дигари китоб таҳти унвонҳои «Меҳрпарастӣ, буддоия ва бутпарастию оини тенгрӣ», «Фалак» ё фалакӣ, «Фалакӣ шикваю навҳа аст!?», «Таърих ва ҳунар» ва ғайра оид ба паҳлуҳои гуногуни норавшану наомӯхтаи жанри созию овозии фалак ҳикоят мекунанд.
Ба зикри муаллиф, «жанри созию овозии фалак ихтисосӣ буда, дар муддати ҳазор сол шеваи адояшро нигоҳ доштааст. Аз ҳамин аст, ки тақлидро аз ҷониби дигарон намепазирад. Кам ҳунармандоне пайдо мешаванд, ки дар тақлид дар ин жанр муваффақ шаванд».
АКСҲО аз манбаъҳои боз








Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор мегардад
Бо иштироки 602 нафар довталаб даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» оғоз гардид
Имрӯз даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
Шоири халқии Тоҷикистон Доро Наҷот аз олам даргузашт
ДАСТОВАРДИ ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Китобхонаи миллии Тоҷикистон иқтидори нигоҳдории то 10 миллион нусха китобро дорад
Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи ҷумҳуриявии озмунҳо баргузор гардид
Китоби «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ»-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хати форсӣ рӯнамоӣ гардид
Олимони Ҳиндустон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо ёдгориҳои беназир ва бозёфтҳои нодири бостоншиносӣ шинос шуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳти унвони «Меъмори кохи бузурги маънавӣ» китоб нашр шуд
ЭҲЁИ ҶАШНҲОИ МИЛЛӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Ва ё мақоми байналмилалиро соҳиб гардидани онҳо
СИНАМОИ ТОҶИК ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра беш аз 300 филм ба навор гирифта шудааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «24 ёдгории таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддии ҷаҳонии ЮНЕСКО сабт гардидааст»






