Дар Кӯлоб оид ба пешгирии бемории COVID-19 аксия гузаронида шуд
ДУШАНБЕ, 24.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. 22 январ бо ташаббуси гурӯҳҳои ихтиёриён ва кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва дигар бахшҳои марбутаи соҳаи тандурустии шаҳри Кӯлоб аксия баргузор шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз бахши матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр.
Дар ҳоле ки аксарияти мамлакатҳои оламро хуруҷи тамғаи нави «омикрон»-и каронавирус фаро гирифтааст, дар Тоҷикистон чораҳои пешгирӣ аз ин беморӣ тақвият бахшида мешаванд.
Ба ин хотир рӯзҳои охир дар шаҳри Кӯлоб чорабиниҳои гуногуни фаҳмондадиҳӣ, аз қабили тақсими ниқобҳои яккарата ва варақаҳои таблиғотӣ гузаронида мешаванд.
Ташаббускорон дар кӯчаву хиёбонҳо ва ҷойҳои ҷамъиятӣ, назди бозору марказҳои савдо оид ба ин беморӣ суҳбат ороста, ба сокинон варақаҳои таблиғӣ ва ниқобҳои якмасрафа тақсим намуданд.
Бино ба иттилои масъулони соҳаи тандурустӣ, гарчанде ки то имрӯз дар ҳудуди шаҳру ноҳияи Кӯлоб ягон ҳолати гирифторӣ ба тамғаи нави «омикрон» ба қайд гирифта нашудааст, аммо чораҳои пешгирӣ аз ин беморӣ муҳиму ҳатмӣ арзёбӣ мегарданд. Бинобар ин, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва кормандони соҳаи тиб ба хотири пешгирӣ аз ин беморӣ аксияҳои ваксинагузаронӣ ва дигар чорабиниҳои фаҳмондадиҳиро миёни аҳолӣ идома дода, баҳри таъмини солимии шаҳрвандон ва пешгирӣ аз пайдоиши ҳар гуна бемориҳои сироятӣ саъю талош менамоянд.
АКСҲО: мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб