COVID-19: Шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 10 ҳолати нави гирифторшавӣ ба ин беморӣ ба қайд гирифта шуд

Январь 31, 2022 21:06

ДУШАНБЕ, 31.01.2022. /АМИТ «Ховар»/. Шабонарӯзи охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Бино ба иттилои манбаъ, дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ то имрӯз дар кишвар 17318 нафар гирифторони сирояти COVID-19  ба қайд ва аз ин шумора то санаи зикргардида 17096 нафар (98,8%)  шифо ёфтаанд. Инчунин, то ҳол аз бемории мазкур 124 нафар шаҳрвандони мамлакат фавтидаанд.

Маврид ба зикр аст, ки дар шароити паҳншавии бо суръати бемории сироятии COVID-19 дар аксар кишварҳои сайёра дар асоси таҷрибаҳои илмӣ муайян карда шудааст, ки яке аз роҳҳои асосии пешгирӣ аз паҳншавии ин беморӣ — ин гузаронидани ваксинатсияи аҳолӣ мебошад.

Январь 31, 2022 21:06

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАВАҶҶУҲ! Аз пагоҳ зимни ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳи мошингарди Душанбе-Чанок маҳдудият ворид мешавад
«Buta Airways» дар масири Боку-Душанбе-Боку нахустин парвози мустақимро анҷом дод
СУТ тамоми ҷаҳонро даъват намуд, ки ба пандемияи марговар, ки аз COVID-19 ҳам даҳшатноктар аст, омода шаванд
ТОҶИКИСТОН ВА ЧИН-МАСИРИ НАВИ ҲАМКОРӢ. Сафари давлатии таърихӣ бо тадбирҳои бузург дар роҳи таҳкими ҳамкории байнидавлатӣ ва минтақавӣ
Ба қабули Эъломияи муштарак байни Тоҷикистон ва Чин оид ба барқарории муносибатҳои шарикии стратегӣ 10 сол пур мешавад
Муносибатҳои наздик ва дӯстонаи Тоҷикистон ва Чин гарави бунёдии рушди фаъоли ҳамкорӣ мебошад
ТОҶИКИСТОН ВА ЧИН: ДАР МАСИРИ ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ. Андешаҳои директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо дар ин маврид
АБАРМАРД. Аксари роҳбарони сиёсии дунё, аз ҷумла сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро чун шахсияти барҷастаи сиёсӣ ва ходими давлатӣ эътироф намудаанд
Дар «Боғи Ғалаба»-и пойтахт ба ифтихори 78-солагии Ҷанги дуюми ҷаҳонии солҳои 1941-1945 маросими гулчанбаргузорӣ доир шуд
COVID-19. Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ аз анҷом ёфтани пандемияи коронавирус хабар дод
ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ. Сомонаҳои расмии баъзе ноҳияҳои вилояти Хатлон аз дастовардҳо иттилоъ медиҳанд ва ё аз қафомондагӣ?
МУШКИЛИ ОБ ВА ИҚДОМҲОИ БАШАРИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН. Гармшавии иқлим ва обшавии босуръати пиряхҳо инсониятро ба изтироб овардааст