Олмон тасмими Тоҷикистонро ҷиҳати бекор кардани талаботи раводид барои шаҳрвандони хориҷӣ заминаи хуби густариши сайёҳӣ хонд

Декабрь 2, 2021 15:48

ДУШАНБЕ, 02.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ваколатдори Вазорати федеролии корҳои хориҷии Олмон оид ба ҳамкорӣ бо кишварҳои Аврупои  Шарқӣ, Қафқоз ва Осиёи Марказӣ Маттиас Люттенберг тасмими Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати бекор кардани талаботи раводид барои шаҳрвандони хориҷӣ заминаи хуби робитаҳои мардумони ду кишвар ва густариши сайёҳӣ номид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Ӯ ин нуктаро дар мулоқот бо Сафири Тоҷикистон дар Олмон Соҳибназар Ғайратшо, ки 30 ноябр дар пешманзари даври навбатии машваратҳои сиёсӣ миёни ҳар ду давлат сурат гирифт, иброз дошт.

«Зимни гуфтугӯ ҷонибҳо сатҳи кунунии ҳамкории дуҷониба ва дурнамои онро баррасӣ карда, роҷеъ ба равандҳои ҳамгироӣ дар минтақа, вазъи амниятӣ дар Афғонистон ва муқовимат ба таҳдиду чолишҳои замони муосир ибрози андеша намуданд», — гуфта мешавад дар иттилоияи вазорат.

Соҳибназар Ғайратшо инчунин бо ишора ба музокироти сиёсии ҳафтаи гузаштаи роҳбарияти Тоҷикистон бо намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо, ҳавасмандии кишварро баҳри вусъати робитаҳои сиёсиву иқтисодӣ бо Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои алоҳидаи он иброз кард.

АКС: ВКХ ҶТ

Декабрь 2, 2021 15:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд
Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид