Нашри урдуии китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих» дар Лаҳори Покистон муаррифӣ шуд
ДУШАНБЕ, 02.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. 30 ноябр дар Лаҳори Покистон маросими муаррифии китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих»-и Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба забони урду тарҷума ва нашр шудааст, баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Маросими муаррифӣ дар ҳамкорӣ бо Маркази тадқиқоти глобалӣ ва стратегии Исломобод ва Донишгоҳи Панҷоб танзим шуд.
Зимни суханронии худ Сафири Тоҷикистон дар Покистон Исматулло Насредин ба ҳозирин маълумот дар бораи китоб ироа намуда, зикр кард, ки китоб ба забони урду баъд аз нашрҳои русӣ, англисӣ, олмонӣ, арабӣ, хитоӣ, форсӣ ва фаронсавӣ ба чоп расидааст.
Дар маросими муаррифӣ роҳбарияти Донишгоҳи Панҷоб, олимон, таҳлилгарон ва донишҷӯён иштирок намуданд.
АКС: ВКХ ҶТ








Масири дӯстӣ: Марҳилаи нави таърихӣ дар муносибатҳои Тоҷикистон ва Муғулистон
Сафири Тоҷикистон бо намояндагони Котиботи давлатии ИМА мулоқот намуд
САФАРИ ТАЪРИХӢ БА ҚАЛБИ ОСИЁ. Ва ё чаро Муғулистон барои Тоҷикистон муҳим аст?
Дар Москва қатъномаи СММ оид ба «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» муаррифӣ шуд
Дар Масқат масъалаи рушди ҳамкории Тоҷикистону Умон дар соҳаи тандурустӣ баррасӣ шуд
Рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Кувайт баррасӣ шуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи сатҳи баланди сиёсӣ ва амниятии Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон дар Давлати Кувайт бо Дабири кулли Муколамаи ҳамкории Осиё мулоқот намуд
Мероси Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар нишасти байналмилалӣ дар Теҳрон баррасӣ гардид
Мусоҳибаи Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Салтанати Умон Зубайдулло Зубайдзода бо рӯзномаи «Умон»
Идибек Қаландар бо муовини Дабири кулли Хадамоти амалиёти хориҷии Аврупо мулоқот намуд
Дар Теҳрон масоили рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон дар соҳаи нақлиёт баррасӣ гардид






