Саридораи геологияи Тоҷикистон бо таҷҳизоти муосир ва пешқадам таъмин карда шуд. Дар ин бора муовини якуми сарвари мақомот дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ “Ховар” иттилоъ дод
ДУШАНБЕ, 09.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз соли 2011 инҷониб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 декабр Рӯзи геологҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Ин иқдом 10 сол қабл, яъне 9 декабри соли 2011 маҳз бо пешниҳоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Осорхонаи геологияи тоҷик рӯи кор омад. Зимни суханронӣ Президенти Тоҷикистон иброз намуданд, ки «мо бояд ин соҳаи барои иқтисодиётамон муҳимро мунтазам тараққӣ диҳем, зеро барои рушди иқтисоди миллиамон геология баробари соҳаҳои саноат ва кишоварзӣ аҳамияти калон дорад».
Албатта, дар асри 21, ки асри технология аст, рушди ягон соҳаро бе техникаву технология тасаввур кардан ғайриимкон аст. Ин моро водор месозад, ки дар ҷараёни ҳар кор аз технологияи муосир истифода барем.
Дар робита ба навсозиии таҷҳизот, воситаҳои нақлиёт ва техникаи заминкобӣ, дастрас намудани барномаҳои муосири технологияҳои рақамӣ хабарнигори АМИТ «Ховар» бо муовини якуми Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исомуддин ХОЛЗОДА суҳбат намуд.
АМИТ «Ховар»: — Сараввал Шуморо бо иди касбӣ – Рӯзи геологҳо табрик намуда, ба ҷўяндагону кашшофони сарватҳои зеризаминӣ, ки дар кушодани асрори кўҳҳои пурганҷи сарзамини мо нақши назаррас доранд, барори кор мехоҳем. Яке аз мақсадҳои асосӣ барои сари вақт ва босифат иҷро намудани корҳои нақшавӣ аз техникаву таҷҳизоти коргузорӣ вобаста аст. Саридораи геология дар ин самт чӣ тадбирҳо андешида истодааст?
Исомуддин Холзода: — Ташаккур. Навсозии таҷҳизот, воситаҳои нақлиёт ва техникаи заминкобӣ, дастрас намудани барномаҳои муосири технологияҳои рақамӣ яке аз масъалаҳои муҳим ва аввалиндараҷа дар назди роҳбарияти Саридора мебошад. Дар Барномаи давлатии рушди соҳаи геология барои солҳои 2021-2030 истифодаи ҳисоби захираҳои канданиҳои фоиданок бо назардошти системаҳои байналмилалии ҳисоб кодекси JORC ва қолаби CRIRSCO ва дар асоси барномаҳои муосири компютерии кӯҳӣ-геологӣ: Micromine, Datamine, Surpac пешбинӣ шуда, марҳила ба марҳила бандҳои он амалӣ шуда истодаанд.
Имрӯзҳо кормандони Саридора бо таҷҳизоти муосири пешрафта, аз ҷумла ARES-II; дастгоҳи портативии XRF Olympus DELTA 50 (pXRF), гурӯҳҳои саҳроии корхонаҳои зертобеи Саридора бо ноутбукҳои саҳроӣ, қутбнамоҳои замонавӣ, асбоби ченкунии GPSМАР 64 GARMIN ва дигар лавозимоти аввалиндараҷаи корӣ таъмин шудаанд. Таҷҳизонидани соҳа бо асбоб ва воситаҳои техникии муосир ба пешрафти кори мутахассисон хеле сабукӣ овардааст.
АМИТ «Ховар»: — ARES-II чӣ гуна таҷҳизот аст ва кадом усулҳоро иҷро менамояд?
Исомуддин Холзода: — Таҷҳизоти ARES-II комплексӣ буда, усулҳои гуногуни иктишофи электрикиро иҷро менамояд:
ВЭЗ – зондии амудии барқӣ
Усули мазкур (1D) барои муайян намудани муқовимати зоҳирии нисбӣ ва ҳолати поляризатсионӣ дар самти амудӣ истифода бурда мешавад. Аз ин лиҳоз усули мазкур барои муайян намудани сохторҳои уфуқии дорои муқовиматҳои гуногун истифода бурда мешавад. Тавассути он дар ҷараёни иҷрои корҳои геологӣ то чуқуриҳои 100 метр зиёд муқовимати қабатҳо чен карда мешавад.
RP – профиликунонии муқовимати нисбии электрикӣ
Усули мазкур 2D барои инъикоси муқовимати зоҳирӣ ва ҳолати поляризатсионӣ дар чуқуриҳои сатҳи замин истифода бурда мешавад. Усули мазкур барои қайди сарҳадҳои амудӣ бо муқовиматҳои гуногун ҳассос мебошад. Бо ин усул мо ҳолати гузаронандагӣ (танаҳои маъданӣ, сарҳадҳои тектоникӣ) ва нагузаронандагӣ (холигиҳо, рагаҳои кварсӣ), сохтор ва майдонҳои гуногуни ҷинсҳои кӯҳиро (қумҳо ва хок) муайян месозем.
SP – ченаки потенсиали хусусӣ
Ин усул барои омӯзиши иқтидорҳои дар профили омӯзишӣ пайдошаванда бе пайвасти барқӣ истифода мешавад. Бо ин усул оид ба ҳалқаҳои заҳролудшавии химиявӣ (иқтидори электрохимиявӣ) дар конҳои маъдани металлҳо ва графит, полоиш ва самти ҷоришавии обҳои зеризаминӣ (иқтидори полоиш) маълумот дастрас карда мешавад.
2D – озмоиши бисьёрэлектроддор
2D – усули ҳозиразамон буда, ба таври автоматикӣ буришҳои муқовимати зоҳирӣ ва ҳолати поляризатсиониро чен мекунад. Ин усул имкон медиҳад, ки сохторҳои амудӣ ва уфуқии дорои муқовиматҳои гуногун дақиқ омӯхта шаванд. Ин усул барои муайян сохтани буришҳои геологӣ, таркишҳои тектоникӣ, полоиши об, чинхӯрдашавии нишебиҳо ва ярчҳо истифода мешавад.
RP — профиликунонӣ
Барои иҷрои озмоиши мазкури муқовимати нисбӣ якчанд барномаҳои ҷобаҷогузории электродҳоро истифода бурдан мумкин мебошад.
Бо истифода аз таҷҳизоти нави комплексии иктишофи электрикии Ares-II, панҷканала бо варианти пайвасти бисёрэлектрода корҳои омӯзиши геофизикӣ аз тарафи мутахассисони ҶСК “Экспедитсияи геофизикӣ” дар минтақаҳои гуногун ба анҷом расонида шудаанд.
АМИТ «Ховар»: — Бо истифода аз таҷҳизоти нави комплексии иктишофи электрикии Ares-II дар кадом минтақаҳо корҳои омӯзиши геофизикӣ ба анҷом расонида шудаанд?
Исомуддин Холзода: — Бо ин таҷҳизот, аз ҷумла дар ҳудуди шаҳри Душанбе, дар минтақаи канали дериватсионии НБО-и “Варзоб-2” омӯзиши минтақаҳои эҳтимолии рахнашавии девораи канал омӯхта шуда буд.
Ҳамзамон тавассути он дар деҳаҳои Кеврон ва Курговати ноҳияи Дарвози ВМКБ омӯзишҳои геофизикӣ дар порталҳои нақшавии нақбҳои роҳи Душанбе-Қулма, деҳаи Шидзи ноҳияи Рӯшон дар минтақаи сохтмони сарбанди НБО-и “Санобод” муайян намудани қитъаҳои ҷойгиршавии обҳои зеризаминӣ, дар минтақаи сохтмони нақби Ҳокимӣ-Мудҷихарфи ноҳияи Нуробод муайян намудани қитъаҳои тарқишҳои тектоникӣ, минтақаи сохтмони пули Қандаки ноҳияи Роғун дақиқ кардани жарфи ҷойгиршавии қабатҳои решагӣ (плотик), дар қитъаи Дарзаки минтақаи нақби нақлиётии Бойғозии шаҳри Норак корҳои омӯзишӣ барои муайян намудани мавзеъҳои ҷойгиршавии мағораҳо (карст) мавриди амал қарор дода, натиҷаҳои мусбат ба даст оварда шуд.
АМИТ «Ховар»: — Бо таҷҳизоти ARES-II дар кадом зуҳурот ва конҳо корҳои омӯзишӣ гузаронида шуданд ва натиҷаҳои онҳо чӣ гунаанд?
Исомуддин Холзода: — Дар ҷараёни гузаронидани корҳои омӯзиши геологӣ дар кон ва зуҳуроти канданиҳои фоиданок низ таҷҳизоти ARES-II мавриди истифода қарор гирифта, натиҷаи корҳои ба сомон расонида аз тарафи мутахассисон хуб арзёбӣ гардид.
Аз ҷумла, дар корҳои ҷустуҷӯӣ бо усули иктишофи электрикӣ дар зуҳуроти тиллои Харангони ноҳияи Варзоб, кони тиллои пошхӯрдаи Сангвори болои ноҳияи Сангвор муайян кардани жарфи ҷойгиршавии қабатҳои тиллодор, кони нуқраи Якҷилваи ноҳияи Мурғоби ВМКБ ҷиҳати муайян намудани ғафсии қабатҳои техногенӣ (отвал) ва кони ангишти Зиддии ноҳияи Варзоб барои муайян кардани қабатҳои ангишт ва жарфи ҷойгиршавиашон корҳои омӯзишӣ гузаронида шуданд.
АМИТ «Ховар»: — Асбоби дигари ҳозиразамон, ки дастгоҳи портативии XRF Olympus DELTA 50 (pXRF) ном бурдед, чӣ гуна асбоб аст ва барои кадом корҳо нигаронида шудааст?
Исомуддин Холзода: — Дастгоҳи портативии XRF Olympus DELTA 50 (pXRF) бевосита дар ҷараёни корҳои саҳроӣ истифода бурда мешавад. Ин дастгоҳи хурди таҳлилгари саҳроӣ асосан ба гузаронидани таҳлили спектралӣ нигаронида шудааст, ки бештар аз 76 элементро бо хатоии максималии то 20% ташхис медиҳад. Асосан металлҳоро ҷудо карда, ғайриметаллҳоро ҳамаашонро якҷоя намуда, бо фоизи мавҷудият зери унвони “LE -элеменҳои сабук” ҷудо менамояд.
АМИТ «Ховар»: — Афзалияти ин дастгоҳ дар чист?
Исомуддин Холзода: — Бо ин дастгоҳ дар фурсати кӯтоҳ метавон ҳаҷми зиёди маҳакҳоро аз ташхис гузаронид. Вазни кам доштан, созгор будан дар шароити саҳроӣ бо доштани васлакҳои ҳимоявӣ ва кор намудани он бе истифода аз хати барқ ҷиҳатҳои мусбати он мебошанд.
Дастгоҳи мазкур аввалин бор дар объекти “Ҷустуҷӯи геохимиявӣ барои тилло дар фосилаи байни дарёҳои Қаратоғ-Лучоб” дар шароити саҳроӣ истифода бурда шудааст.
Ҳангоми корҳои саҳроӣ дар объекти мазкур батареяҳои дастгоҳи XRF-ро бо панелҳои офтобӣ ва ё движок заряддор намуда, тӯли тамоми рӯз бе пайваст будан ба хати барқ дар дилхоҳ шароит мавриди истифода қарор додан мумкин аст, ки ин амал ба мо имконияти дар вақти кам ноил шудан ба иҷрои ҳаҷми калони корҳоро фароҳам меорад.
Ҳамзамон ҳар ченкунӣ ва таҳлили фаврии саҳроӣ бо дастгоҳи макзкур тариқи GPS координатбардорӣ шуда, дар дафтарчаҳои саҳроӣ ва харитаҳои алоҳида дарҷ карда мешавад.
Як қисми таҳлилҳои маҳакҳои геохимиявии объекти Қаратоғ-Лучоб маҳз тавасути ин дастгоҳ ба роҳ монда шудааст, ки дар натиҷа 47 майдони анамалиядор дар ҳудуди минтақаи омӯзишӣ мушаххас гардидаанд. Дар пайдо намудани майдонҳои анамалии маъдандори зикршуда саҳми бевоситаи дастгоҳи мазкур калон мебошад.
АМИТ «Ховар»: — Бигӯед, ки истифодаи дастгоҳи портативии XRF Olympus DELTA 50 дар шароити кори ҳуҷравӣ созгор аст ё кори саҳро ?
Исомуддин Холзода: — Истифодаи дастгоҳи портативии XRF Olympus DELTA 50 ҳам дар шароити кори ҳуҷравӣ ва ҳам дар шароити кори саҳро истифода бурда мешавад. Зеро интиқоли он дар саҳро ва тарзи кори он дар кӯҳсор ба мақсад мувофиқ мебошад. Бартарияти асосии дастгоҳ он аст, ки ба таври фаврӣ натиҷаи таҳлилро бо дарназардошти хатоии он дар монитори дастгоҳ нишон медиҳад.
АМИТ «Ховар»: — Дар самти омўзиш, бозомўзӣ ва баланд бардоштани сатҳи дониши касбии мутахассисони соҳаи геология чӣ тадбирҳо андешида шудаанд?
Исомуддин Холзода: — Ташкили омўзиш, бозомўзӣ ва баланд бардоштани сатҳи дониши касбии мутахассисони соҳаи геологӣ низ аз самтҳои асосии Барномаи давлатии рушди соҳаи геология барои солҳои 2021-2030 мебошад, ки дар ин самт корҳои назаррас амалӣ шуда истодаанд.
Бо ин мақсад роҳбарияти Саридора дар дохил ва хориҷи кишвар курсҳои бозомӯзӣ ташкил намудааст. Як қисми кормандон вобаста ба истифодаи таҷҳизот ва дастгоҳҳои мазкур курсҳои омӯзиширо паси сар намуда, айни ҳол зимни иҷрои корҳои омӯзиши геологӣ аз онҳо самаранок истифода бурда истодаанд. Дар доираи барнома дар оянда низ марҳила ба марҳила барои мутахассисони соҳа курсҳои бозомӯзӣ ба нақша гирифта шудаанд.
Инчунин дар доираи Барномаи давлатии рушди геология барои солҳои 2021-2030 истифодаи ҳисоби захираҳои канданиҳои фоиданок бо назардошти системаҳои байналмиллалии ҳисоб кодекси JORC ва қолаби CRIRSCO ва дар асоси барномаҳои муосири компютерии кӯҳӣ-геологӣ — Micromine, Datamine ва Surpac пешбинӣ шудааст.
Барномаҳои мазкур самти фарох дошта, ба воситаи онҳо, пеш аз ҳама, маълумоте, ки барои ҳисоби захираҳои канданиҳои фоиданок заруранд, ба даст меояд. Барнома ба таври автоматӣ ҳамаи захираҳоро ҳисоб карда, баъд дар шакли модели 3 нишон медиҳад, ки кори мутахассисонро даҳчанд осон мегардонад. Барнома қудрати нишон додани ҳатто миқдори ками маъданро ҳам дорад. Он корхона ва ширкатҳое, ки ба истихроҷи канданиҳо машғул ҳастанд, тариқи ин барнома метавонанд ба таври онлайн, яъне мустақим назорати ҷараёни истихроҷи маъданро ба роҳ монанд.
Назокат ҚОДИРЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКСҲО: Саридораи геология