Дар Левакант оид ба иҷрои Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» рейд гузарониданд

Январь 21, 2022 16:26

ДУШАНБЕ, 21.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон   дар якҷоягӣ бо гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, ки ба ин ҳайати котиби Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак, намояндаи ШВКД дар шаҳр дар самти ноболиғон, намояндагони бахшҳои кор бо занон ва оила, маориф, кор бо ҷавонон ва варзиш, дин, танзими анъана ва ҷашну маросим шомил гардидаанд, дар шаҳри Левакант рейди муштарак гузарониданд.

Тавре аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ “Ховар” иттилоъ доданд, рейди мазкур вобаста ба иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», пешгирӣ намудани ҳолатҳои ба ҷинояту қонуншиканӣ даст задан, оворагардию шабгардӣ, пешгирии бемории коронавирус дар бозори марказии шаҳр, марказҳои дилхушӣ, марказҳои бозиҳои компютерӣ, дӯконҳои фурӯши фитта ва мағозаҳо  гузаронида шуд.

Зимни гузаронидани рейд аз ҷониби гурӯҳҳои корӣ бо ноболиғон, занон ва ҷавонон ҷиҳати пешгирии ҳамаи омилҳои номатлуб маслиҳатҳои муфид дода шуда, намояндагони сохторҳо шаҳрвандонро даъват намуданд, ки бетарафиро ихтиёр накарда, моҳият ва уҳдадории  тамоми қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро хуб дарк намуда, аз рӯи онҳо амал намоянд.

АКСҲО: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҲҶТ

Январь 21, 2022 16:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд
23 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ҳавошиносони Тоҷикистон барои пешгӯии боду ҳаво аз моделҳои пешрафта истифода мебаранд
Эмомалӣ Раҳмон: «Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад»
Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад