ДАР ҶАҲОН БАР ЗИДДИ COVID-19 ЗИЁДА АЗ 10 МИЛЛИАРД ВАКСИНА ГУЗАРОНИДАНД. То имрӯз чанд шаҳрванди Тоҷикистон ваксина гирифтаанд?

Январь 27, 2022 12:41

ДУШАНБЕ, 27.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Теъдоди эмгузаронӣ бар  зидди коронавирус дар ҷаҳон аз 10 миллиард гузашт. Нисфи бештари он ба се кишвар – Чин (2,98 миллиард), Ҳиндустон (1,67 миллиард) ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (0,54 миллиард) рост меояд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод  ба изҳороти расмии мақомот ва оморе, ки ВАО пешниҳод мекунад, хабар медиҳад.

Дар айни ҳол ба сокинони сайёра 10,003 миллиард воя ваксинаҳои коронавирус ворид карда шудаанд. Муайян кардан ғайриимкон аст, ки чанд нафар дар сайёра даври пурраи ваксинагузарониро гузаштаанд, зеро бисёр кишварҳо танҳо дар бораи миқдори тасдиқшудаи гувоҳномаҳо ва ваксинаҳои ковидӣ гузориш медиҳанд. Дар баробари ин дар якчанд  давлатҳо раванди реваксинатсия идома дорад.

Суръати ваксинакунонӣ дар ҷаҳон боз коҳиш ёфт: охирин миллиарди эмкунӣ 30 рӯз пештар анҷом дода шуд, дар ҳоле ки давраи қаблӣ дар 24 рӯз поён ёфта буд.

Дар шаш давлат — Амороти Муттаҳидаи Арабӣ, Малдив, Куба, Португалия, Камбоҷа ва Сингапур — беш аз 90% сокиноне эм карда шуданд, ки ба онҳо эмкунӣ иҷозат дода шудааст. Ба кишварҳое, ки беш аз 80% аҳолиашон аллакай ваксина гирифтаанд, Малта, Чин, Бруней, Чили, Ҷумҳурии Корея, Испания, Аргентина, Италия, Канада, Қатар, Австралия, Дания, Исландия, Эквадор, Баҳрайн, Япония, Ветнам ва Уругвай дохил мешаванд.

Дар Русия тибқи маълумоти ситоди фаврии федералии мубориза бо коронавирус, аллакай беш аз 78 миллион даври пурраи эмкунӣ бар зидди коронавирус гузаронида шудааст. Дар ҳамин ҳол, масунияти дастҷамъӣ дар кишвар рӯзҳои охир коҳиш ёфта, 64,2%-ро ташкил додааст, хабар медиҳад ТАСС.

То ҳолати  20 январ 4 миллиону 355 ҳазору 582 нафар ё 75,6 дарсади шаҳрвандони Тоҷикистон бар зидди коронавирус ваксина гирифтаанд. Аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки то имрӯз дар ҷумҳурӣ 3 миллиону 636 ҳазору 802 нафар вояи дуюми ваксина гирифтаанд, ки ин 63,1 фоизро ташкил медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки бо қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ оид ба пешгирии паҳншавии сирояти нави COVID-19 аз 3 июли соли гузашта дар Тоҷикистон эмкунии зидди коронавирус барои шаҳрвандони аз 18-сола боло ҳатмӣ гардидааст.

АКС аз манбаъҳои боз

Январь 27, 2022 12:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид