Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар Форуми маҷозӣ оид ба ҳуқуқи инсони Чин сухан гуфт

Декабрь 9, 2021 09:45

ДУШАНБЕ, 09.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. 8 декабр Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода дар Форум оид ба ҳуқуқи инсон «Ҷануб-Ҷануб 2021», ки аз ҷониби Идораи иттилооти Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин дар якҷоягӣ бо Вазорати корҳои хориҷии Чин доир гардид, сухан гуфт. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҷаласаи мазкур дар шакли маҷозӣ бо се забон – англисӣ, фаронсавӣ ва чинӣ сурат гирифта, дар кори он Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода маърӯза намуд.

Дар ҳамоиш намояндагони мақомоти давлатии зиёда аз 100 кишвари мухталифи ҷаҳон ширкат доштанд.

Мавзӯи онлайн-ҷаласа аз ду қисмат иборат буда, қисмати аввал дар шакли пленарӣ бо суханронии шахсони олимақоми ҳокимияти давлатии Чин ва қисмати дуввум дар шакли мувозӣ бо маърӯзаҳои намояндагони мақомоти давлатии кишварҳои даъватшуда гузашт.

Умед Бобозода вобаста ба раванди пешбурд ва таъмини ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон таҳти сиёсати инсондӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан гуфта, иброз дошт, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва манфиатҳои арзишии он зери ҳимояи қонунгузории кишвар қарор дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои зиёди ҳуқуқии байналмилалиро дар самти ҳуқуқи инсон ба имзо расонида, ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ саъю талош дорад.

Ҳамзамон Ҷумҳурии Тоҷикистон бисёр уҳдадориҳои байналмилалии самти ҳуқуқу озодиҳои инсонро ҳамаҷониба иҷро намуда, амалишавии онҳоро таъмин менамояд.

АКС: Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ

Декабрь 9, 2021 09:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Гурҷистон дар такмили низоми нафақа густариш меёбад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии шаҳри Хуҷанд ба мавсими сармо ҳамаҷониба омода мешаванд
Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои маъюбонро тасдиқ кард
Забони тоҷикӣ дар фазои рақамӣ: аз пайкараи матнӣ то истилоҳоти ягона
Дар Душанбе симпозиум доир ба соҳаи онкология оғоз гардид
Барои маблағгузории нафақа беш аз 4 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Форуми байналмилалии ҷавонони СҲШ оид ба ҳамкорӣ барои ояндаи устувор доир шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КОҲИШИ ХАТАРИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Дар Тоҷикистон барои пешгирии хатари офатҳо беш аз 60 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст
Конференсияи илмӣ оид ба саҳми экспедитсияи бостоншиносӣ дар омӯзиши Панҷакенти қадим баргузор мегардад
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
Рӯзи дарҳои кушоди Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор шуд