Тоҷикистон якумин Тафсири сиёсати савдои худро дар назди Созмони ҷаҳонии савдо муаррифӣ намуд
ДУШАНБЕ, 08.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. 6-8 декабр ҷаласаҳои якумин Тафсири сиёсати савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони ҷаҳонии савдо (СҶС) дар шаҳри Женеваи Швейтсария бо иштироки ҳайати расмии кишвар зери роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода ва намояндагони 164 кишвари аъзо баргузор гардиданд.
Тавре аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, З. Завқизода зикр намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақвияти иқтидори содиротӣ, диверсификатсияи содирот ва содагардонии расмиёти савдоро самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии Ҳукумати кишвар дар соҳаи савдо муайян намуданд.
Ҳамзамон З. Завқизода баён дошт, ки баъди узвият дар СҶС дар натиҷаи андешидани тадбирҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ сарфи назар аз таъсири пайомадҳои омилҳои берунӣ вобаста ба буҳронҳои иқтисодию молиявӣ, низоъҳои тиҷоратӣ, таҳримҳои иқтисодии баъзе давлатҳо ва паҳншавии пандемияи COVID-19 дар ҷаҳон ҳаҷми содирот ду маротиба, номгӯи молҳои содиротӣ 1,8 маротиба, истеҳсоли молҳои саноатӣ 2,1 маротиба ва кишоварзӣ 1,3 маротиба афзоиш ёфта, нахустин бор дар таҷрибаи кишвар Равзанаи ягона оид ба содагардонии амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ, инчунин Портали савдои Тоҷикистон ҷорӣ карда шуд.
Роҳбари ҳайати расмии мамлакат вобаста ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои иқтисодии кишвар давоми қариб 9 соли узвият дар СҶС маълумоти муфассал пешниҳод карда, ба зиёда аз 156 саволҳо ва изҳороти кишварҳои аъзо, аз ҷумла Федератсияи Русия, ИМА, Иттиҳоди Аврупо, Чин, Канада, Ҳиндустон, Исландия, Сингапур, Аргентина, Украина, Доминикан, Туркия ва Қазоқистон посух дод.
Раисикунандаи ҷаласаҳо Сафири Ботсвана дар назди СҶС ва муҳокимакунандаи (дискаснт) якумин Тафсири сиёсати савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҷаласаҳо Сафири Корея Таеҳо Ли дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти савдо, бахусус содагардонии расмиёти савдо ва фаъолият дар чаҳорчӯбаи ин созмони байналмилалӣ баланд арзёбӣ намуда, зикр карданд, ки Тоҷикистон дар давраи узвият дар СҶС дар ташаббусҳои глобалии савдо фаъолона иштирок карда, рушди миёнасолонаи иқтисодиро дар ин давра 7 фоиз ва рушди миёнасолонаи савдоро 10% таъмин намуд.
Намояндагони кишварҳои аъзо, аз қабили Федератсияи Русия, ИМА, Иттиҳоди Аврупо, Чин, Ҳиндустон, Туркия, Сингапур, Аргентина, Канада, Казоқистон, Исландия, Украина ва Доминикан дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар 30 соли истиқлолият, бахусус давоми қариб 9 соли узвият дар СҶС натиҷабахш арзёбӣ намуда, иҷрои уҳдадориҳои Тоҷикистонро дар назди СҶС тавсиф карданд.
Дар охир кишварҳои аъзо ба Тоҷикистон барои рушди минбаъдаи савдо ва иштирок дар низоми байналмилалии савдо мувафаққият ва барор орзу намуданд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдо








Дар Душанбе Фестивали зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ -«AI ALLEY» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон содироти маҳсулот дар сатҳи устувори рушд ва афзоиш қарор гирифт
Дар Душанбе оид ба рушди алоқа, инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон боғу токзори нав 2,3 баробар зиёд гардид
Раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон дар машварати байналмилалӣ дар Чин иштирок намуд
Кормандони соҳаи алоқа бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Беш аз 75 фоизи иқтидори умумии энергетикии Тоҷикистон дар ҳудуди вилояти Хатлон ҷойгир мебошад
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохтмончиёни НБО-и «Роғун» бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Хатлон беш аз 100 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ гардид»
Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар Хоруғ рушди рақамикунонӣ дар низоми энергетикии Бадахшон баррасӣ шуд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд






